Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қубодиёнӣ нисбааш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори деҳқонӣ, хату савод ҳам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд.
Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод. Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бештар майл зоҳир мекард. Носири Хусрав солҳои 30-юми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар корҳои маъмурии молиявӣ хизмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлатӣ оғоз ёфт. Носири Хусрав муддате дар девони молиёти Салҷуқиён хизмат намудааст. Носири Хусрав бар замми хизмати дарбор, бо корҳои деҳқонӣ низ машғул буд. Оҳиста — оҳиста хизмати дарборӣ ба дилаш зад, чунки дар хизмат тазъиқу фишор ва аз фосидон бадӣ медид. Дӯсти ҳақиқии беғаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгӯю риёкор буда, барои худ баҳрае меҷуст. Носири Хусрав ин гуна дӯстони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онҳо худро дур медошт. Ҳамаи ин сабаб шуданд, ки ӯ тарки хизмати дарбор намуда, ба сафар тайёрӣ дид. Мақсади сафар карданаш шинос шудан бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишварҳо, шаҳрҳо буд ва инчунин ӯ мехост бо мундариҷа ва таълимоти мазҳаби исмоилия дар минтақаҳои гуногун шинос шавад. Исмоилиён як шохаи машҳури шииён дар асрҳои X—XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазҳаб аз он сабаб майл дошт, ки онҳо ба ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озодфикрӣ буданд. Носири Хусрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли 1045 бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Арабистону Мисрдидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав ҷараёни исмоилияро бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли 1052Носири Хусрав ба Хуросон баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум мазҳаби исмоилияро ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард. Носири Хусрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд ҷойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хусрав дар ғарибӣ ва дур аз ватани аҷдодӣ худро нороҳат ҳис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқонӣ ҳам набуд. Носири Хусрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай қариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли 1088 Носири Хусрав дар Юмгон аз олам чашм пӯшид.
Эҷодиёт
Китоби Сафарнома мушоҳидаҳои нависандаро аз сафари ҳафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он вокеӣ мебошанд. Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) менависад: «Шаҳрест бар сари кӯҳе ниҳода ва об нест, магар аз борон ва дар рустоҳо об аст, аммо ба шаҳр нест. Ин шаҳр бар сари санг ниҳодааст ва шаҳри бузург аст, он вақт ки дидам, бист ҳазор мардум дар вай буданд. Ва бозорҳои неку ва биноҳои олӣ дорад ва ҳама замини шаҳр бар тахтасангҳое фарш андохта ва ҳар куҷо кӯҳ будааст ва баландӣ буридаанд ва ҳамвор карда чунон ки борон борад, ҳама замин покиза шуста шавад». Дар Сафарнома Носири Хусрав манзараҳои табиати кишварҳои гуногун, анъанаҳои мардум, ободии шаҳрҳоро ба таври муфассал нақл кардааст.
Девони ашъори Носири Хусрав аз қасидаҳои мазҳабӣ, фалсафавӣ ва иҷтимоӣ, ғазалхо, рубоиҳо ва қитъаҳо иборат буда, 11000 байтро ташкил медиҳад.
«Рӯшноинома» маснавиест иборат аз 592 байт ва он дар муддати як ҳафта эҷод шудааст. Дар ин асар масъалаҳои ахлоқию фалсафӣ инъикос гардидаанд.
«Саодатнома» аз 300 байт иборат буда, қисман такрор ва қисман давоми «Рӯшноинома» мебошад. Дар он ақидаҳои панду ахлоқӣ, дар бораи муносибати байни одамон, дар бораи меҳнат ва аҳли мехнат, авлиё ва ҳукамо, ақл ва имон, дар бораи танҳоӣ, тарки дунё ва қаноат, мазаммати синфи ҳоким ва муфтхӯрон ақидаҳои арзишманд изҳор шудаанд.
Дар эҷодиёти Носири Хисрав панду насиҳат бисёр вомехӯрад:
Дар мавриди баёни аҳамияти панду андарз:
Насиҳат бишнав ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.
Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:
Макун айби касон, гар метавонӣ,
Ки ту, эй дӯст, айби худ надонӣ.
Оиди некиро фаромӯш накардан:
Касе, к-ӯ бо ту некӣ кард як бор,
Ҳамеша он накуӣ ёд медор.
Оиди донишомӯзӣ:
Сар андар ҷустани дониш ниҳодам,
Накардам рӯзгори хеш бебар
Намонд аз ҳеҷ гун дониш, ки ман з-он
Накардам истифодат бешу камтар.
Андар сифоти касбу ҳунар:
Беҳ аз саннои олам деҳкон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҳакими бузург
Носири Хусрави шоҳи банданавоз,
Искандараму саги туям аз Дарвоз
Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту ояд ба ниёз.
Навмед зи даргоҳи ту кай гардад боз.
(эҷодиёти даҳонии халқ)
Ба пирӣ хизмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки то ёбӣ замон гардӣ ту ҳам пир.
Зи паси Фотимиён рав, ки ба фармони Худо,
Умматонро зи паси ҷаду падар раҳбаранд.
Эй писар, дини Муҳаммад ба масал чун ҷасадест,
Ки ба ин шуҳра ҷасад Фотимиён ҳамчу саранд.
Носири Хусрав
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дерзӣ бошад камозор…
Ҳамша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш в-он гаҳ дар амон бош.
Мурувват нест, ар афтодагоне,
Ба раҳ биниву худ маркаб биронӣ.
Зи некон бош, андар некӯӣ кӯш,
Макун некии кас аз дил фаромӯш.
Ба некон умри созу барг хоҳад,
Бадонро халқи олам марг хоҳад.
Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Ба ростии бол назар карду чунин гуфт:
«Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост!»
Гар авҷ бигарам бипарам аз назари шед,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке паша биҷунбад,
Ҷунбидани он паша аён дар назари мост.
Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.
Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне,
Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.
Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,
В-аз абр мар-ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.
Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ,
В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.
Гуфто: «Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан,
Ин тезиву тундиву паридан-ш куҷо хост».
Бар тир нигоҳ карду пари хеш бар ӯ дид,
Гуфто: «Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост».
Ҳуҷҷат ту маниро зи сари хеш бадар кун,
Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.
Корҳои илмӣ ва мақолаҳо дар бораи Носири Хусрав
Олими шӯравии тоҷик Холиқ Мирзозода дар китоби худ «Таърихи адабиёти тоҷик» эҷодиёти Носири Хусравро ҳаматарафа таҳлил намуда, ақидаву назарияҳо ва ҷаҳонбинии бой доштани ӯро қайд кардааст. Мирзозода оид ба эҷодиёти Носири Хусрав чунин хулосаҳо баровардааст:
- Носири Хусрав аввал подшоҳпараст бошад ҳам, баъд ба мавқеи халқии зиддифеодалӣ гузаштааст…
- Ҷаҳонбинии назариявӣ ва ғояҳои ӯ хеле мураккаб ва зиддиятнок аст…
- Бадбахтии ҷамъиятро аз як тараф аз нобаробарии иқтисодӣ донад, аз дигар тараф онро аз таъсири ҳаракати сеҳрангези сайёраҳо — фалак медонад.
- Ҷаҳонбинии шоир асоси зуҳди мистикӣ ва таркидунёӣ дорад, вале ба мазҳаби исмоилия такя дорад.
- Дар эҷодиёти Носири Хусрав панду ҳикматҳо дар шакли тезис ифода шуда, мақоми асосиро ишғол мекунанд.
- Дар эҷодиёти Носири Хусрав насри илмӣ, фалсафӣ, мазҳабӣ, таърихӣ ва этнографӣ мақоми баландро соҳиб бошанд хам, вале назм дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён дорад.
- Дар масъалаи мазҳабӣ, нафрат ба ҳоким ва уламои мазҳаби суннат пайрави ақидаи Кисоии Марвазӣ мебошад.
Рӯйхати мақолаҳо ва осори илмии олимон оид ба эҷодиёти Носири Хусрав
Айнӣ Камол: Носири Хусрави Қабодиёнӣ «Сарсухан ба Гулчине аз ашъор», Сталинобод, 1957.
А. Е. Бертельс « Носир Хисрав и исмаилизм», Москва, 1959
Г. А. Ашуров «Решение основного вопроса философии Носири Хисравом», Известия АН Тадж. ССР, № 1, Отделение общественных наук, Душанбе, 1963
Г. А. Ашуров «Об отношении Носири Хисрав к Абубакру-ар-Рози», Известия АН Тадж. ССР, № 2, Душанбе, 1963.
Додихудоев Х. «Очерки философии исмаилизма», Душанбе, «Дониш», 1976.
Суханвари бузург ва марди андеша.
Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла, ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни тадбир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлатдории аҷдодӣ будааст. Истиқлолият барои мо як марҳалаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад. Дар саҳифаҳои таърихи қадимаи миллатамон сабт шудааст, ки бар асари лашкаркашиҳо ва тохтутозҳои пайиҳами сулолаву хонаводаҳои аҷнабӣ давлату давлатдории тоҷикон борҳо зери хатари нестӣ монда буд. Вале фарзандони дурандешу фарҳангпарварӣ миллат ҷабру ҷафои бегонагонро бо муқовимат ва пайкори фарҳангиву маърифатӣ, тадбир, таҳаммул ва бурдбории мардона паси сар намуда, барои ҳифз ва таҳкими ҳувийяти миллӣ талошҳо кардаанд, зиндагӣ ва ҷаҳонбинии қавму халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои тамаддуни худ пурғановат сохтаанд. Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситойиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст. Овони кӯдакӣ ба балоғати ӯ дар Шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки воқеъ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузаштааст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ дар айни замон истеъдоди фитрии шоириашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳди Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархӯрдор гаштааст. Зиндагӣ ва рӯзгори ин ҳакими бузург ба интиҳои давлатдории Сомониён рост омада, фоҷиаи истилои сулолаҳои аҷнабии Ғазнавиёну Салҷуқиёнро бо чашми сар дидааст. Носири Хусрав, ки таҷрибаи дабирию коргузории дарборро аз падар омӯхта буд, муддате дар Балх ба хидмати ҳокимони ғазнавӣ даромад, лекин бо вуҷуди нуфузу эътиборе, ки дар доираҳои ҳоким пайдо карда буд, бо сабаби беадолатӣ ва носозгории муҳит аз хизмати дарбор канор рафт. Сиёсати ҷангҷӯёнаи сулолаи тундрави Ғазнавиён, вазъи номусоиди иҷтимоию сиёсии кишвар, алалхусус, риёкории рӯҳониёну бегонапарастии бисёре аз мансабдорон, хорию зории аҳли илму фарҳанг дар ҷаҳони маънавии Носири Хусрав як гардиши куллиро ба вуҷуд оварданд. Ӯ чун шоири ватандӯсту ватанпарвар ва марди андеша наметавонист дар баробари харобсозиҳои хоки Хуросон бетарафиро ихтиёр намояд. Шоири миллатдӯсту халқпарвар ба хотири тарбият ва роҳнамойи ҳокимони ғосибу ситампешаи салҷуқӣ муддате ранҷу заҳмат мекашад. Аммо ранҷу заҳматҳояш барабас рафта, аз беадолатиҳо ва ҷабру зулми амалдорони салҷуқӣ ба танг меояд ва комилан хидмати дарборро тарк мегӯяд. Ӯ дар шеърҳояш ба танқиду мазаммати амирони салҷуқӣ шурӯъ карда, онҳоро «гургони биёбон» меномад ва аз шукӯҳи гузаштаи Хуросону подшоҳони адолатпешаи сомонӣ бо ҳасрат ва таассуф ёд мекунад. Табиист, ки чунин танқиду мазаммати ошкорои шоир сафи душманони ӯро афзуд ва соҳибмансабони ғазнавию салҷуқӣ дар андешаи таъқиб ва ҳатто куштани ӯ афтоданд. Саранҷом пас аз азиятҳои рӯҳии зиёд Носири Хусрав роҳи сафари тӯлониро ба сӯйи кишварҳои дигар пеш гирифт. Мусофирати Носири Хусрав қариб ҳафт сол идома ёфт. Ӯ аз роҳи Озарбойҷону Эрон гузашта, сарзамини Осиёи Хурдро паси сар кард ва сипас Сурия, Фаластин, Миср, Тунис ва Судонро саёҳат намуд. Ин ҳакими инсондӯсту адолатпарвар чор бор ба зиёрати Макка расида, тақрибан саросари ҷаҳони исломро омӯхт. Алалхусус, давраи истиқомати Носири Хусрав дар Миср, ки се сол идома ёфт, ба зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи вай таъсири амиқ гузошт. Дар замони Носири Хусрав Фотимиён дар қаламрави Миср баъзе ислоҳот гузаронида буданд, ки ба ҷунбишҳои миллии мардумӣ, аз ҷумла, ҳаракати истиқлолхоҳии шуубия дар миёни аҷдоди мо таъсири зиёд расонидаанд. Зимнан бояд таъкид кард, ки ҳаракату ҷунбишҳои халқӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла, ҷунбиши шуубия, мазмуни нисбатан бой, рангин ва қисман мураккаберо доро буданд. Ин ҷунбишҳо дар даврони ташаккули рӯҳи муқовимат ва истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳӣ доштанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, бозгашт ба шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буд. Ин ҷунбишҳо арзишҳои миллӣ ва диниро омезиш дода, ба неруи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил шуданд. Ҳамин тариқ, талошу пайкори истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни истилогар дар тӯли садсолаҳо идома ёфта, гоҳе ба сурати исёну шӯришҳои ошкорои сиёсӣ ва ҳақталошона, гоҳе ба шакли ҳаракатҳои мазҳабӣ ва гоҳе ба тарзи баҳсҳои фалсафию мунозироти адабӣ падид омадаанд. Ҳадафи аслии онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносӣ, ҳувийяти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар ниҳояти кор барафкандани девори сиёсати аҷнабиён ва ба ҷойи он зинда кардану пойдор доштани суннатҳои давлатдории Сомониёни адолатпеша буд. Алалхусус, дар доираҳои фарҳангӣ ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолпарастӣ дар либоси адабию ҷунбишҳои мазҳабӣ зоҳир гашта, чун тадбири сиёсии пуштибонӣ аз Ватану забон, ғояҳои истиқлолхоҳии) асолати давлатдорӣ, ифтихороти миллию аҷдодӣ ба кор мерафтанд. Ва ҷойи баҳс нест, ки Носири Хусрав низ ақидаҳои истиқлолхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии худро аз пойгоҳи шеъру сухан, фаъолияти густурдаи адабӣ, маърифатпарварӣ, таблиғотӣ ва мунозироти фалсафӣ пеш бурдааст. Воқеан, ӯ чун як фарди миллатдӯст, озодманиш ва инсонпарвар баландтарин арҷро ба инсони бедордилу ватанхоҳ мегузорад ва то вопасин нафаси умр дар роҳи истиқлолхоҳии) ватанпарастӣ талош меварзад. Ин шоир ва мутафаккири бузург аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштааст, ки «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кушоиш ва раҳоиш», «Сафарнома» ва «Девони ашъор» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Яке аз муҳимтарин асарҳои Носири Хусрав «Сафарнома» аст, ки муаллиф дидаю шунидаҳои хешро дақиқ, воқеъбинона ва бемуболиға ёддошт карда, баъди бозгашт ба Балх онҳоро ба сурати китоб дароварда, ба ворисон ба ёдгор гузоштааст. Ба ақидаи бисёр донишмандон, китоберо наметавон пайдо кард, ки аз нигоҳи арзиши илмиаш бо «Сафарнома» қобили қиёс бошад. Зеро ин асар ҳам сафарнома, ҳам тазкира, ҳам маводи пурарзиши таърихию ҷуғрофӣ ва ҳам сарчашмаи нодири мардумшиносию фарҳангшиносист. Носири Хусрав чун Фирдавсӣ ситойишгари хирад ва хирадмандист. Хирадмандӣ дар осори ин мутафаккири бузург бо имону диёнат, покизакориву покдоманӣ баробар аст. Ӯ инсонро ҳадафи аслии офариниши олам дониста, хираду донишро василаи асосии худшиносии инсон мешуморад. Инсоне, ки роҳи худшиносиву такомули шахсиятро пеш гирифтааст, бояд аз хашму ситез, ҳирсу ҳасад, макру тазвир, кибру ғурур ва амсоли инҳо дур шуда, ба пояи инсони комил бирасад. Муҳимтарин хислати инсони комил аз нигоҳи шоир некиву накукорист. Ба андешаи шоир, накукорӣ пеш аз ҳама роҳатрасонӣ ба мардум, ёриву мадад ба ятимону муҳтоҷон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба бечорагон, меҳрубониву пуштибонӣ аз бенавоёну барҷомондагон аст. Инсони комиле, ки Носири Хусрав дар осори рангини худ офаридааст, ҷӯяндаи ҳақиқат ва дорои хислатҳои ҳамида буда, барои инсофу адолат, покиву накукорӣ ва аз байн бурдани зулму ситам, дурӯғу риё, ҳирсу тамаъ ва фитнаву ҷанг мубориза мебарад. Ӯ ҳамеша ақлу хиради инсонро ситойиш намуда, илму амалро меъёри арзёбии фаъолияти шахс мешуморад ва дар осори безаволи ахлоқиву фалсафияш ғояҳои баланди инсондӯстӣ, андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватанпарварӣ мавқеи хосса доштанд. Бузургони мо ҳанӯз аз аҳди Сомониён ақидаҳои умумибашарӣ ва ғояҳои инсондӯстиро тарғиб менамуданд. Ба ибораи дигар, онҳо ҳамеша дар доираи арзишҳои умумибашарӣ ва ғояҳое, ки ба такомули ахлоқии инсон ва таҳкими робитаҳои байни фарзандони инсон ва халқу миллатҳои башар равона шудаанд, андеша меронданд. Қобили зикр аст, ки яке аз ҳамзамонони Носири Хусрав — Низомулмулк, ки вазири дарбори Салҷуқиён буд, асари машҳури худ «Сиёсатнома»- ро навишта, мисли ин шоири ватандӯст сиёсати давлатдорӣ, низоми идоракунӣ ва адолату раиятпарварии Сомониёнро ситойиш ва талқин намудааст. Ин бузургон ва даҳҳо чеҳраҳои намоёни адабу фарҳанги он давра бо осори ҷовидонаи худ дар боло рафтани бедорию ҳушёрии миллати мо, ҳамчунин дар роҳи озодандешию истиқлолхоҳӣ, адолатҷӯйию халқпарастӣ ва ташаккули афкори худшиносии миллӣ, такомули маънавӣ, ахлоқӣ ва таҳкими робитаҳои байни инсонҳо хидмати бебаҳо кардаанд. Зиндагӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар ҳама давру замон чун тимсоли мубориза ба хотири пирӯзии ғояҳои волои инсонӣ ва арзишҳои умумии тамаддуни башарӣ боқӣ мемонанд. Шоҳкориҳои безаволи бузургони миллатамон на танҳо боиси ифтихори мо — тоҷикон ҳастанд, балки як ҷузъи муҳими фарҳангу таърихи башарӣ маҳсуб меёбанд ва аз ин рӯ, мояи ифтихори тамоми инсониятанд. Зеро онҳо ба маҷрои зиндагӣ аз дидгоҳи баланд менигаристанд, назари фарох ва афкори умумиҷаҳонӣ доштанд, инсондӯстиро тарғиб менамуданд ва чунон ки хотирнишон гардид, мардумони ҷаҳонро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд. Мафҳуми фалсафии «гуманизм», яъне «инсонгаройӣ» ё «одамият» маҳз дар давраи Эҳё ё Ренессанси халқҳои ориёӣ шакл гирифта, минбаъд дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст. Аз ин рӯ, осори илмиву адабии аҷдоди бузурги мо ҳаргиз куҳнашавӣ надоранд ва наслҳои минбаъда низ аз ин ганҷинаи ҷовидона барои худ ҳамеша маъниҳои тоза ва панди рӯзгор хоҳанд гирифт. Ин анъанаи некро дар асри бист чеҳраҳои тобноки илм ва фарҳанги тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон идома доданд. Мо бо ифтихор ва боварӣ гуфта метавонем, ки имрӯз ҳам дар кишварамон олимону шоирон ва ҳунармандони номдор кам нестанд ва ҷавонони боистеъдод ба роҳи мураккаби пурпечутоби илму ҳунар бо ҷасорати хос ворид мегарданд. Тоҷикистон аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро умедвор аст, зеро ҷавонони тоҷик ворисони илму адаб ва фарҳанги бузурганд, ки назираш дар ҷаҳон кам мебошад. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллатамонро бо фарҳанги асил ва хосаш ҳамчун миллати фарҳангӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори умум, инчунин ба василаи китобу рисолаҳо дар байни баъзе олимону адибон баҳсҳои шадиде бармехезанд, ки дар асл хурӯши баҳрро дар пиёла мемонанд. Ин баҳсҳо аксаран моҳият ва арзиши илмӣ надоранд. Аз онҳо бештар бӯйи хусумати шахсиву ғараз меояд ва дар онҳо аломатҳои гурӯҳбозӣ ба назар мерасанд. Маълум аст, ки илм бе баҳс пойдор намемонад, чунон ки мулк бе сиёсату мол бе тиҷорат. Вале агар баҳс баҳси ақидаҳо ва ба хотири дарёфти ҳақиқати илмӣ набошад ва фақат воситаи баёни даъвои шахсӣ ва таҳқири дигарон гардад, пас он оқибати нек надорад. Муколамаи аҳли илм метавонад тезутунд бошад, вале бояд бе ситеза ва айбҷӯйиҳои беасос, ҳатман дар доираи одоби илмӣ сурат гирад. Вагарна чунин баҳс наҳс меорад, ки инро мо аввали солҳои фоҷиабори навадуми қарни XX дида будем. Ба назари мо беҳтар мебуд, агар аҳли зиё сари масъалаҳои зерин андеша мекарданд: дар даврони истиқлолият илм ва фарҳанги мо ба чӣ дастовардҳо ноил гаштааст? Дар замонаи кашфиётҳои нав ба кадом ихтироот ва навовариҳо муваффақ шудаем ва имрӯз бо кадом бозёфтҳои шоёни олимон, ихтироъкорон, ҳунармандон ва аҳли қалам дар пеши назари ҷаҳониён ифтихор карда метавонем? Неруи зеҳнии миллати мо ба ҳама маълум аст, бинобар ин халқ ва давлат аз аҳли илм ва зиёиёни эҷодкор дар тараққиёти илму техника ва технология, гузашта аз ин, дар рушди маънавияти ҷомеа саҳми бештарро интизоранд. Дуруст аст, ки ривоҷи соҳаҳои мазкур ба маблағгузориҳои калон вобаста аст ва Ҳукумати кишвар ин масъаларо ҳамеша дар мадди назар дорад. Вале аз тарафи дигар, ба ёд овардан кофист, ки масалан, Ибни Сино ва Носири Хусрав барин алломаҳои миллати мо дар чӣ гуна шароит умр ба сар бурда буданд ва гузашта аз ин, бисёр шоҳасарҳои оламшумули худро дар ҷараёни оворагардӣ ва гурезогурез аз дасти рақибон ва ҳатто дар маҳбасҳо эҷод кардаанд. Онҳо ба масъалаҳои умда ва бунёдии илм машғул мешуданд, бо ҳарифони ғоявии худ баҳсҳои домандори илмӣ мекарданд ва аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ менамуданд. Вале имрӯз аксари зиёиёни мо ҳатто вақте ин дар ягон кишвари дигар таърихи миллату Ватани тоҷиконро бадқасдона таҳриф мекунанд ва ба мероси фарҳангии мо дастдарозӣ менамоянд, хомӯширо афзал медонанд ё умуман мавқеи бетарафиро ишғол менамоянд. Ҳол он ки ҳифзи дастовардҳои маънавии миллат ва мероси фарҳангии ниёгон пеш аз ҳама қарзи муқаддаси фарзандони бедордилу равшанфикри Ватан, яъне зиёиён буд ва ҳамеша хоҳад монд. Агар зиёиён ин рисолати худро дар замони хеш анҷом надиҳанд, оянда ба онҳо баҳои муносиб хоҳад дод. Дар ҷомеаи мо боз як раванди номатлубе мушоҳида мегардад, ки маро ҳамчун Роҳбари давлат наметавонад ба ташвиш наорад. Ман муносибати баъзе ходимони фарҳанг ва кормандони воситаҳои ахбори умумро ба забони адабиамон дар назар дорам. Гоҳо дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳнаи театрҳо, навиштаҷоти аҳли қалам гуфтору навишти омиёна ва ё лаҳҷаҳо забони адабиро тақрибан танг карда мебароранд. Мо бояд ҳатман пеши роҳи ин тамоюли хатарнокро гирем. Дуруст аст, ки устод Айнӣ лаҳҷаю шеваҳои гуногунро як манбаи ғанӣ гардидани забони адабӣ шуморидааст. Ва мо бояд аз лаҳҷаҳо дурдонаҳо пайдо кунем ва дастраси умум гардонем. Вале ин ҳаргиз маънои поймол кардани меъёрҳои забони адабиро, ки дар давоми садсолаҳо ташаккул ёфта, сайқал хӯрдаанд ва бори адабиёти ҳазорсолаи классикии моро кашидаанд, надорад. Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабони дунёро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони адабиамонро бояд дӯст дорем, ҳифз кунем ва дар саросари кишвар густариш диҳем. Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад. Тамаддуни чандинҳазорсолаи нажоди ориё маҳз ба воситаи забони шево ва пургунҷоиши тоҷикию форсӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замонаи мо расида, дастраси оламиён гардидааст, ки ин ҳам боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузурги ворисони ин тамаддуни қадима аст. Солҳои охир дар расонаҳои хабарии олам ва матбуоти ҷаҳонӣ амалҳои даҳшатбори террористию эктремистиро бо дини муқаддаси ислом пайванд медиҳанд. Ин сиёсати дур аз ҳақиқат дини сулҳпарвари исломро дар чашми мардуми ҷаҳон чун омили паҳнкунандаи терроризму экстремизм ҷилва дода, ҳисси бадбинию адоватро нисбат ба мусулмонон меангезад. Агар мо ба таърих назар афканем, пас мебинем, ки дар ҳама давру замон ашхосе буданд, ки аз дин чун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода менамуданд ва дар зери пардаи дин аз ҳарифони ғоявии худ ниқор мегирифтанд. Дини мубини ислом низ аз ин раванди номатлуб дар канор намондааст. Мо мисолҳои зиёде оварда метавонем, ки чӣ гуна ифротгароён дастурҳои диниро таҳриф сохта, ба рақибони худ фишор меоварданд ва ҳатто ба амалҳои террористӣ даст мезаданд. Замони пурмоҷаро ва зиндагии пуршебу фароз ва сарсонию саргардониҳои Носири Хусрав ҳам ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Мутаассифона, кӯшишҳои ба дини мубини ислом пайванд додани амалиёти террористон ва бо ин роҳ бадном сохтани яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ идома доранд. Аъмоли нангини террористиву экстремистие, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба иҷро мерасанд, кори дасти ашхоси ҷоҳилу кӯтоҳандеш ва гирифтори васвасаҳои зӯроварӣ буда, бо дини муқаддаси ислом ягон умумият надоранд. Имрӯз равияҳои ифротгаройӣ на танҳо дар ислом, балки дар дигар дину ойинҳои ҷаҳонӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф ба чашм мерасанд, ки мисоли равшани онҳо густариши фаъолияти гурӯҳҳои неофашистӣ, ҳаракатҳои шовинистӣ ва ҷунбишҳои миллатгаройӣ шуда метавонанд. Маҳз ҳамин ғояҳои ифротгаройӣ, ки дар заминаи тезутунд шудани муносибати давлатҳои абарқудрат барои тақсимоти бозорҳои ҷаҳонӣ падид омада буданд, инсониятро ба коми оташи ду ҷанги бузурги ҷаҳонӣ афканданд. Аз ин лиҳоз, хатари ислом ва исломгаройиро ба ҳадди даҳшат расонида, вале зуҳуроти тозаи ифротгароиро, ки бештар дар миёни ҷавонони баъзе кишварҳои ғарбӣ дар шаклу ҳаракатҳои неофашистию шовинистӣ ва дигар равияҳои хатарноки исёнҷӯёна қувват мегиранд, нодида гирифтан, ба манфиати ҷомеаи башарӣ нест. Тамаддуни ислом дар таърихи деринаи миллати мо бо асолати фарҳангӣ, анъанаҳои башардӯстона ва моҳияти инсонпарварона ғаниву рангин шуда, чун як дини маърифату ахлоқ ва покию покманишӣ ташаккул ва густариш ёфтааст. Аз миёни миллати тоҷик бузургтарин муфассирони дини ислом бархоста, бо тафсиру тадбирҳои инсондӯстона ва асолати фарҳангпарвариашон равияҳои гуманистии ин динро тақвият бахшидаанд. Маҳз мазҳаби илҳомбахшу башардӯстонаи Имоми Аъзам Абӯҳанифаи тоҷик, ҳадисҳои саҳеҳи Имом Бухорӣ, тафсирҳои мукаммали Табарӣ, тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи Имом Ғазолӣ ва даҳҳо шахсиятҳои тавонои миллати мо ба дини ислом рӯҳи фарҳанги Аҷамро дамида, асолати башардӯстонаи тамаддуни моро нигоҳ доштаанд. Бинобар ин, ислом ва мардуми мусулмонро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани он на фақат аз рӯйи инсофу адолат нест, балки таҳрифи рӯйирост ва иштибоҳи бузург аст. Дар ин робита бояд зикр кард, ки сиёсат ва идеологияи расмии ҳокими собиқ шӯравӣ, ки моҳиятан зиддидинӣ буданд, норизоӣ ва эътирози табиии эътиқодмандони дину мазҳабҳои гуногунро афзойиш медоданд. Дар ин замина тадриҷан ҷунбишҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, ҷунбишҳои исломӣ шакл гирифтанд. Дар ташаккули онҳо омилҳои хориҷӣ низ таъсири муайян доштанд. Мутаассифона, баъзе доираҳо ва шахсиятҳои рӯҳонӣ ба ҷойи ифтихороти миллию фарҳангии ислом, ки аз сарчашмаҳои тамаддуни ниёгони мо об мехӯрад, ба равияҳои сирф мазҳабӣ афзалият додаанд. Мо падидаи ифротгароиро аз сар гузаронида, фарқ кардани дини мубини исломро аз ҳама гуна зуҳуроти бегона хуб омӯхтем ва талошҳо кардем, ки дар заминаи суннатҳо ва фарҳанги исломии беш аз ҳазорсолаи ниёгон кишвари худро аз ҳама гуна омилҳои ифротгаройӣ наҷот диҳем. Ҷанги шаҳрвандӣ дастовардҳои нахустини истиқлолиятро аз мо рабуда, ба талошҳои худогоҳиву худшиносии халқи мо зарбаи гарон зад. Вале бар хилофи чашмдошти коргардонҳои ин ҷанги пурфоҷиаи таҳмилӣ миллати тоҷик ҳадафҳои ғаразноки душманонашро фаҳмида, ба мухолифати мусаллаҳона хотима бахшид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба таърихи деринаи халқи мо ҳамчун пирӯзии ақлу заковати миллати тамаддунсозу бефарҳангӣ тоҷик ворид шуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва Ҳукумат аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфт. Воқеан, миллати тоҷик бо фарҳангдӯстиву заковати баланд ва иродаи сулҳпарварию ҷавҳари ободгариаш бори дигар нишон дод, ки ҳама гуна мухолифати сиёсӣ, ақидаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва роҳу равишҳои мухолифи якдигарро бо фароҳам овардани фазои ҳусни тафоҳум, пеш гирифтани сиёсати таҳаммулу муросо чун гузаштагони хирадманду фарҳангпарасти худ ба маҷрои солим равона карда метавонад. Сулҳи тоҷикон, ки барои ҳифз ва таъмини сулҳи минтақа ва ҳатто ҷаҳон аҳамияти бузург дорад, дар таърихи беш аз панҷоҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷриба ё модели нодир эътироф гардид. Ва сад шукр, ки имрӯз сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон таҳким меёбад. Имрӯз ҳамаи неруҳои мавҷудаи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ватанпарастӣ дар гирди меҳвари ғояи ваҳдати миллӣ муттаҳид шуда, баҳри пойдории истиқлол ва ободии Ватани азизамон заҳмати созанда мекашанд. Зеро роҳи мушкил, пурхатар ва душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва Ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест. Ҳазорсолаи сеюм дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди мо вазифаҳои нав ва масъулиятҳои басо бузург мегузорад. Мо бояд дар ҷаҳони имрӯза ва оянда симои миллӣ ва арзишҳои маънавии худро аз даст надода, дар радифи давлатҳои пешрафтаю мутамаддини дунё ҷой гирем ва истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худро таҳким бахшем. Ба хотири пойдории истиқлолият ва пешомадҳои неки кишвар мардуми солору қавирӯҳи тоҷик бунёди як силсила иншоотҳои муҳим ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва байналхалқиро зина ба зина пеш бурда, пойдевори ояндаро мегузоранд. Парчами ваҳдати миллӣ ва сулҳу осойиши пойдор фазои боварию эътимодро ба оянда афзуда, ҳисси худшиносӣ, асолати ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардумро боло мебарад. Мо ба шарофати истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем. Дар ин роҳ моро неруи халқи заҳматдӯст, ободгар ва соҳибтамаддунамон илҳом бахшида, эътимоду бовариамонро ба фардои нек меафзояд. Озодиву истиқлолият орзуву ормони ҳазорсолаи фарзандони донишманду соҳибхирад ва бонангу номуси миллати тоҷик буд ва беҳуда нест, ки мо ҳамзамон бо ҷашни истиқлол зодрӯзи як тан аз ҳазорон мардони миллатхоҳу ватандӯст, яъне Носири Хусрав таҷлил намудем. Ба хотири абадӣ гардонидани номи нек ва талошу муборизаҳои Носири Хусрав дар ҳифзи ҳувийят ва ифтихори миллӣ ва тавсеаи минбаъдаи худшиносиву худогоҳии наслҳои ояндаи миллат пешниҳод мекунам, ки ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон ба номи Носири Хусрав гузошта шавад. Бигузор аз баракати истиқлолият меҳри Ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик ифтихор намояд. Бигузор аз файзу баракати истиқлол парчами ваҳдати миллӣ роҳнамо ва ойини миллати сулҳпарвари тоҷик ҳидоятгари мо сӯйи фардои пурсаодат бошад! Бигузор ормону талошҳои истиқлолхоҳона ва ватанпарастонаи фарзандони фарзонаи миллат, ба монанди Носири Хусрав, равшангари роҳи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба сӯйи ояндаи ором ва ободу осуда бошанд! Бозгашт ба мундариҷа
Муфассалтар: https://zarowadk.ru/nosiri-khusrav-sukhanvari-buzurg-va-mardi-andesha