Имрӯз ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа (Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия) ҳайати меҳмонон – муовини ректор оид ба рушди фаъолияти байналмилалӣ Чанышев Н.Т. ва сардори шуъбаи идоракунии ҳамкориҳои байналмилалӣ Урунов С.Ё. ташриф оварданд.
Меҳмононро аз раёсати донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва Саъдуллозода Ш.С. – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ пешвоз гирифта, вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрии мазкур ҳамкориҳои тарафайни ҳар ду донишгоҳ ва дар оянда боз ҳам тавсеа бахшидани робитаҳои илмию таълимӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.



Хотиррасон мешавем, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа беш аз 160 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ таҳсил менамоянд. Дар рӯзҳои баргузории Саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин донишгоҳ ташриф оварда, бо ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён вохӯрӣ анҷом дода буданд. Бо Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа Роҳбари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа пазируфта шуданд.
Боиси қайд аст, ки пас аз эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) таваҷҷуҳи донишгоҳҳои техникии бо донишгоҳи мо ҳамкорикунанда барои ҳамкориҳои тарафайни омодасозии кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бештар гардидааст.
Дар охири вохӯрӣ як қатор шартномаҳои ҳамкории тарафайн ба имзо расонида шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.