Бо истифодаи кодиронии махсуси калимаҳо, маълумот оиди гуногунии анаграммаҳои матнҳои забонҳои гуногун дарёфт карда шуд, аз он ҷумла забони тоҷикию форсӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва эсперанто. Маълумот оиди анаграммаҳо пешниҳод карда мешавад.

Мувофиқи таъриф, анаграмма – ин ҷуфти калимаҳои забони табиӣ, ки иборат аз ҳамон маҷмӯи ҳарфҳо, мебошанд. Аз тарафи донишҷӯёни Амрикоӣ муайян карда шуд, ки дар мант ҳангоми иваз кардани ҷойҳои ҳарфҳои калимаҳо, матнро бо суръати тез хондан ин ивазшавии ҷойҳои ҳарфҳоро одам қариб, ки ҳис намекунад.

Мисоли матни поёниро хонед ва санҷед: 

Ин ҳангом анаграммаҳо мебошанд.

Дар поён мисоли анаграммаҳо оварда мешавад:

  • дигарон – гардони – гиронда – дингаро – нигорад – гандиро;
  • монанди – мондани – номидан – динамон – надимон;
  • дорам – модар – мадор – мардо – марод – дамро – ордам;
  • асҳобро – саҳборо – асбҳоро – боҳарос – сабоҳро – саробҳо;
  • мемонад – медонам – меномад – мондаем – мемонда – мондаме;

Анаграммаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

  1. Он анаграммаҳое, ки аз калимаҳои дароз иборатанд:
  • барнагарди – барнагирад – набаргарди – набаргирад;
  • барнагардад – гардандабар – набаргардад;
  • бардоштан – барнадошт – набардошт;
  • баргаштан – барнагашт – набаргашт;
  • мардонаи – мадинаро – маданиро.
  1. Ва он анаграммаҳое, ки аз калимаҳои кӯтоҳ:
  • бадин – банди – бинад – инбад – набид;
  • амон – мано – намо – нома – онам;
  • абир – абри – бари – бира;
  • аспи – паси – писа – сипа;
  • ино – нои – оин – они.

Маълум аст, ки дар ҳама гуна анаграмма “бо тартиби алифбо” рамзҳо мувофиқ ба як симои ягона аст, ҳамин тавр рамз меноманд. Чунин рамзгузорӣ, барои бо самар ёфтани анаграммаҳои калима ба сифати восита истифода бурда мешавад. Барои автоматӣ ёфтани гурӯҳи анаграммаҳои матнҳои забонҳои гуногун аз тарафи устод Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор методи кодиронии калимаҳо пешниҳод карда шуд. Аз тарафи гурӯҳи шогирдони зиёди устод, ба монанди Довудов Г.М., Нормантас В., Холматова С.Д., Шарипов Ш.А., Умаров М.А., Худойбердиев Х.А., Қосимов А.А. ин методро истифода бурда аз матнҳои забонҳои гуногун анаграммаҳояшонро ҷудо карданд. Мисолҳои анаграммаҳои забонҳои гуногун, ки аз тарафи устодони зерин ёфта шудааст, оварда мешавад.

Забони англисӣ: Рамзи анаграмма – aelst: least, tales, steal, slate, stale, lates, sleat, astle, stael, altes, tesla, leats, aslet, teals, taels, stela, aelst, laste.

Забони русӣ: Рамзи анаграмма – аднор: народ, ронда, дорна, андро, нодар, родна, дрона, радон, доран, норда, ардон, ондар, надор, одран, нардо, норад, ондра, андор, дарон.

Забони тоҷикӣ: Рамзи анаграмма – аадмнор: надорам, мардона, дарамон, рондаам, амадрон, даманро, нармода, рамонад, маронда, рамадон, дарнамо, ронадам, амрадон, намадро, маоранд, даронам, рамонда, маронад.

Забони ӯзбекӣ: Рамзи анаграмма – адилмно: домлани, оламдин, лимонад, молидан, олимдан, олдинма, номлади, олмадин, одилман, омилдан, олдинам, имлодан, илмодан.

 

Абдунабӣ Қосимов,

устоди ДТТ ба номи М.С.Осимӣ,

аъзои ҲХДТ

Хусрав Шарипов,

донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси 530102А2,

кафедраи САИ, факултети ТИК,

ДТТ ба номи М.С.Осимӣ

 

Leave a Comment