Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавон – муаллими калони кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ» ҶӮРАЕВА Ҷамила Ҳайдарқуловна, муаллими калони кафедраи “Меъморӣ ва дизайн” ИСМАИЛОВ Михаил ва муаллими калони кафедраи “Металлургия” ИСМОИЛОВ Исмоил Ризоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Ҷӯраева Ҷ.Ҳ. дар мавзӯи «Рушди бозори хизматҳо барои таъмини аҳолӣ бо электроэнергия: ҳолат ва дурнамо» аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии муассисаҳо, соҳаҳо, комплексҳо – соҳаи хизматрасонӣ), ки ҳимоя рӯзи 27-уми марти соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Д.999.031.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти олии байнидавлатии “Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон (славянӣ)” баргузор гардид, Исмаилов М. дар мавзӯи “Хосиятҳои ташкили манзара ва ободонии ҳудуди шаҳрҳо дар шароитҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон” (анъанаҳо ва замонавӣ)” аз рӯйи ихтисоси 05.23.20. – Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва таҷдиди меъроси таърихӣ-меъморӣ, ки ҳимоя рӯзи 30-юми марти соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид, Исмоилов И.Р. дар мавзӯи “Диаграммаҳои ҳолат ва термодинамикаи хӯлаҳои магний” аз рӯйи ихтисоси 05.16.02 – Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир, ки ҳимоя рӯзи 1-уми апрели соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид, бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment