Давоми рӯзҳои 1-ум ва 2-юми апрели соли равон сохтори ташкилию тарбиявии донишгоҳ таҳти роҳбарии Ашӯрзода А.Н. дар факултетҳои донишгоҳ бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷаласаи озод доир намуд.

Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ба иттилои ҳамагон расонидани чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 65-солагии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, инчунин баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаби дар раванди тарбияи донишҷӯён мавҷудбуда ва пайдо намудани роҳи ҳалли онҳо, баландбардории сифати гузаронидани дарсҳои кураторӣ ва монанди инҳо буд.

Дар ҷаласаҳо пас аз баромад ва суханронии Ашӯрзода А.Н., Сатторова М.Қ., Акрамов С.С. ва деканони факултетҳо, инчунин устодони кафедраҳои гуногун бо фикру андешаҳояшон баромад намуда, пешниҳодоти ҷолиб карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment