Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда шавад. Воқеан ҳам ин амали наҷибона ва арҷгузорӣ нисбат ба шоири бузург, қосиди  сулҳ, академики тавонои халқи тоҷик бисёр ҳам зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Мо наслҳои ҷавонӣ имрӯзаро месазад, ки гӯзаштагон нобиғагони халқи тоҷикро омӯзем ва хуб дарк намоем, ки хизматҳои ин абармарди қарни гузашта барои миллати тоҷик басо калон буд. Наслҳои гузашта ҳам хуб медонанд, ки ин шоири достонсарои сулҳофар, чи дар Осиёи Миёна ва ё чи дар Аврупо рӯз то рӯз маъруфияташ меафзуд, ва бо забонҳои гуногуни олам асарҳо ва достонҳояш ки бештар перомуни сулҳу дӯстӣ  эҷод кардааст, тарҷума кардаанд.

Имрӯзҳо бошад, аз ашъори ӯ шеърҳо дубайтиҳо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он мутрибон,  навозандагон тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа васеъ истифода мебаранд.

Сулҳу амният ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи бузурге дорад. Силсилаи шеърҳои  “Ҳиндустонӣ”  ва “Ман аз Шарқи озод”,  достонҳои “ Духтари муқаддас”,  “Садои Осиё” баландтарин қуллаҳои  эҷодии шоир дар бораи сулҳу дӯстӣ аст.

Менависам ман сурӯди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беоромӣ  рӯзафзуни дил.

Маҳз ин шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст.

Замоне, ки мавкеи ҷамъиятии устод  чун паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муайян гардид, ва ашъори сулҳҷӯёнаи ӯ ба авҷи аъло расида буд, хонандаи он оиди ҷангу нооромӣ ва талафоти ҷонӣ, танҳо аз китобҳои таърихиву таввассути матбуот тасаввурот дошту халос.

Албатта, моҳияти ин калимаро дуруст дарк мекард, вале таъмӣ ширинӣ “сулҳ”-ро дар хуну пусти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд. Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардумӣ заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавоӣ Мирзо Турсунзода рӯй оварданд.

Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод “ Сурӯди сулҳ”-ро бо хӯни дил ва таппиданҳои беоромӣ дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст.

Мисраъҳои зерин шоҳкореанд дар мавзӯи сулҳ ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гӯм намекунанд:

Шоир дар ҷамъомаду кунгураҳо бо чунин мисраъҳои баланд парвоз на танҳо дар собиқ Ҷӯмҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар Осиёю Африқо шӯҳратёр гардида буд. Баландтарин фикру ақидаҳои сулҳдӯстии шоир дар достони безаволӣ “ Садои Осиё” тараннум ёфтааст.

Осиё гӯяд сухан,

Овози онро бишнавед!

Мавҷи дарё, гӯрриши баҳрӣ дамонро бишнавед!

Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард….

Шоир ин идеяро дар шерҳои “ Ҳар касе гӯяд –Лумумба”,  “Хоҳари мубориз”, “ Африқо” ва дигар асарҳояш давом додааст.

Достони “ Чароғи абадӣ”-шоир низ таҷасумгарӣ сулҳу дӯстӣ мебошад.

Шоир дар ин асари мукаммал пирӣ маънавии худ, устод Садриддин Айнӣ ва дӯстии хеш меҳру муҳаббати инсонӣ  ва идеяҳои инсонпарваронаро устодона ба қалам додааст.

Бояд иброз дошт, ки ин достон чун достони “ Ҷони ширин”-и устод дар баробари дигар офаридаҳояшон аз санъатҳои баландӣ адабии шоир ба ҳисоб мераванд.

Дар инҷо худи шоир хуб қайд кардааст:

Моҳи апрел дар иди баҳорӣ,

Ба гул луълуи тар бахшид, оре.

Гули гелос дар чанги ҳаво буд,

Барои ҳам лолугун чаво буд.

Ё дар ҷои дигар.

Ё дар ҷои дигар низ мегӯяд:

Ба ҷӯш омад аз ин ҷо зиндагонӣ,

Ба ин ҷо аз Россия меҳрӯбонӣ.

Нахустин мех, оҳаншиша омад,

Нахустин чӯб ҳам аз беша омад.

Дар ин ҷо Тоҷикистон кард оғӯш,

Бародар халқҳоро гарм, пурҷӯш.

Достони “ Ҷони ширин”, ки соли 1959 навишта шудааст, қӯллаи баланди эҷодиётӣ шоир дар мавзӯи лирикӣ, ишқу муҳаббати самимӣ, нисбати дилдода, ва  дӯстии инсоният  мебошад. Беҳуда нест, ки аксар ҷавононӣ адабпарвар қисман ва ё саросарӣ достонро азбар мекӯнанд, дар ҷамъомаду маҳфилҳо мехонан.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд.

Мамлакат аз дасти зан гӯлзор шуд.

Накӯ доштани занону модарон –офарандагони ҳаёт, дар мадди аввали идеяи асар ҷо дорад. Инчунин шоир ин асар дӯстию рафоқатро баръло сурӯдааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт.

Дӯшманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Достони дигари устод Мирзо Турсунзода доир ба сулҳу ваҳдат “ Аз Ганг то Кремл “ буда, ин асар аз ҳаётӣ воқеъӣ  офарида шудааст. Қаҳрамони достон Протапи Ҳинду, ки барои мулоқот ба Ленин мушкилоти азимеро паси сар карда дар охир ба орзу мерасад.

“Қиссаи Ҳиндӯстон” сиклӣ шеърҳои адабӣ буда, дар онҳо шоир дар баробарӣ васфи дӯстӣ аз ҳаётӣ мардумонӣ ба мо бародарӣ ҳинд қиссаҳо мекунанд.  “ Меҳмони мағрибӣ “,  “ Тара  Чандрӣ” ва дигар шеърҳои шоир моро ба ҳаёти мардуми ҳинд ошно месозад. Шоир дар “ Бозгашт”-ном шеъраш чунин қайд кардааст:

Шодам аммо мехурам ғамҳои халки дигаре,

Дар назар меаварам тороҷ гашта кишваре.

Устод Мирзо Турсунзода дар баробари офаридани асарҳои безавол дар истифодаи санъатҳои бадеӣ тозагӣ ва ширинии калом, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ хизматҳои шоистаро баҷо оварда, ба хизмати фарзандона ба тоҷику ҷаҳониён дар қатори бузургтарин адибон номи худро ҷовидона гардонидааст.

Шоир дӯстии халқҳои тоҷикро бо мардумони мухталифи дунё хеле муҳим мешуморад. Бинобар ин, дар ашъори ӯ дустии халқи тоҷик бо халқи рус низ тасвир ёфтааст.

Халқи рус дар ашъори шоир ҳамчун муаллим, роҳнамо, дӯст ва ҳамкории тамоми халқҳо ба қалам дода шудааст. Чунин фикру андешаи худро дар  “Уқоб” ном асараш чунин баён мекунад:

Тоҷиконро ту болу пар додӣ,

Қудрати тоза ин қадар додӣ.

Бахту тақдири мо ягона бувад.

Ӯ дӯстиву рафоқати халқҳои шӯравиро сарчашмаи асосӣ ва такягоҳи сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон меҳисобад.

Шоир дар ин шеъри худ дар васфи сулҳу дӯстӣ  бисёрҳам моҳирона сароидааст.

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

Дар қатори асарҳои пурарзиш устод Турсунзода тавонистанд,ки  як қатор адибонӣ дигар, ба мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ,  Бозор Собир барин шоирони номиро чун шогирд дастгирӣ карда  ба воя расонидаанд, муҳаббату шукуҳи миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён муаррифи намоянд.

Хулоса, шоир бо эҷодӣ асарҳояш  шӯҳратӣ  ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баландтарин унвонҳо ва мукофотҳои умумиҷаҳонӣ гардидааст.

Хизматҳои содиқонаи ин шоири  бузургӣ миллатро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард. Ҳамин аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 –уми майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвони оллии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

Халқи тоҷик хидматҳои бошарафонаи ин фарзанди барӯмади худро қадр намуда, донишкада, шаҳр, ва кӯчаву хиёбонҳоро ба номи ӯ гузоштааст.

Адабиёт:

1.Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. Душанбе. “ ЭР-граф” соли 2016, с.345.

2.Муъмин Қаноат. Меҳрнома.

Суҳроби Р.С. – ассистенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment