Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи Шӯрои кураторони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ – Ашӯрзода А.Н. оғоз намуда, суханро ба муовини рекр оид ба таълим, муовини аввал – Маҳмадизода М.М. дод.

Маҳмадизода М.М. дар бораи риояи тартиботи дохилии донишгоҳ, раванди таълиму тарбия ва робитаи ногусастании он баромад намуда, аз кураторон даъват ба амал овард, ки барои тарбияи насли ҷавон ва соҳибкасб шудани донишҷӯён аз тамоми маводу шароитҳо истифода баранд.

Пас аз он сухан ба меҳмони ҷаласаи имрӯза профессор Шамолов А. дода шуд. Шамолов А. доир ба тарбияи ҷавонон, вазъияти имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, ҳушёрию зиракии сиёсӣ баромад намуд.

Дар охир ба барандагон ва ғолибони озмунҳои “Куратори беҳтарин”, “Хобгоҳи беҳтарин” ва “Мақолаи публисистии беҳтарин” туҳфаҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳои донишгоҳ супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment