Рӯзи 10-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони прокуратура бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Масъалаи вохӯрӣ бори дигар фаҳмонидани манъ будани истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим, зарарҳои он, риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва монанди инҳо буд.

Сараввал муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим – Маҳмадизода М.М. меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, оид ба масъалаи баррасишаванда – истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим суханронӣ кард.

Пас аз суханронї ва таъкидҳо доир ба зарару мавқеи истифодаи телефони мобилӣ, риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ Маҳмадизода М.М. суханро ба намояндаи Прокуратураи н. Сино – Шамсиддини Шоҳин дод.

Муфаттиши калони Прокуратураи н. Сино, майори адлия – Шамсиддини Шоҳин зимни баромади худ доир ба ҷиҳатҳои ҳуқуқии манъ гардидани истифодаи телефонҳои мобилӣ ва бо мошини сабукрави шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ибрози ақида намуда, бо иқтибос аз қонунҳои амалкунандаи ин самт қайд кард, ки дар ҳар сурат истифодаи онҳо ба рафти таълиму тарбия таъсири манфии худро мерасонад.

Дар охир муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим – Маҳмадизода М.М. таъкид дошт, ки донишҷӯ шаҳрванди дар асоси тартиби муқарраршуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабулгардида мебошад. Ӯ дар шуъбаи рӯзона, шабона ва ғоибона бо мақсади ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил менамояд. Донишҷӯ бояд тамоми қувваи созандаи хешро баҳри ҳифзи комёбиҳои даврони истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, муттаҳидӣ, сулҳу осоиш, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешравии минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти Тоҷикистони азиз сафарбар намояд.

Пас аз ба охир расидани суханронӣ ва баромадҳо Маҳмадизода М.М. барои ташрифи муфаттиши калони Прокуратураи н. Сино – Шамсиддини Шоҳин ба донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз номи устодону донишҷӯён изҳор кард, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро коллективи устодону донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment