Имрӯзҳо бидуни воситаҳои техникии таълим ва ё Интернет дар машғулиятҳои забони англисӣ комилан ғайримкон аст, ба ҳаёти тақрибан ҳар як инсон пайванди ногусастанӣ дорад. Аксари донишчӯён ва ё хонандагон имрӯза дар ҳаёт ва таҳсилот аз компютер ва Интернет фаъолона истифода мебаранд.
Асри ХХI – асри технологияҳо ва навовариҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон мебошад. Ҳар як омӯзгорро зарур ҳаст, ки аз воситаҳои техникии муосир дар машғулиятҳои забони англисӣ васеъ ва самаранок истифода намояд.
“Шахси асосӣ ва пешбаранда дар дарс омӯзгор аст. Истифодаи воситаҳои техникӣ, бояд ҳамчун яке аз усулҳои самаранокии ташкили раванди таълиму, тарбия баррасӣ кард, ва дар марҳилаи нисбатан баландтар дар сурати истифодаи дурусту оқилона ва эҷодкорона он метавонад барои омӯзонидани забони англисӣ воситаи муфид ва зарурӣ гардад.” Полякова Т.Ю. [1, c.102].
Мавзӯъҳои таркиби фасли фонетика бо мақсади мувофиқ пешакӣ интихоб карда мешаванд. Хонандагон бо навбат ҳар як матнро, ки вобаста ба мавзӯи дарси навбатӣ интихоб шудааст, барои сабт кардан дар лентаи магнитафон микрофонро ба даст гирифта мехонанд. “Сипас, матни дар магнитафон сабтшуда ба худи онҳо шунавонида мешавад. Пас аз ин, албатта, омӯзгор ба тарзи қироати ҳар як хонанда баҳо дода, нуқсонҳои нутқу талаффузи онҳо таъкид ва ислоҳ карда мешавад.” Рогова Г.В., [2, c. 139].
Хонандагон аз магнитофон гӯш карда, дар ҷумлаҳо задаро муайян мекунанд. Баъд ҷумлаҳоро (пас аз ду се маротиба шунидан) навишта гирифта, ба зери калимаҳое, ки зада қабул кардаанд, хат мекашанд. Баъд аз ин ҷумлаҳои навиштаашонро бо зада онҳоро бурро мехонанд. Дар лентаи магнитафон матне, ки дорои хелҳои гуногуни ҷумлаҳо марбут ба мақсади баён бошад, сабт карда мешавад. Хонандагон ду –се маротиба онро шунида, ҷумлаҳоро ба дафтарашонменависанд.
Ба дасти хонандагон матне дода мешавад, ки дорои ҷумлаҳои хабарӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ бошад. Айнан ҳамин матнро, ки пешакӣ шунавонидани он ба хонандагон аз радио ва аз он намоишу гуфторҳо мувофиқ бошад. Ташкил намудани нақлу суҳбат ва навиштани иншо бо талабу супориши омӯзгор басо қулай ва табиӣ сурат хоҳад гирифт. Кодоскопу эдископ, ки ба гурӯҳи воситаҳои техникии беовоз мансубанд, дар ҷараёни баёни мавзӯи нав ва лаҳзаҳои мустаҳкамкуниву пурсиши вазифа, хонагӣ ҳамчун воситаи баррасии аёнияти графикӣ, истифода бурда мешавад. Фақат дар ин бобат ба ду нуқта бояд эътибор дод: ҷадвалу схемаҳо (калима, ибора, ҷумлаҳои гуногун ҳам) воситаҳои аёният яке аз усулҳои самарабахши таълими грамматика, луғат, фонетика, имло ва аломатҳои китобат дониста шудааст, ки принсипи умумидидактикии аёният низ маҳз ҳамин нуқтаро тақозо мекунад. Аз воситаҳои аёнӣ пеш аз ҳама дар дарс –ҳангоми баёни мавзӯъи нав ва сониян дар қисматҳои такрору мустаҳкам намудани дониши хонандагон истифода бурда мешавад. “Хусусан, ҳангоми баёни мавзӯъ бо ҳам пайвастани нақли омӯзгору бо воситаҳои аёнӣ яке аз роҳои эътироф шудаву бошуурона аз худ кардани маводи назарияви маҳсуб меёбад. Методисти тоҷик хуб қайд кардааст:” С.Н. Алиев. [3, с. 185-186]
“Дар маҷмӯъ воситаи аёниро дар таълими дарси забони англисӣ ба ду қисмат ҷудо мекунанд: воситаи аёнии графикӣ ва сифатаҳои аёнии техникӣ. Ба воситаи аёнии графикӣ таблитса – плакат ва схемаҳо дохил мешавад. Таблитса аз ҷумлаи воситаҳои аёнии маъмул ба ҳисоб рафта чопӣ ва дастӣ мешавад. Таблитсаҳои чопӣ аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудааст. Таблитсаҳои дастиро худи омӯзгор ва ё хонандагон таҳти роҳбарии ӯ тартиб медиҳанд, ки чунин таблитсаҳо нисбат ба омӯзгор маълум аст, сохта мешаванд.
Аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа низ таблитсаҳо ду навъ; ба мавзӯӣ ба истилоҳотӣ ҷудо мегарданд. Дар таблитсаҳои мавзӯӣ калимаҳо ва матне, ки ба вазъияти нутқи хонандагон марбут бошад, оварда мешавад.
Дар чунин таблитсаҳо бояд мавзӯъҳо ба тартиби муайян оварда шавад, ки баён ва ё сӯҳбати омӯзгор дар заминаи ҳамон мавзӯҳое ки ба хонандагон пешкаш шудааст. Масалан, дар чунин таблитсаҳо вазъиятҳои гуногуни нутқ ҳангоми дарс ифода ёфтааст.
Воситаҳои техникии таълимро мутаносибан барои таълими забони англисӣ ба гурӯҳои зерин ҷудо мекунанд:
А) Овозӣ- техникӣ: плейери касетӣ (walk-man), радиоприёник, картамонак, грампластинкаҳо, компакт-дискҳо (CD, CD- ROM), магнитола, телефонии мобилӣ, диктофон.
Б) Воситаҳои техникӣ рӯшноҳидиҳанда: диапроектор, филмоскоп, эпипроектор, дастгоҳи суратгирӣ (аккосӣ), фотокамера, кодоскоп, сканери матнии портавӣ (сайёр ).
В) Воитаҳои техникии овозу рӯшноидиҳанда: кинопроектор, таҷҳизот барои кинотеатри хонагӣ, видеомагнитафон, видеокамера, телевизор, тарҷумони электронӣ ( language teacher), DVD-плейр;
Г) Воситаҳои таълимии барномавӣ: компютер, CD-ROM, ноутбук, микрокомпютер.
Филмоскоп. Дастгоҳи проексияи оптикӣ, барои тамошои диафилмҳо ва слайдҳо пешбинӣ шудааст. Рубинштейн. С. Л.[5,c.87]
Этипроектор: Дастгоҳи техникӣ рӯшноидиҳанда, баҳри дар экран намоиш додани матнҳо, таблитсаю нақшаҳо, расму суратҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Кодоскоп. Воситаи техникии рӯшноҳидиҳанда, баҳри дар экран намоиш додани объектҳои шаффоф- тасвирҳои ба наворҳои махсус гирифташуда пешбини шудааст. Чунин объектҳоро дар раванди дарс ба вуҷуд оварда, рушди зуҳуроти баррасишавандаро намоиш додан мумкин аст.
Компакт диск. Воситаи сабти электронии иттилоотӣ графикӣ, босиравӣ, сомеӣ ва матнӣ, ки бо ёрии асбобҳои махсус (дастгоҳи лазерӣ компютер ва ғайра ) аз нав ҳосил карда мешавад. Нисбат ба асбобҳои анъанавӣ сабтӣ ба туфайли аз нав ҳосилкунии овозу тасвири нисбатан хушсифат, ба осонӣ ёфтани иттилоот дар диск, имконияти ба манбаъҳои дигар додани он бартариҳо дорад. Сацкая П.Н. [6, c. 339]
Кинопроекторҳо. Воситаи проексияи оптикӣ барои намоиш додани кинофилмҳо пешбинӣ шудааст. Дар машғулиятҳои забономӯзӣ тадриҷан мавқеи худро ба видеомагнитафон ва компютер гузашт мекунад.
Видеомагнитафон. Воситаи проексияи оптикӣ барои сабти намоишҳои телевизион ва намоиш додани видеофилмҳо бо забони англисӣ.
Компютер. Барои истифодаи инфиродӣ бо мақсади коркарди иттилоот бо роҳи иҷрои амалиёте, ки тибқи барнома пешниҳод мешаванд, хизмат мекунад. Дар машғулиятҳои омӯзиши забон барномаҳои таълимии дар вискетҳо сабт гардида таъйиноти зерин доранд: ТеняковаЕ.А.[7,c.55].
А) Барои таълими маводи лексикӣ-грамматикӣ ва фаъолгардонии хонандагон;
Б) Барои таълими намудҳои фаъолияти нутқӣ;
В) Барои шинос намудани хонандагон бо кишварҳои забонаш омӯхташаванда;
Г) Барои назорати сатҳи азхудкунии забони англисӣ.
Солҳои охир чунин барномаҳо мултимедӣ гаштаанд, яъне онҳо ҷӯршавии овоз, тасвири видеоӣ, матн ва ғайраро ҷамъбаст мекунанд, ки баҳри дар доираи як барнома фаъолона истифода кардани ҳамаи намудҳои аёният имконият фароҳам меоваранд. Компютер дар таълими забон имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Ба туфайли истифода аз шабакаҳои Интернет ва имкониятҳои таҳсилоти фосилавӣ хонанда метавонад аз барномаҳои мухталифи омӯзиши забони англисӣ мустақилона истифода кунад ва донишу малакаҳои худро сайқал диҳад. CкаткинМ.Н.[8,c.109].
Дар интихоби чӣ маводи таълимӣ, чӣ низоми машқҳои баҳри азбарсозии онҳо нигаронида шуда ва чи дар таълифи навъҳои китобҳои дарсӣ (иртиботӣ) ва дастурҳои таълимӣ (аудиовизуалӣ) таҷассум гардидаанд. “Вазъи пешбарандаи ҳадафи амалӣ дар асри XX ва ибтидои асри XXI ба таҷдиди назари томи низоми таълими забони хориҷӣ мусоидат кардааст.” Раҳимов Х., Нуров А. [9.c,90].
Ба вуҷуд омадани равияю таълимоти нав (муносибати шахсиятнокӣ ва фаъолиятнокии хонанда, муносибати коммуникативӣ, муносибати салоҳиятнокӣ) ба усулу методҳои фаъол (методҳои мустақим, коммуникативӣ, босуръат, интерактивӣ ва ҳоказо) оварда расониданд, ки роҳҳои мухталифи амалӣ гаштани мақсади амалии таълими забонро таъмин менамоянд. Қайд кардан зарур аст, ки дар тӯли инкишофи илми методикаи таълими забонҳои хориҷӣ масъалаи ҳамчун пешбар эътироф кардани ин ё он мақсади таълим якранг ҳал нагардидааст. Масалан, дар асри XIII ибтидои асри XIX ҳадафи маърифатӣ маълумотдиҳии омӯзиши забони хориҷӣ ҳадафи пешбар маҳсуб шуда, тибқи он омӯзиши забони хориҷӣ дар мактаб вазифаи инкишофи тафаккури мантиқӣ ва вусъати ҷаҳонбинии хонандагонро пайгирӣ менамуд. Пассов Е.И. [10.c,146].
Бинобар ин, объектҳои асосии таълими грамматика, аз хониш ва тарҷумаи матнҳо иборат буданд. Барои амалигардонии ин ҳадаф методи тарҷумавӣ-грамматикӣ васеъ истифода мешуд. Ҳадафи асосии омӯзиши забони хориҷӣ шиносоӣ бо адабиёт, варзиши ақл ва ниҳоят, агар имкон даст медод, амалан аз бар кардани забони омӯхташаванда буд. Аз нимаи дуюми асри XIX сар карда, ба сабаби афзоиши талабот ба донистани амалии забони хориҷӣ ҳадафи амалии таълим ба мадди аввал баромад, ки аҳамияти пешбарандаи худро имрӯз низ нигоҳ доштааст. Ҳоло мақсади амалии таълими забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ моҳиятан таѓйир ёфтааст. Ба ҷумҳурие, ки робитаҳои худро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ мекунанд, мутахассисоне лозиманд, ки забони хориҷӣ, махсусан забони англисиро ҳамчун воситаи муошират донанд ва истифода баранд.
Хулоса, ҳамаи ҷонибҳои мусбии истифодаи воситаҳои техникии таълим дар машғулиятҳои забони англисро зикр намуда, таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳеҷ ягон технологияҳои иттилоотӣ навтарин наметавонанд дар дарс омӯзгорро иваз намоянд. Танҳо омӯзгор бо ҷаззобияти шахсӣ ва кордонии сатҳи баланди худ метавонад, дар машғулиятҳои забони англисӣ фазоӣ аз нигоҳи психологӣ мусоидро ба вуҷуд орад.
Адабиёт:
- Полякова Т.Ю. Москва. Высшая школа, 1997. – 100 -102 с.
- Рогова Г.В., Верещагина И.Н. Методика обучения английскому языку на начальном этапе в общеобразовательных учреждениях: Пособие для учителей и студентов педвузов. — М.: Просвещение, 2000.-139 с.
- С.Н. Алиев. Методикаи умумии таълими забонҳои хориҷӣ. Д- 2013 -185 -186 с.
- Рогова Г.В. Методика обучения английского языка.-М.: Просвещение, 2000. — 340 с.
5.Рубинштейн С. Л. Человек и мир // Методологические и теоритические проблемы педагогики. – М., 1969. -87с.
- Сацкая П.Н. Вопросы методики обучения английскому языку в таджикской школе. – Душанбе: Маориф, 1992. -339 с.
- Тенякова Е. А. Learning disabilities (специфические расстройства развития школьных навыков) : тексты для информативного чтения по специальной психологии, дошкольной и коррекционной педагогике : учеб. пособие / Е. А. Тенякова – Чебоксары : Чуваш. гос. пед. ун-т, 2008. –55 с.
8.CкаткинМ. Н. Методология и методика педагогического исследования, Москва, 1986. — 109 с.
- Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000 — 90 с.
- Пассов Е.И. Коммуникативный метод обучения иноязычному говорению. -М.: Просвещение, 1991.-146 с.
Суҳроби Р.С. – докторанти соли аввали кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ассистенти кафедраи забонҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ