Ватан! Он сарзамине, ки баҳри ҳифзаш ҳазорон нафар родмардон ҷон бохтаву бо синаи худ сари роҳи душман сипар гаштаанд. Он диёри биҳиштосое, ки дар домонаш фарзандони донишманд ба воя расидаанд ва бо маънои томаш вуҷуду ҳастии мо, хуни гарми мову дирӯзу имрӯз ва фардои мо аст ва имрӯз Тоҷикистон ном дорад.

Тоҷикистон он пораи хокест, ки дар ҳудудаш тамаддунҳову давлатҳои миллӣ офарида шуда, имрӯз аз он таҷрибаҳо ҷаҳониён истифода мебаранд. Истиқлолхоҳию ҷоннисоркуниҳои тоҷикон дар тӯли дарозои таърих ба қаҳрамонномаҳо табдил ёфта, ҳар як фарди озодихоҳи мо имрӯзи моро дар ин давлати биҳиштосои озод таъмин намудаанд.

Магар фаромӯш карда метавонем, ки сомониёну ҳайтолиён, саффориёни ғуриён ва дигар хонаводаҳои олитабор давлатҳо сохтанд, ғурури миллии тоҷикон, забону фарҳанг ва маданияти оламшумули тоҷиконаро аз қаъри асрҳо то ба имрӯзи музаффариятҳо ҳифз намуданд. Оё метавонем фаромӯш созем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Камол, Ҳофизу Носири Хисрав ва ҳазорон нафар донишмандони тоҷик моро бо забони ноби тоҷикӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаву асарҳои безаволи худро бо забони модариашон офаридаанд?…

На!!! Ҳаргиз на!

Таърих барои миллати тоҷик санҷишҳои зиёде пеши рӯ овардааст. Зарбаҳои муҳлики юнониву араб, муғулу турк ба пайкари миллат моро метавонист аз саҳнаи таърих пурра берун намояд, аммо ҳисси истиқлолхоҳиву озодипарастии халқи тоҷик ба он монеъ гардид.

Ибтидои асри бистум барои миллати тоҷик аз давраҳои тақдирсоз ба ҳисоб рафта, абармардоне аз фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва дигарон ба майдони мубориза қадам ниҳоданд. Аввал таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Ӯзбекистон ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии мустақили умумииттифоқӣ таъсис ёфтани Тоҷикистон ба ҷисми миллат рӯҳи нав барангехт. Аммо ин талошҳо бо қурбониҳои ниҳоят зиёде ба амал бароварда шуд. Дар ҳама ҳолат душманони миллат кӯшиши нодида гирифтани таъриху тамаддун ва ҳастии миллати тоҷикро карданд, вале муваффақ нагардиданд.

Пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ боз душманони миллат баҳри аз байн бурдани давлати тоҷикон кӯшиданд. Онҳо метавонистанд, ки ба мақсади нопокашон бирасанд. Шароити сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он мусоидат карда метавонист.

Дар ин марҳилаи тақдирсози миллат Яздони пок барои миллати тоҷик бахту иқболи наверо дод. Барои ҳифзу низоми давлату миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди сарсупурдаи миллат пой бар майдони сиёсат ниҳод. Ӯ тавонист, ки пеши роҳи ҷанги таҳмилии бародаркушро гирифта, тамоми сохтори фалаҷшудаи давлатро бомаром эҳё намояд, гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонида, сулҳу ваҳдати миллиро ба Тоҷикистон боз орад.

Имрӯз бо заҳмату талоши ин абармардони миллат мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, озоду ҳуқуқбунёд дар харитаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд менамоем.

Ифтитоҳи донишгоҳу донишкадаҳои нав, корхонаву коргоҳҳои муосир, муассисаҳои тиббиву таълимӣ ва маданиву фарҳангии зиёд аз пешрафти Тоҷикистони азиз далолат менамояд.

Сохтмонҳои бузурги саноативу маишӣ, роҳу пулҳо имрӯз бо неруи сохтмончиёни тоҷик амалӣ мешаванд, ҷавонони тоҷик бо неруи созандаву замонавии худ барандаи ҷоизаҳои байналмилалии зеҳнӣ мегарданд, варзишгарони неруманди мо сазовори ҷойҳои ифтихории мусобиқаҳои варзишӣ шуда, парчами миллиамонро баланд мебардоранд.

Имрӯз ҳар як оилаи тоҷик дар пайи зиндагии осоиштаву дар роҳи ободонии Ватани аҷдодӣ аст.

Аммо!!!

Аммо нафароне низ ҳастанд, ки аз бахту иқболи имрӯза ношукрӣ мекунанд, фирефтаи афкори ғаразноки хоҷагони берунаи худ гардида, хор ба пойи миллат халидан мехоҳанд. Онҳо намедонанд, ки пас аз анҷом додани ҳар як хоҳиши он хоҷагони маблағгузор дар мавриди муайян барои онҳо нолозим мешаванд, вале ба он бовар кардан намехоҳанд. Онҳо боварӣ ба он доранд, ки дар сурати ғолибияти хоҷагонашон ба онҳо мансабу пулу моли фаровон насиб хоҳад гашт. Вале онҳо бояд донанд, ки об дар ҳован кӯфтаанд!!!

Имрӯз Тоҷикистон аз давлати солҳои навадуми асри гузашта нест. Ҳоло кишвари мо соҳиби артиши неруманд, сохтори бонизоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, амнияту саодати худ аст. Дар паси ин сохторҳо халқи муттаҳиду ваҳдатсолор ва сулҳдӯсту озодихоҳ истода.

Аммо мо бояд он қадар бепарво ва худбовар ҳам бояд набошем. Зеро “душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон” гуфтаанд. Мо бояд ҷавононро, ки онҳо неруи пешбаранда ва ояндаи миллату давлат мебошанд, ончунон тарбия намоем, ки ҳам муҳофизи шуҷоу ҳам олими забардаст, ҳам сиёсатмадори оқилу ҳам шахси маданӣ бошанд. Зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Роҳбари хирадпешаи давлати худ ҷамъ шаванд ва барои ояндаҳои дурахшони миллат пойдеворҳои мустаҳкам гузоранд.

Миллати тоҷик аз ҳаводиси таърихи вуҷуди худ сабақҳо гирифтааст ва фирефтаи ҳеҷ як макру фиреби бегонагону ғаразхоҳон нахоҳад гардид. Мо Тоҷикистонро хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номидаем ва ин мулки биҳиштосоро бо тамоми вуҷуди худ ҳифз менамоем. Ба муқаддасоти миллат эҳтиром гузошта, онҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳбон шуда, аз онҳо ифтихор мекунем.

Ҳар як қадами мо ба сӯйи ободониву созандагӣ, бунёдкориву эҷодкорӣ хоҳад буд. Мо анъанаҳои зебои аҷдодиро давом дода, бо мардумдӯстиву озодипарастӣ, меҳмондӯстиву истиқлолхоҳӣ, тамаддунофариву фарҳангсолорӣ ҳаёт ба сар хоҳем бурд.

Шукрона аз сулҳу саодат, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, дастархони пурнозу неъмату солимии ҷомеа менамоем, шукрона аз Ватани озоди аҷдодӣ мекунем.

Раҷабов А.А. – н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”.

Юнусов Ф.М. – н.и.и., муаллими калони кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”.

Leave a Comment