Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеа бо хушнудӣ қабул намуда, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои он корҳоро ба нигоҳи наву азми устувор мувофиқи самтҳои мақбули низоми муосир ва дурнамои рушди марҳилаи нав иҷро хоҳад кард.

Дар марҳилаи нави рушд, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафҳои наву стратегиро тарҳрезӣ намуд, ки бо амалисозии онҳо кишвари азизамон ба авҷи тараққиёти худ хоҳад расид.

Дар самти сиёсати давлатии рушди маориф ва илм, ҷанбаҳои такмили фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, рушди фанҳои дақиқ, баланд бардории сатҳу сифати омодасозии мутахассисон ва пешбурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мувофиқи самтҳои афзалиятноки стратегияи миллии рушд, дастуру супориш ва тавсияҳои судманд доданд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат дар замоне ироа гардиданд, ки ҷаҳон дар вазъияти мураккаб қарор дорад. Мушкилоти нооромию низоъҳо, хушунату хунрезиҳо, тағйирёбии иқлиму гармии зиёд поён наёфта буд, ки бемории ҳамагири каронавируси навъи COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ оламро забт карда бо худ садҳо мушкилоти дигарро ба мислӣ: хатари саломатӣ, норасоии доруворӣ, коҳиши истеҳсолот, манъи воридот, амнияти озуқаворӣ, хушунати хонаводагӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ,  паст гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва ғайраро ба бор овард.

Кишвари мо бо вуҷуди ин ҳама мушкитол тавонист тавозунро дар ҳамаи самтҳои фаъолият нигоҳ дорад ва ягон барномаву дастгирии иҷтимоии худро на кам кард ва на қатъ намуд, дар ҳоле, ки кишварҳои аз нигоҳи истеҳсолот рушдёфта ба ҷуз соҳаи тандурустӣ, дигар дар тамоми соҳаҳо чӣ аз маош ва чӣ аз шумори коргарон ихтисорҳо карданд, зеро ба таҳлили мутахассисон иқтисоди ҷаҳон дар сатҳи поёнтар аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Мо марҳила ба марҳила дар тӯли сӣ сол як кишвари тамоман дигар, шукуфою рӯ ба рушд бино намудем ва идома додаистодаем. Ҳукумати мамлакат тамоми саъю талошашро барои ҳарчӣ бештар тақвият додани ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ анҷом додаистодааст, зеро инҳо пояҳои сулҳу субот ва амниятро дар давлат мустаҳкам мегардонанд.

Ҷаҳони муосир бо вуҷуди ҳамин қадар дастоварду пешрафтҳояш боз ҳамин қадари дигар мушкилоту бесарусомониҳоро ба мисли: бегонашавию бегонапарастӣ, ифротгароию иртиҷоишавӣ, бешарафию беномусӣ, носипосию қадрношиносӣ, гум кардани ҳувияту ифтихори миллӣ, раво дидани таҳқиру маломат ба миллати худ ва ғайраро “армуғон” овард.

Пешвои миллат дар тамоми суҳбату вохуриҳо, Паёму муроҷиатҳо ба тамоми қишри ҷомеа ин нуктаҳоро таъкид менамоянд, ки ҳеҷ гоҳ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба умеди “хоҷагон”-и хориҷӣ нашуда давлати худро мо бояд худамон обод кунем.

Миллате, ки чун Фирдавсӣ шоири ватандӯст дорад куҷо шуд то он нидои Фирдавсии бузургворро шунавад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки худу пайванди хеш

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Афсус, имрӯз як идда “тоҷикон” бару бум, кишвару фарзандро бо пули ноҷизу меҳмонхонаҳои аврупоӣ иваз карда миллати худро паст зада кишварро ба коми ҳалокат тела додаистодаанд.

Асоси ободии давлат аз сулҳу субот, тинҷиву оромӣ оғоз мегардад. Давлате, ки орому осуда набошад дар он на истеҳсолот рушд мекунаду на иқтисодиёт. Аз ин рӯ, мо бояд тафаккури солиму созанда дошта бошем, ки ба қуллаҳои фатҳ бирасем.  

Ин мавзӯро Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд намуда гуфтанд, ки: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Ин гуна гурӯҳи худбохта дар мисоли М.Кабирӣ,. М.Садриддин,. Д.Атоуллоев,. Ш.Гадоев, ва чанд зархариди дигар ҳамеша бо пахши маълумоту хабарҳои дурӯғ нисбат ба давлату миллат ва шахсиятҳои алоҳида кӯшиш доранд то мардумро гӯл зананд ва ба беэътимодӣ ва нобоварӣ нисбат ба давлату миллати хеш оварда расонанд.

Хатто дар сахттарин рӯзхо, ки ҳама қавму миллат муттаҳид мешаванд, вале ин тоифа аз мусибату дардҳо суистифода намуда дар авҷи паҳншавии нандемияи каронавирус ба ҷойи тасаллият ва дилбардорӣ, ноҷавонмардона рафтор карда ба тамоми саъю толош иттилооти носаҳеҳро ҳаррӯз паҳн карда ҳангома сохтанд бо ин васила мехостан дар қалби ҳар тоҷикистонӣ тарсу ваҳмро бештар кунанду бар асари  ин хараҷу мараҷро дар кишвар пароканда кунанд. Чи тавре, ки гӯянд “Умри дурӯғ кутоҳ аст” дар як муддати андак маълум гардид, ки дар пасманзари ин чизи диагар мехоҳанд, мардуми шарифи кишвар инро хуб дарк карданд ва ба тарсу воҳима ва таҳлука наафтода зиндагии рӯзмарраи худро давом доданд.

Аммо, ин худбохтаҳо бешарафҳо, бо вуҷуди тамоми шармандагиҳояшон дарси ибрат нагирифтанд ва ба худ наомаданд ва ҳамеша аз шиорҳои диниву мазҳабӣ суистифода намуда худро “поку бо виҷдон” вонамуд карда шеваҳои гуногуни дурӯғафканӣ ва фирефтани миллати шарифи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳ монда истодаанд ва дар пайи эҷоди тавтеаҳои нав ва мағзшӯии ҷавонон ҳастанд. Вале имрӯз кишвар дигар дар он вазъияте қарор надорад, ки он хоинони миллат бо сарпарастии хоҷагони худ фазои орому осудаи ин миллатро халалдор карда тавонанд. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода кори душманро андак нагирем ва ҳамеша муборизаро бо шеваҳои худи онҳо ба роҳ монем.  “Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу но