Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

Мақсади тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Зимнан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёрҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон равона шудаанд. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмин падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Рафтори қонунӣ дар ҳаёти оилавӣ риояи маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқиро талаб мекунад. Ҳар кадоме аз ин меъёрҳо амалҳои ҳуқуқии алоҳидаро муайян менамояд. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзоёни оила аз асосҳои пешбининамудаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд.

-Ҳуқуқҳои кӯдакони ноболиғ дар боби 11-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

-Ҳуқуқи кӯдак  барои зиндагӣ  ва тарбия дар оила (моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бандҳои зеринро дар бар мегирад:

а) ҳуқуқи зиндагӣ ва тарбия дар оила;

б) ҳуқуқи ғамхорӣ аз тарафи падару модар;

в) ҳуқуқи то қадри имкон донистани падару модари худ;

г) ҳуқуқи зиндагии якҷоя бо падару модари худ;

ғ) ҳуқуқи таъмини манфиатҳои худ;

д) ҳуқуқи тарбия аз тарафи падару модари худ;

Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.                    

Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд. Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Одоб аз илм афзал аст. Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи хубу одоб ва хулқи накӯ парвариш намоем. Гузаштагони мо мақоми баланди панду ҳикматро нишон дода, онро «тилисми сеҳрангези омӯзиши ҳаёт ва зиндагии одамият» номидаанд.                                                                                                          

Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯшан ба зуҳур мерасад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гаштани Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дарки масъулияти баланд сиёсати давлатро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ташаббуси аҳли ҷомеа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетараф набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд. Дар ин росто, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатӣ бар он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Моҳияти ин Қонун аз ҷониби падару модарон ва бахусус, зиёиёни кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.

Масалан, боби 2-и Қонуни мазкур, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд номгузорӣ шудааст, муқаррароти зеринро дар бар мегирад

  • баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар (моддаи 6);
  • ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (моддаи 7);
  • уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд (моддаи 8);
  • уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд (моддаи 9).

Мазмуни асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил менамояд. Уҳдадории падару модар аз он иборат аст, ки онҳо бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, ки фарзандонашон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул бошанд. Масалан, дар моддаи 6-и Қонуни мазкур омадааст, ки падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар баробари ин, Қонуни мазкур уҳдадории мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоеро, ки масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандонро танзим мекунанд, муқаррар намудааст (боби 4). Инчунин баъзе чораҳои дигар низ пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо фақат ба манфиати наврасону ҷавонон равона шуда, барои пешгирӣ намудани онҳо аз таъсири ҳар гуна зуҳурот ва амалҳои номатлуб мусоидат менамоянд. Илова бар ин, барои ноболиғон тамошои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ доранд ва дар вақти шабона рафтани онҳо ба марказҳои дилхушӣ қатъиян манъ гардидааст.

Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд, зеро фарзанд аз они онҳост. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки худашон маърифати инсонӣ надоранд. Муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас, чӣ хел фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол мерасад? Онҳо дар оила дағалмуомила ҳастанд. Кӯдак дағаливу муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор хоҳад кард. Барои ҳамин, Қонуни мазкур имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар ҳамин радиф, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки  “Фарзанд меваи умри  одамизод аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад”.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» аз дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан фарқ дошта, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пойдории оила мебошад.

Инчунин, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар ва давлатро дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 3-и ҳамин Конвенсия, давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, ки бо дарназардошти ҳуқуқу вазифаҳои падару модари кӯдак, сарпарастон ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъул, ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои некӯаҳволии ӯ зарур мебошад ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдорро андешанд.

Бинобар ин, ояндаи кишвари мо ба тарбияи дурусти насли ҷавон вобастагӣ дорад. Зеро ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Яъне, ба таври дигар, агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлолият тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба тарбияи насли наврасу ҷавон бо масъулияти баланд муносибат намуда, фаъолиятамонро ба талаботи замони имрӯзаи рушди илму техника мутобиқ гардонем  ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдӯст ва босаводу соҳибкасб аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки тарбияи дурусти насли ҷавон вазифаи аслии мост.

Сатторова М.Қ.-мудири шуъбаи талкилию тарбиявии донишгоҳ.

Leave a Comment