Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси кафедраи “Технологияи коркарди нахҳои табиӣ” Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои асосии коркарди пурраи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва 65-солагии таъсисёбии кафедраи “Технологияи коркарди нахҳои табиӣ” баргузор гардид.

Кори конференсияро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия – Абдулло М.А. ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотии ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ.-ро ба иштирокчиён қироат намуд.

Дар рафти ҷаласаи ифтитоҳии конференсия Азизов Ю.С. – мудири кафедраи мазкур дар мавзӯи “Нақши кафедра дар дирӯз, имрӯз ва фардои саноати нассоҷӣ”, Муҳаммадиев А.М. дар мавзӯи “Зина ба зина коркард намудани нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ” ва Иброгимов Х.И. дар мавзӯи “Такмилдиҳии технологияи омодасозии пахта ба раванди коркарди асосӣ” маърӯза карданд.

Пас аз маърӯзаҳо атрофи мавзӯъҳои мазкур муҳокимаронӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кори конференсия дар сексияҳои гуногун имрӯз ва пагоҳ давом менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment