Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи низомномаи баргузории озмун баргузор карда шуд.

Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда шуд:

-адабиёти классикӣ;

-адабиёти муосир;

-адабиёти бачагона;

-адабиёти ҷаҳон;

-шоирӣ.

Вобаста ба номинатсияи озмун 50 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд, ки барои омодагии онҳо устодони кафедраи забонҳо вобаста гардидаанд.

Аъзои ҳакамон аз ҳисоби умумии иштирокчиён беҳтаринҳоро интихоб намуда, ба даврҳои навбатӣ тавсия медиҳанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment