Нимаи аввали имрӯз донишҷӯёни кафедраи “Меъморӣ ва дизайн”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо дастовардҳои эҷодии худ дар чорабинии намоишии бахшида ба вусъат бахшидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Инчунин дар боғи Ирами пойтахт донишҷӯёни кафедраҳои “Меъморӣ ва дизайн” ва “Металлургия”-и донишгоҳ дар даври ҷамъбастии фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ширкат намуда, натиҷаи дастовардҳои эҷодию маҳоратии худро намоиш доданд.

Боиси қайд аст, ки ҷавонони донишгоҳ дар ин гуна чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, аз ватанпарастию миллатдӯстӣ ва эҳтироми суннатҳои миллии худ дарак медиҳанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment