Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи илм конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони “Илм – асоси рушди инноватсионӣ” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ тамоми иштирокчиёни конференсияро шодбош гуфта, нақши илмро дар рушди инноватсионӣ яке аз омилҳои асосӣ унвон намуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ якчанд мавзӯъҳои мубрами илмию инноватсионӣ эрод гардиданд.

Дар охир ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи макърифат” муаррифӣ ва бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Идомаи кори конференсия дар бахшҳои гуногун имрӯз ва пагоҳ давом мекунанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment