Дирӯз дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Давлатзода Қ.Қ. – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ намояндагони донишгоҳ барои дастгирию тасаллияти сокинони аз офати табиӣ зарардида ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар маҳали парасторию расонидани кумакҳо ба ин мардуми гӯшаи кишвар намояндагони донишгоҳ аз аҳволи буду боши мардуми офатзада огоҳӣ пайдо намуданд.

Боиси қайд аст, ки устодону кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар арафаи иди саиди Фитр маблағи муайянеро баҳри дастгирию кумаки дармондагону нотавонон ва эҳтиёҷмандон ҷамъ оварда, бо роҳбарии ректори донишгоҳ ва намояндагони сохтори донишгоҳ ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фиристоданд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо қадамҳои устувор сиёсати хирадмандонаи Роҳбари хирадманду мардумпарвари кишвари хешро дастгирӣ намуда, баҳри амалисозии тамоми барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои наҷибонаи кишвар мекӯшад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment