Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06 соли 2016, №9/41 тасдиқ карда шудааст.)
- Муқаррароти умумӣ
1.1. Тартиби мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, қоидаҳои ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конгрессҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла бо ҷалби мутахассисони хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
1.2. Конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конгрессҳо, симпозиумҳо ва ғ. (минбаъд: чорабиниҳои илмӣ) барои густариши дастовардҳои навтарини илмӣ, муаррифсозии натиҷаҳои нави илмӣ, муҳокимаи проблемаҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни илм, интишори адабиёти илмӣ, методӣ ва маълумотномавӣ, чопи нашрияҳои даврии илмӣ, аз ҷумла бо дарҷи натиҷаҳои фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин бо мақсади дастгирӣ ва рушди заминаи илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва моддӣ-техникӣ гузаронида мешавад.
1.3. Роҳбарии фаврии чорабиниҳои илмӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешаванд, аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ амалӣ мегардад.
1.4. Кумитаи ташкилӣ ё тадорукот фаъолияти худро оид ба ташкили чорабиниҳои илмӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ мемонад:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»;
- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо оид ба ҳуқуқи муаллиф, патентҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба моликияти зеҳнӣ;
- санадҳои меъёри ҳуқуқии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, аз ҷумла санадҳое, ки таҳвили маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасониро барои қонеъ намудани талаботи давлатӣ ба танзим медароранд;
- фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- фармоишҳои ректор ва муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- Тартиби мазкур.
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳаи маориф ва илм.
1.5. Чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи нақшаҳои зерин гузаронида мешаванд:
— Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тасдиқ карда мешавад;
— Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст;
— Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, ки аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои он тасдиқ шудааст.
1.6. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола, чун қоида, конференсияи умумии илмӣ-назариявии ҳайати устодону омўзгорон ва донишҷўён (ҳафтаи сеюм ва чоруми моҳи апрел) ва конференсияи умумии илмӣ-методии ҳайати устодону омўзгорон (ҳафтаи сеюм ва чоруми моҳи ноябр) ба таври ҳатмӣ гузаронида мешаванд.
1.7. Чорабиниҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти лии касбӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи байналмилалӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешаванд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳоро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муайяншуда барои тасдиқ пешниҳод менамоянд (замимаи 1).
- Тартиби омода кардани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ
- Аз тарафи ташаббускори гузаронидани чорабиниҳои илмӣ маҷмўи ҳуҷҷатҳо омода мегарданд, ки ба онҳо дохил мешаванд:
а) ариза ба номи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот, ки тибқи шакли пешбининамудаи Низомномаи мазкур (замимаи 2) тартиб дода шудааст;
б) Барномаи намунавии чорабиниҳои илмӣ;
в) Пешниҳодҳо дар бораи ҳайати кумитаи ташкилӣ ё тадорукот.
- Маҷмўи ҳуҷҷатҳои зикршуда ба ҳамоҳангсози гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-амалии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод карда мешавад. Муҳлати пешниҳод кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо на камтар аз 6 моҳ то таърихи аз ҷониби кумитаи ташкилӣ ё тадорукот ба нақша гирифташударо ташкил медиҳад.
- Ҳамоҳангсоз:
а) Маҷмўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, ба онҳо имзо мегузорад;
б) Барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод менамояд;
в) Дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар вақти таълимӣ рўйхати синфхонаҳо (аудиторияҳо) ва вақти гузаронидани чорабиниҳои илмиро бо сардори шуъбаи таълимӣ-методӣ ҳамоҳанг месозад;
г) Дар мавриди аз муҳлати нишондодашуда дер пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо, тасдиқи аризаи чорабиниҳои илмӣ метавонад аз рўи тартиби инфиродӣ, баъди ҳамоҳанг кардан бо муовини ректор оид ба корҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда шавад.
2.4. Байни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташаббускор оид ба хизматрасонӣ дар чорабиниҳои илмӣ, ки барои гузаронидани онҳо зарурат вуҷуд дорад, шартнома баста мешавад:
а) Шартномаи мазкурро ҳамоҳангсоз бо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, сармуҳосиб, сардорони сохторҳои ҳуқуқӣ ва банақшагириву молиявӣ ҳамоҳанг месозад;
б) Баъди ҳамоҳангсозӣ шартнома аз тарафи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расонида мешавад.
2.5. Нусха аз маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва нусхаи шартнома барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар кумитаи ташкилӣ ё тадорукот нигоҳ дошта мешавад. Асли шартнома дар муҳосиботи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нигоҳ дошта мешавад.
2.6. Дар як моҳи тақвимӣ на бештар аз як чорабинии ҳамон як сатҳ ва оид ба ҳамон як мавзўи илмӣ гузаронидан мумкин аст. Сатҳи чорабиниҳои илмӣ тибқи Низомномаи мазкур (замимаи 3) муайян карда мешавад.
- Маводи чорабиниҳои илмӣ
3.1. Барои омодагии гузаронидани чорабиниҳои илмӣ тартиби намунавии зерини корҳои омодагӣ муқаррар карда мешавад: омода намудани номаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиёни имконпазир (ё эҳтимолӣ)-и чорабиниҳои илмӣ, қаблан, аз тарафи шахсоне, ки чорабиниҳои илмиро мегузаронанд, амалӣ карда мешавад. Номаҳои иттилоотӣ бояд тамоми маълумоти заруриро дар бораи чорабиниҳои илмӣ дошта бошанд, аз ҷумла: номи чорабиниҳои илмӣ, шакл, муҳлат ва ҷои гузаронидани онҳо, таърихи рўзҳо, шахси масъул (рўйхати кумитаи ташкилӣ ё тадорукот), телефонҳо барои тамос, суроғаи электронӣ, нишонии котиботи чорабиниҳои илмӣ, ҳаҷми пардохти ташкилӣ барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, реквизитҳои пардохтии ташкилот, қоидаҳои тартиб додани тезисҳо (мақолаҳо), маърўзаҳо ва иттилооти дигари зарурӣ.
3.2. Фиристодани номаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиёни имконпазир аз тарафи шахсони масъул оид ба гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ё аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот (вобаста ба шакли хизматрасониҳо, тибқи шартнома) амалӣ карда мешавад.
- Гузаронидани ҷаласаҳо дар чорабиниҳои илмӣ
- Гузаронидани ҷаласҳо дар бахшҳои чорабиниҳои илмӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси аризаҳо ва шартномаҳое гузаронида мешаванд, ки ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ имзо кардааст.
- Омода кардани синфхонаҳо, таҷҳизоти мултимедиявӣ аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот дар муҳлатҳои дар ариза нишондодашуда амалӣ карда мешавад.
- Расонидани хизматҳои дигар (ғизо, ҷойи либосовезӣ — гардероб, таҷҳизоти техникӣ) аз тарафи кумитаи ташкилӣ ё тадорукот тибқи шартнома амалӣ карда мешавад.
- Масъулият
- Роҳбари кумитаи ташкилӣ ё тадорукот барои ташкили чорабиниҳои илмӣ ва иҷрои талаботи бехатарии техникӣ масъул аст.
- Маблағгузорӣ
- Маблағгузории чорабиниҳои илмӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилкунандагон, иштирокчиёни чорабиниҳои илмӣ ё аз ҳисоби маблағҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, амалӣ карда мешавад.
VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
7.1. Тағйироту иловаҳо ба Тартиби гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси талаботи Низомномаи мазкур бо қарори Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ворид карда шуда, аз ҷониби ректор тасдиқ карда мешаванд.
Замимаи 1.
№ | Номгўи
чорабиниҳо |
Макони гузаронидани чорабинӣ ва масъулони он | Вақти баргузорӣ (моҳ), давомнокӣ (рўз) | Шумораи иштирокчиён | Вазорату муассисаҳое, ки дар кори ҷаласа иштирок мекунанд |
Замимаи 2.
Ариза
барои дохил намудани чорабинии илмӣ ба нақшаи чорабиниҳои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
1 | Шакл, ном ва сатҳи чорабинии илмӣ |
2 | Шахси масъул барои гузаронидани чорабинии илмӣ (индекс, нишонӣ, телефон, факс,e-mail) |
3 | Вақт ва таърихи гузаронидани чорабинии илмӣ (таърихи рўз, моҳ, сол ва миқдори рўзҳои баргузорӣ) |
4 | Ҷойи гузаронидани чорабинии илмӣ-амалӣ (миқдори толорҳо, ҷойҳои дигар) |
5 | Миқдори иштирокчиёни чорабинии илмӣ-амалӣ (ҳамагӣ, аз ҷумла, аз шаҳрҳо ё давлатҳои дигар) |
6 | Аъзои кумитаи ташкилӣ ё тадорукоти чорабинии илмӣ |
7 | Иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ |
8 | Иштироки намояндагони байналмилалӣ (агар дар нақша бошад) |
9 | Манбаи маблағгузории чорабинии илмӣ |
Шахси масъули ташкили чорабинии илмӣ
________________ __________________________
Вазифа Имзо Ному насаб
Таърихи рўз
Замимаи 3.
Шакли чорабиниҳои илмӣ ва хусусиятҳое, ки сатҳи онҳоро муайян мекунанд
- Шакли чорабиниҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Чорабиниҳои илмӣ дар чунин шаклҳо ташкил карда мешаванд:
- конгресс – ҳамоиши бузург одатан дар бораи масъалаҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта;
- анҷуман – ҳамоиш (съезд)-и намояндагони ин ё он ташкилотҳо, гурўҳҳо, инчунин шахсони алоҳида, олимон барои муҳокимаи масъалаҳои сатҳи минтақавӣ ё умумиҷумҳуриявӣ;
- конференсия – машварати бузурги намояндагони ин ё он ташкилотҳо, гурўҳҳо, инчунин шахсони алоҳида, олимон барои муҳокимаи масъалаҳои муайян;
- симпозиум – машварат, конференсия оид ба масъалаи махсуси илмӣ;
- форум – ҳамоиши бонуфузи оммавӣ, анҷуман;
- семинар – шакли машғулиятҳои гурўҳӣ оид ба ин ё он проблемаҳои илмӣ, таълимӣ ва проблемаҳои дигар, аз тарафи иштирокчиён муҳокима шудани маърўза, гузоришҳои қаблан омодашуда;
- машварат – ҷаласа, ҳамоиш, ки ба муҳокимаи ин ё он масъалаи махсус бахшида шудааст;
- мизи мудаввар – шакли муҳокимаи ин ё он проблема, ки дар он баранда моҳияти проблема, нуқтаҳои назари мухталиф ва роҳҳои ҳалли онро муайян карда, сипас ба иштирокчиён имкон медиҳад (одатан ба қаблан омодашудагон), ки андешаҳои худро баён намоянд ва суханронии онҳоро тафсир мекунад;
- мастер-класс – намоиши ин ё он технология ва ё маҳорат аз тарафи устоде, ки дар касби худ маҳорати хуб дорад;
- тренинг – семинаре, ки дар он тавассути машғулиятҳои амалӣ диққати асосӣ ба коркард ва ё таҳкими ин ё он малака дар шунавандагон равона карда мешавад.
- Аломатҳои муайянкунандаи сатҳи чорабиниҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Сатҳи чорабиниҳои илмӣ вобаста ба як ё якчанд аломатҳои дар поён номбаршуда муайян карда мешавад.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин «байналмилалӣ» ҳисобида мешавад:
а) ҳаммуассисони чорабинӣ шахсонии ҳуқуқии хориҷӣ бошанд;
б) иштирокчиён аз на камтар аз ду давлат бошанд.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин «бо иштироки намояндагони байналмилалӣ» ҳисобида мешавад:
а) дар маводҳои чорабинӣ тезисҳои муаллифони хориҷии на камтар аз ду давлат чоп шудааст;
б) иштирокчиёни хориҷӣ аз на камтар аз як давлат бошанд.
- Чорабинии илмӣ сатҳи «ҷумҳуриявӣ» ҳисобида мешавад, агар:
а) иштирокчиён намояндаи на камтар аз се минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд;
б) ҳаммуассисони чорабинӣ шахсони ҳуқуқӣ бошанд.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байниминтақавӣ» ҳисобида мешавад:
а) ҳаммуассисони чорабинӣ шахсони ҳуқуқӣ буда, на камтар аз 1 минтақаи дигарро намояндагӣ менамоянд;
б) иштирокчиён аз минтақаҳои дигар бошанд.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «минтақавӣ» ҳисобида мешавад:
а) ҳаммуассисони чорабинӣ шахсони ҳуқуқии минтақа бошанд;
б) дар кори чорабинӣ намояндагони минтақа ширкат варзанд.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байнидонишгоҳӣ» ҳисобида мешавад:
а) ҳаммуассисони чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мухталифи кишвар мебошанд;
б) иштирокчиён аз на камтар аз ду муассиса бошанд.
- Чорабинии илмӣ дар мавридҳои зерин сатҳи «байникафедравӣ» (ё «дохилидонишгоҳӣ», «дохилидонишкадавӣ») ҳисобида мешавад:
а) ҳаммуассиони чорабинӣ намояндагони кафедраҳои мухталифи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошанд;
б) ба кумитаи ташкилӣ ё тадорукоти чорабинии илмӣ на камтар аз 1 нафар иштирокчӣ аз кафедраи дигар дохил мешавад.