Шуъбаи кор бо ҷавонон дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз шохаҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад, зеро рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.
Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.”
Шуъбаи кор бо ҷавонон яке аз субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавононро дар сохтори Донишгоҳ буда, дар доираи принсипҳои зерин кор ва фаъолиятро ба роҳ мондааст:
- тарбияи мутахассисони аз ҷиҳати касбӣ, равонӣ ва сиёсӣ устувор, ки қобилияти касбии худро дар шароити гуногунии моликият ва ноустувории иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир татбиқ карда тавонанд
- тарбияи ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ низ дошта бошанд
- тарбияи мутахассисони дорои ахлоқи ҳамидаи инсониву касбӣ
Шуъбаи кор бо ҷавонон кори худро мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин барномаҳои давлатии “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон то соли 2020” ва пай дар пай амалигардонии “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият намуда истодаст. Вобаста ба ин шуъбаи кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо Шӯрои худидоракунии донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва Донишгоҳ, Шӯрои кураторон, клуби варзишӣ ва гурӯҳҳои сегонаи факултетҳо, ки аз сардори гурӯҳ, сардори иттифоқи касабаи донишҷӯён ва сардори созмони ҷавонони гурӯҳ ҳамкорӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузошта шуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳафт Созмони ҷавонони факултетҳоро муттаҳид месозад:
- Созмони ҷавонони факултети М ва КН
- Созмони ҷавонони факултети Нақлиёт
- Созмони ҷавонони факултети С ва М
- Созмони ҷавонони факултети ТИ ва К
- Созмони ҷавонони факултети ТИ
- Созмони ҷавонони факултети Энергетикӣ
- Созмони ҷавонони факултети ДМТБ

Хушвахтов Аслам
Раиси созмони ҷавонони Энергетикӣ
Фаъолияти бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрию ҳуқуқии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Раёсати донишгоҳ, шӯъбаи тарбия фаъолияти равона гардидааст. Ҳамзамон, бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Инчунин дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ ва самтҳои дигар дар шахсияти ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад.
Донишҷӯён, олимони ҷавон, имрӯз дар фестивал, ҳамоишҳо, аксияҳо, роҳпаймоӣ, озмунҳо ва мизҳои мудаввари аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд, фаъолона иштирок намуда соҳиби дипломҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо гардиаанд.
Ҷавонони Донишгоҳ, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнеро анҷом додаанд, ки соҳиби ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” гаштаанд, дигар дастовардҳои назарраси ҷавонони донишгоҳ ин ҳам бошад дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол” ҷойи аввал ва дар озмуни “Ихтироъкорони ҷавон” соҳиби дипломи дараҷаи аввал, дар фестивали “Таронаи донишҷӯ” сазовори ҷойи сеюм ва дар бозиҳои донишҷӯйи Осиё оид ба бокс соҳиби медали тилло гаштаанд.
Ҳамкориҳои шуъба айни замон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташкили гурӯҳи “Дружиначиҳои ихтиёрӣ”, ки барои пешбурди корҳои таъмини тартиботи ҷамиятӣ ба роҳ монда шудааст, назаррас мебошад. Самти фаъолияти дружиначиёни ихтиёрии Донишгоҳ дар ҳайати 60 нафар имрӯз дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе ҳамарӯза ба роҳ монда шуда, кормандон ва донишҷӯёни фаъоли ин гурӯҳҳо, бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдони шудаанд.
Ташкилоти ҷамъияти ҷавонони «Созандагони Ватан» дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудаст ва имрӯз ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи пешбарандаи стратегияи давлатии ҷавонони ҷумҳурӣ мебошад, ки бо он шуъба ҳамкории зич дошта, дар таъсиси дарсҳои сиёсӣ дар байни ҷавонон барнома ва чорабиниҳои сатҳи гунонгун ҳамарӯза гузаронда мешаванд.
Вазифаи муҳимтарини мо ҷавонон ба ифодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст: “Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.”