Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия ва омодасозии тахассусии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Тарбияи ҷисмонӣ барои обутоби ҷисмонӣ, ҳифзи саломатӣ, таъмини қобилияти баланди коршоямӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён роҳандозӣ мешавад. Дар донишгоҳ ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон ба фаъолияти варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Барои фаъолиятҳои варзишӣ-тандурустӣ ва ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён дар донишгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Донишгоҳ дорои пойгоҳи муосиру муҷаҳазшудаи варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳо, толорҳои варзишӣ, истироҳатгоҳи варзишӣ дар дараи зебоманзараи Варзоб, ки беҳтарин мавзеъ барои гузаронидани омодагиҳо ва машқҳои варзишгарон, ҳамчунин истироҳати донишҷӯёну омӯзгорон дар мавсими тобистон мебошад. Ҳамасола мусобиқаҳои варзишӣ миёни факултетҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор мегардад. Дар тарбияи варзишгарони варзида ва оммавӣ намудани варзиш, кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ саҳми босазо дорад. Дар байни донишҷӯёни донишгоҳ қаҳрамонҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, барандагони ҷойҳои намоёни мусобиқаҳои байналмилалӣ, устодони варзиши сабуки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Аз соли 1979 дар донишгоҳ клуби варзишии «Политехник» фаъолият менамояд. Фаъолияти муштараки клуби варзишӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ  барои рушди соҳаи варзиши донишгоҳ мусоидат менамояд. Тими варзишии донишгоҳ, борҳо дар мусобиқаҳои гуногуни шаҳрию ҷумҳуриявӣ баромад намуда, ғолиб баромадааст. Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки тими футболи донишгоҳ соли 1972 ба дарёфти Ҷоми ҶТ ноил гардида, борҳо қаҳрамони сол ва барандаи ҷойҳои намоёни мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол гардида буд. Дар солҳои истиқлолият бошад аз ҷумлаи донишҷӯёни донишгоҳ, варзишгарони  варзида тарбия ёфтаанд. Анъанаҳои варзидаи донишгоҳ босамар идома дошта, рушду такомул меёбад ва пойгоҳи варзишии он устувор мегардад.

Тими мунтахаби донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла дар мусобиқаҳои Созмони байналмилалии варзишии донишҷӯён ва Созмони байналмилалии варзишии донишҷӯёни Осиё фаъолона ширкат намуда, ба дарёфти ҷойҳои намоён сазовор гардидааст.

Фаъолияти варзишӣ-оммавӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои тақвияти саломатии донишҷӯён дар тарғиби тарзи солими ҳаёт ёрии амалӣ расонида, тавассути тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар омода намудани мутахассисони варзида кашфи варзишгарони неруманд ва тими шоиста барои ширкат дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, мусоидат менамояд.