Зан — Модар аз азал дар шинохти миллати тоҷик тимсоли зебоиву покизагӣ, меҳрубониву зиндагиофарӣ, инчунин ватандориву қаҳрамонӣ мебошад. Дар тӯли таърихи мавҷудият аҷдодони мо ба зан-модар ҳамеша арҷ гузошта, ҷойгоҳи онро дар дилу дида муайян кардаанд.
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарон аз рӯи Низомнома амал менамояд. Шӯро мақоми машваратӣ буда, яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишгоҳ маҳсуб меёбад. Роҳбарии Шӯрои занонро мутахассиси бахши кор бо занон ба ӯҳда дорад.
Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи –и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Ҳадафи асосии таъсиси Шӯро мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад. Шӯрои занон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.