SharipovSh
Saidov

Шарипов Шуҳрат

мудири шӯъба

+(992)-93-888-08-66

Саидов Бозоралӣ

ташкилотчӣ

+(992)-37-223-07-78; +(992)-93-554-77-00

 

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ корҳои таблиғотию идеологӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар ташаккули ҳамаҷониба ва эҷодии муҳандисони оянда нақши муҳим доранд, бо мувафақият гузаронида мешаванд.

Яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин чорабиниҳо ва иқдомот бо иштироки фаъоли донишҷӯён муҳим шуморида мешавад:

  • Фаъолияти босамари ташкилотҳои донишҷӯён
  • Баргузории ҷаласаҳои мубоҳисавӣ
  • Ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ
  • Ташкили иштирок ва дидори донишҷӯён аз намоиши театрҳо, барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳо
  • Баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар, дарсҳои кураторӣ ва шабнишиниҳои мавзӯӣ

Донишҷӯён ҳамасола дар барномаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамоянд. Бо донишҷӯён дар мавзӯи эҳтироми муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Тарбияи ватандӯстии шогирдон онҳоро бо низоми арзишҳои фарҳангӣ, эҳтироми қонун ва меҳнат ошно мегардонад.

Дар донишгоҳ низоми тақдир ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён амал мекунад. Донишҷӯёни муваффақ бо стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Шӯрои олимони донишгоҳ, инчунин бо дигар стипендияҳои байналмилалию соҳавӣ, сарфароз гардонида мешаванд. Вохӯрии донишҷӯён бо Раёсати донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҳамасола баргузор мегардад.

Донишҷӯёни аз ҷиҳати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ниёзманд аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша дастгирӣ ва мавриди пуштибонӣ қарор мегиранд. Ин амал дар сурати расонидани ёрии моддӣ, додани имтиёзҳо ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат ва аз саробон маҳрум татбиқ мегардад.

Дар сохтори донишгоҳ иттифоқи касабаи донишҷӯён ва шӯрои донишҷӯён амал мекунанд, ки дар сафҳои худ донишҷӯёни фаъол ва эҷодкорро муттаҳид кардааст. Дар ҳамаи факултетҳо шӯрои донишҷӯён, шӯрои сардорони гурӯҳҳо ва ҳайати таҳририяи рӯзномаҳои донишҷӯён амал мекунанд, ки барои рушди идоракунии факултетҳо мусоидат менамоянд. Фаъолияти ташкилоти ҷавонони донишгоҳ ба ҷалби васеъи донишҷӯён ба корҳои оммавӣ — фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбияи эстетикии онҳо равона гардидааст. Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён барои ҳамоҳангсозӣ  ва амалӣ кардани чорабинӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва устодон дар таъмини иҷтимоии онҳо, ташкили шароити таҳсилу кор ва истироҳат, фаъолият менамоянд.