Муқаррароти умумӣ

Шӯрои методии донишгоҳ (ШМД) узви коллективии доимамалкунанда дар назди ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҳисоб меравад. ШМД самтҳои асосии корҳои методиро дар донишгоҳ кор карда баромада, якҷоя амал намудани факултетҳо, кафедраҳо ва дигар қисмҳои таркибии донишгоҳро, ки дар раванди таълим дар самти корҳои методӣ фаъолона иштироккунандаро мувофиқат намуда, инчунин барои ҷорӣ кардани самтҳои ояндадорӣ таъминоти илмӣ-методии раванди таълим бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисон мусоидат менамояд.

ШМД дар фаъолияти худ мувофиқи қоида ба ҳуҷҷатҳои меъёрии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумоти олӣ ва хатмӣ баъди донишгоҳӣ оиди тарақиёт ва такмилдиҳии  дониш, инчунин Низомномаи донишгоҳ, Муқаррароти амалкунанда, қарорҳои Шӯрои олимон,  фармонҳо ва дастурҳои ректор амал менамояд. Доираи салоҳияти ШМД тайёр кардани дастурҳоро дар самти фаъолияти таълимӣ-методӣ дар бар мегирад.

Фаъолияти Шӯрои  методӣ

Самтҳои асосии фаъолияти ШМД:

— Банақшагирии стратегӣ ва мутобиқати кори таълимию методӣ бо мақсади мукаммал намудани сифати таълими донишгоҳӣ. Мониторинг, таҳлил ва баҳо додани сифати корҳои таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ.

— Мусоидат намудан барои таъминоти факултетҳо ва кафедраҳо бо ҳуҷҷатгузориҳои меъёрӣ-методӣ ва адабиётҳои таълимӣ-методӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия гардидааст.

— Барои фаъолияти таълимию методӣ дар донишгоҳ мусоидат намудан.

— Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тайёрӣ ба литсензиякунонӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи донишгоҳ иштирок намудан.

Ташкили фаъолияти Шӯрои методӣ

— Кори ШМД –ро раис (муовини ректор оид ба таълим) роҳбарӣ менамояд, дар мавриди иштирок надоштани он – муовини раис.   ШМД –ро раис дар маҷлисҳои ректор ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо оиди корҳои таълимӣ-методӣ муаррифӣ менамояд.

— Фаъолияти ҷории ШМД аз тарафи идораи таълимӣ-методӣ  ИТМ таъмин карда мешавад.

— ШМД мутобиқи нақшаи солона фаъолият менамояд, ки дар асоси мақсадҳои стратегии донишгоҳ дар доираи таъмин намудани сифати таълим ташкил ёфтааст ва аз тарафи гуруҳи кории ШМД (раис, муовини раис, раисони ШМ факултетҳо, роҳбарони комиссияҳои методии назди ШМД) мукамал гардида, охири соли таҳсили ҷорӣ дар маҷлиси Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

— Раиси ШМД оиди фаъолияти яксола ба Шӯрои олимони донишгоҳ ҳисобот пешниҳод менамояд.

— Барои ҳалли масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, тайёрӣ ба маҷлисҳо, гузаронидани санҷишҳои назди ШМД, гӯруҳҳои кории мувақатӣ ва комиссияҳои доимамалкунанда таъсис дода мешаванд. Кори комиссияҳо ва гуруҳҳои корӣ аз рӯи нақша назорат мегардад, ки дар маҷлисҳои ШМД аз тарафи роҳбарони ин комиссияҳо ва гӯруҳҳо тартиб дода шудааст, қабул карда мешавад. Роҳбарони комиссияҳо ба раиси ШМД оиди натиҷаҳои кори комиссия, тавсияҳо оиди  мукаммалкунии раванди таълим ва нақшаҳои кор барои соли таҳсили оянда дар охири соли таҳсил ҳисобот пешниҳод менамоянд.

— Маҷлиси ШМД мутобиқи нақшаи корӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар давоми нимсола гузаронида мешавад. Рӯзномаи маҷлиси минбаъда ва маълумотҳо ба он ба аъзоёни ШМД пешакӣ фиристода мешаванд. Маҷлиси ШМД барои ҳамаи кормандони донишгоҳ кушода ба ҳисоб меравад.

— Қарорҳои ШМД барои иштироккунандагони аъзоёни ШМД кушода қабул карда мешавад. Қарори ШМД қабулгардида ҳисобида мешавад, агар барои он на камтар аз 50 % аз шумораи иштироккунандагон овоз дода бошанд.

— Қарорҳои маҷлиси ШМД дар намуди мактубҳои методӣ ва хабарӣ, қарорҳо, дастурҳо, лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои олимон ва лоиҳаҳои фармонҳои ректор тартиб дода мешаванд.