Таҳсилоти фосилавӣ — тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад.
Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он иборатаст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ, пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) азхуд мешавад.
Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавонад аз имконоти мавҷуда истифода намояд.
Системаи таҳсилоти фосилавии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар шабакаи глобалии Интернетӣ (techuni.tj) фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.
Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд.
Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.
Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.
Системаи мазкур ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:
- алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)
- дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (слайдҳо, презентатсияҳои овознок, видеофрагментҳои дарс)
- Истифода бурдани китобхонаи электронӣ
- Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
- Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
Устод ҳангоми воридшавӣ ба система ба саҳифаи худ дохил мешавад, ки дар он мувофиқи сарбории ӯ рӯйхати фанҳое, ки дар нимсолаи ҷорӣ дарс медиҳад, ҷой дода шудааст. Устод метавонад барои гурӯҳи интихобшуда маводҳои худро дохил намояд.
Имкониятҳое, ки ба устод пешбинӣ шудааст:
- Гузоштани ахборот ё эълони нав дар гурӯҳи худ
- Иваз намудани профили худ (ба монанди, парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
- Тартиб додан ва сабти маводҳои имтиҳонӣ барои санҷиши ниҳоӣ
- Тартиб додан ва сабти маводҳо барои санҷишҳои ҷорӣ
- Курси лексия
- Маводҳои тестӣ
- Масъала ва мисолҳо
- Адабиётҳои тавсияшаванда
Системаи таҳсилоти фосилавӣ — ин шакли қулаи омӯзиши таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти хондани таҳсили рӯзонаро надоранд пешбинӣ шудааст.
Интернет-технология барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ-методӣ ва барои ҳамкории донишҷӯ бо омузгор ба воситаи шабакаи глобалии интернет кор фармуда мешавад. Омӯзиш дар система сифати кори мустакилонаи донишҷӯёнро баланд мегардад, кор бо компютер имконият медихад, ки хисобкунихо бо дараҷаи баланд иҷро карда шаванд. Навиштани корҳои семестрӣ ва истифодабарии маводҳои шабакаи глобалӣ барои омӯзиши чуқури мавзӯъҳо мусоидат мекунад.
Гузариш ба сайти Маркази таҳсилоти фосилавӣ