Мудири шуъба
+(992)
Фаъолияти байналмилалии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз номгӯи чорабиниҳои зерин иборат мебошанд:
- Ташкил намудани гуфтушунидҳо, таҳия намудани шартномаҳо, созишномаҳо ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
- Сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои таҳсил, коромӯзӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои мубодила даъват карда шудаанд;
- баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷии даъватшуда ва бақайдгирифташуда, ки ба донишгоҳ ташриф овардаанд;
- баррасии санадҳои муҳассилини хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсилӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ;
- ташкили базаи иттилоотӣ барои донишҷӯён, аспирантҳо, устодон ва кормандони аз ҷониби донишгоҳ ба хориҷа сафаркунанда;
- расонидани ёрии иттилоотӣ ва машваратӣ барои масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод дар иштироки барномаҳои таҳсилии байналмилалӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯён;
- Ҳамоҳангсозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо бо шарикони хориҷӣ ва ташкил кардани гуфтушунидҳо;
- Дастгирии техникӣ, ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои байнимилалӣ дар заминаи Донишгоҳ бо зерсохторҳои дахлдор;
- расонидани кумак барои таҳияи ҳуҷҷатҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати гирифтани раводид бо мақсади сафар ба хориҷи кишвар;
- ташкили раванди таълим дар курси тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар мувофиқа ба хадамоти таълимию методӣ ва ғайраҳо.
- Мониторинг ва пешниҳод кардани ҳисоботи натиҷаи фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ.
Шуъба дар бинои асосии Донишгоҳ, ошёнаи 3-юм ҷойгир шуда, аз 2 утоқи корӣ ва 1 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад.