Фаъолият дар самти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ) дар асоси санадҳои меъёрии дар зер овардашуда, бо роҳбарии ректор, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили ташкили таълими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 313 аз 15 июли соли 1997);
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷи аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 218 аз 15 майи соли 1999);
  • Низомномаи таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 18/5 аз 03 сентябри соли 2007);
  • Фармоишҳо ва қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Оинномаи ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ;
  • Қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ;
  • Низомномаи шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ;
  • Дастури вазифавӣ.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (ШРБ) ҷузъи сохтории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буда, ташкил ва ҳамоҳангсозии таълими шаҳрвандони хориҷӣ ва самтҳои гуногуни ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳро амалӣ месозад.

Самти афзалиятноки инкишофи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ интернатсионализатсияи таҳсилот ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ, ки ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад. Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ фарогири бахшҳои курсҳои омодагӣ ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ва таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо мебошад.

Шуъба дар бинои асосии Донишгоҳ, ошёнаи 3-юм ҷойгир шуда, аз 2 утоқи корӣ ва 1 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад.