Дар давоми давраи ҳисоботӣ ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо 22 донишгоҳу созмонҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои назаррас мебшад.
Шумораи созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳу созмонҳои байналмилалӣ дар қиёс ба солҳои пешина дар расми зер оварда шудааст.
Шумораи созишномаҳои ҳамкории ДТТ ба номи академик
М.С. Осимӣ дар қиёс бо солҳои 2012–2016
Боиси қайд аст, ки дар соли 2016 ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз рӯи шумораи умумии созишномаҳои баимзорасида бо донишгоҳу созмонҳои байналмилалӣ дар байни донишгоҳҳои кишвар дар панҷгонаи аввал қарор дорад.
Шумораи умумии созишномаҳои ҳамкории ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар қиёс бо дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон