Фохаков Абдурауф Сайдалиевич
сардори раёсат, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
+(992)-919-58-42-38
Вазифаи асосии он ташкил, банақшагирӣ ва назорати раванди таълим дар донишгоҳ мебошад. Вазифаи ИТМ: ташкил намудани ҷараёни таълим, назорати ҷорӣ аз болои ҳамаи намуди корҳои таълимӣ, омӯзиш ва ворид намудани таҷрибаи пешқадами раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши мутахассисон, банақшагирии сарбории таълимӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорон, гузаронидани озмуни ҷойҳои холии корӣ, ташкил намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тақсимоти мутахассисони ҷавон, банақшагирии чопи китоб ва маводи таълимӣ.
Идораи таълимию методиии донишгоҳ фарогири 9 шуъба ва марказҳо мебошад: шуъбаи таълим, маркази рушди касбият, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, маркази бақайдгирӣ ва машварат, шуъбаи табъу нашр, факултети таёрӣ (литсейи техникӣ), китобхонаи илмӣ ва электронӣ, шуъбаи магистратура ва маълумоти дуюми олии касбӣ.
Ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани донишҷӯён пеш аз ҳама аз ташкили хуб ва ба нақшагирию идораи кори таълимӣ-методӣ вобаста аст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ДТТ корҳои таълимӣ ва методӣ вазифаи муҳими фаъолияти он ба ҳисоб мерафт.Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили ҷараёни таълим, таҳия ва мунтазам такомули нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва асноди таълимӣ-методӣ, мушаххас намудани мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷӯён мебошад, ки маҷмӯи тадбирҳои андешидашударо фаро гирифта, барои омода намудани мутахассисони варзида дар ДТТ равона гардидааст.
Муҳимтарин сохтор дар баргузории корҳои таълимӣ-методӣ кафедраҳои донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар нақшаҳои кории кафедраҳо баргузории маҷмӯи чорабиниҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ мегардад. Корҳои методии кафедраҳоро комиссияҳои методии факултетҳо раҳнамоӣ ва назорат мекунанд, ки дар навбати худ кори ин комиссияҳоро Шӯрои методии Донишгоҳ ҳамоҳанг месозад. Шӯрои методии Донишгоҳ ба таҳияи мавод бо забони давлатӣ аҳмияти махсус дода, ҳамасола зиёда аз 150 китобу дастурҳои таълимию методӣ ба чоп тавсия медиҳад.
Донишгоҳ пайваста кушиш менамояд, ки аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат ба роҳ монад. Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриатура ва магистратура гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси техникии Донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошад. Кормандони раёсати таълими донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намоянд.