Энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз факултетҳои аввалин ва калонтарини донишгоҳ буда, аз рӯзи ташкилёбии он (аз соли 1956) арзи вуҷуд дорад. Тайёр намудани муҳандисон аз соли 1956 оғоз шуда, соли якуми қабул 50 нафар донишҷӯён аз рӯи 2 ихтисос: –

Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати мамлакат дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт ҳоло факултет мутахассисонро (бакалавр, магистр) дар 7 кафедра:

  1. Кафедраи «Электротаъминкунӣ»
  2. Кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунони-дашудаи электрӣ ва мошинҳои электрӣ»
  3. Кафедраи «Нерӯгоҳҳои электрикӣ»
  4. Кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника»
  5. Кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ»
  6. Кафедраи «Физика»
  7. Кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар истеҳсолот»

аз рӯи 14 ихтисос тайёр менамояд:

  1. 1-27010110 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)
  2. 1-27010112 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа)
  3. 1-390101 – Радиотехника
  4. 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ
  5. 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ
  6. 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)
  7. 1-430103-01 – Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ
  8. 1-430103-02 – Электротаъминкунии шаҳрҳо
  9. 1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ
  10. 1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ
  11. 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия
  12. 1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ
  13. 1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои  барқӣ
  14. 1-53010501 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ

Дар солҳои гуногун сарварии факултетро Бреев В.Н., Бобоев Т.Б., Томилин С.В., Барышникова Т.А., Купайи Д.Г., Икромов Р.З., Содиқов Х.Р., Иноятов М.Б., Раҳимов О.С., Додхудоев М.Д., Улмасов Х.У., Ҷалилов Р.А., Салимов Т.О., Икромов М.И., Сангаков М.Ғ. ба ӯҳда доштанд.

Дар айни ҳол дар факултет зиёда аз 1300 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 82 нафар магистрон ва зиёда аз 350 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ таҳсил доранд. Раванди таълим аз тарафи 76 нафар устодон, аз он ҷумла 1 доктор ва 33 номзадони илм таъмин карда мешавад.

Соли 2015 “Барномаи таълимии тайёр намудани магистрҳо” аз рӯи ихтисоси 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ, аз аккредитатсияи касбӣ — ҷамъиятии Ассотсиатсияи маълумоти муҳандисии Федератсияи Россия гузашта, соҳиби сертификати аккредитатсияи байналмиллалӣ ва нишони сифати EUR-ACE гардид, ки аз тарафи 14 давлати Аврупо ба монанди Олмон, Итолиё, Британияи кабир, Фаронса, Испания, Белгия ва якчанд давлатҳои дигар ин барнома эътироф гардидааст. Барномаи аккредитатсияшуда, ба рӯйхати (феҳрасти) умумиаврупоии барномаҳои аккредитатсияшудаи муҳандисии шабакаи Аврупоӣ дар соҳаи таълимоти муҳандисии ENAEE дохил шудааст. Аккредитатсияи байналмилалии Барномаҳои таълимӣ ба баҳодиҳии бевобастаи сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисон, таъмини ҷойи кор ба хатмкунандагон ва мустаҳкамкунии мавқеи худ дар хизматрасонии таълимро ба факултети энергетикӣ ва дар умум ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ имконият медиҳад. Дар якҷоягӣ бо Ассосиатсияи муҳандисии таълимии Россия, ки муассиси ENAEE буда, дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳайати коршиносон – аудиторҳои сатҳи байналмилалӣ дар аккредидатсияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи техника ва технология ташкил карда шудааст, ки қисми зиёди он намояндагони факултети Энергетикӣ мебошанд.

Озмоишгоҳҳои илмӣ – таълимии кафедраҳои факултет бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд. Дар факултет корҳо дар самти такмили касбии мутахассисон бо истифодабарии технологияҳои маълумотии коммуникатсионӣ дар таълим татбиқ шуда, нашри нави воситаҳои таълимӣ – методӣ ва азнавкунии базаи озмоишгоҳҳои кафедра иҷро шуда истодаст.

Вобаста ба рушди соҳаи энергетикаи ватанӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар системаи энергетикӣ, кафедраҳои факултет аз рӯи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумуриявӣ дошта, таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои сарфаҷӯии энергия, таҳқиқи реҷаҳои кории таҷҳизоти электрикӣ, таҳлили реҷаҳои кории системаҳои энергетикӣ, элементҳои панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ ва НБО дар шароити баландкӯҳ, манбаҳои худмухтори хурди энергетикӣ, тадқиқи самаранокии техникӣ ва иқтисодии гузаронидани системаҳои гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм тавассути энергияи электрикӣ, тадқиқоти хосиятҳои физикаи гармои маводҳои гуногун, физикаи плазма, муҳитҳои конденсиронӣ ва нимноқилҳо гузаронида истодаанд.

Кафедраҳои факултет бо марказҳои илмии хориҷи наздику дур, ба монанди Россия, ИМА, Юнон, Олмон, Фаронса ва ғайра ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ҳамкории доимӣ доранд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар факултет якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла «Донишгоҳи ИДМ» барномаҳои ЕС Эразмус-плюс ва Темпус. Тасдиқи рӯшани кори факултет дар ин самт ташкили озмоишгоҳи муосири таълимӣ – тадқиқотии «Энергияи соф» ва хатми муштараки (якҷояи) магистрҳои техника ва технология дар самти «Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия» дар донишгоҳҳои Аврупо (Донишгоҳи техникии Гамбург ва Донишгоҳи технологии Афина) мебошад. Дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълимоти муҳандисӣ мубодилаи донишҷӯён бо додани ду диплом амалӣ шуда истодааст.

Бо ташаббуси хатмкунандагон, ҳоло кормандони факултет аз соли 1996 то 2013 дар назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Шӯрои диссертатсионии КОА ФР ташкил дода амал намудааст. Кормандони факултет узви вобастаи як қатор академияҳо мебошанд.

Донишҷӯён бо роҳбарии устодон дар корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои бадастоварда дар маҳфилу семинарҳои илмӣ, озмунҳои гуногуни эҷодии ҷавонон дар тамоми сатҳҳо, фаъолона иштирок намуда, бефосила сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Дар конференсия, симпозиум ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ устодон ва кормандони факултет ҳамеша фаъолона иштирок намуда, бо диплому ифтихорномаҳои ҷойҳои фахрӣ  сазовор мегарданд.