Абдуллозода Рамазон Толибчон

и.в. мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

 

Кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика” мутахасисонро барои стеҳсолот аз руи зинаи бакалавр ва магистратура, ихтисоси 1-530104-03 “Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ” омода мекунад. Омодасозии мутахассисон дар кафедра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар зинаи бакалавр ва магистратура ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедра инчунин таълими фанҳои умумитехникӣ дар ихтисосҳои

  • 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ
  • 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ
  • 1-430103-01 – “Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ”
  • 1-430103-02 – “Электротаъминкунии шаҳрҳо”
  • 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ
  • 1 — 430105-05 – манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавӣ

гузаронида мешавад. Фанҳои умумитехникии барои ихтисосҳои дар боло овардашуда инҳо мебошанд:

  • Электроникаи энергетикӣ;
  • Ҳимояи релеӣ ва автоматика;
  • Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ;
  • Қисми махсуси ҳимояи релеӣ ва автоматика.

Шумораи омӯзгорони кафедра ба нуҳ нафар мерасанд, ки командони штатӣ се нафарро ташкилдода, ду ҳамкори дохила ва чор ҳамкори беруна ба кор ҷалб шудаанд. Кормандони муҳандисию ёрирасон 3 нафарро ташкил медиҳанд.

Мутахасисони дар кафедра омодашуда метавонанд дар нерӯгоҳҳои электрикӣ, зернерӯгоҳҳо, корхонаҳои калони саноатӣ, институтҳои лоиҳакашӣ ва ғайраҳо фаъолият намоянд.

Дар озмоишгоҳҳои кафедра стендҳои дорои терминалҳои микропротсессории ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои энергетикии ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгу буда мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки барои баланд бардоштани дониши таълимгирандагон нақши муҳим мебозанд.