ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ “ҲИМОЯИ РЕЛЕӢ ВА АВТОМАТИКА”

Ихтисоси «Ҳимояи релеӣ ва автоматизатсияи дастгоҳҳои электрикӣ» соли 2003 дар замимаи кафедраи “Электротаъминкунӣ” ташкил шудааст. Соли 2008 аввалин хатмкунандагон ихтисоси мазкурро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштаанд. Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки хатмкунандагони ин ихтисос аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод нишон дода, дар озмӯнҳои дохиливу берун аз қаламрави Ҷумҳурӣ соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд. Инчунин, хатмкунандагони ихтисоси мазкур дар соҳаҳои муҳими Ҷумҳурӣ адои вазифа менамоянд ва барои нишондоди баланди иқтисодӣ бо ифтихорномаву ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Ихтисоси мазкурро то ба имруз (соли 2018) зиёда аз 300 нафар бо мувафақият хатм намудаанд, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд.

Бо назардошти зиёд гардидани талаботи истеҳсолот ба мутахасисони соҳаи автоматикунонӣ ва ҳимояи релеии дастгоҳҳои электрикӣ, соли 2018 дар назди факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика» таъсис дода шуд, ки дар он зиёда аз 130 нафар донишҷӯён дар зинаҳои бакалвр таҳсил намуда, шумораи магистрон ба 30 нафар мерасанд.

Кафедра тахассусӣ буда, ҳамзамон барои донишҷӯёни ихтисосҳои:

–          1-430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ;

–          1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;

–          1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо);

–          1-430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия, низ курси пурраи фаннҳои «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электроэнергетикӣ», «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ», «Электроникаи энерегетикӣ» ва «Автоматикаи дастгоҳҳои энергетикӣ»-ро меомузонад.

Дар кафедра аксаран мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб шудаанд, ки хатмкардаи ихтисоси «Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ» мебошанд, ва таҳкурсии илмиву амалӣ, ичунин таҷрибаи кофии онҳо барои дар сатҳи лозимӣ гузаронидани дарсҳо мусоидат мекунад.

Дар кафедра 9 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки 4 корманди штатӣ дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мебошанд ва қисми дигари омӯзгорон аз истеҳсолот ба кор ҷалб шудаанд. Ҳайати зерини омузгорону кормандон фаъолият менамоянд:

  1. Абдуллозода Рамазон Толибҷон, н.и.т., и.в. мудири кафедра;
  2. Қосимов Улуғбек Умриевич, н.и.т., и.в. дотсент;
  3. Гиёев Борбад Мирзоевич, н.и.т. ассистент;
  4. Нуралиев Солеҳҷон Содиқҷонович, муҳандиси дараҷаи 1;

Ҳамкорон:

  1. Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло, н.и.т, ассистент;
  2. Каримов Ҷамшед Ҳалимович, муаллими калон;
  3. Давлатов Музафар Раҳмонович, муаллими калон;
  4. Палвонов Ғуломалӣ Ҷурахонович,муаллими калон;
  5. Сидиқов Ҳомид Заробекович, муаллими калон;
  • Ғаюров Баҳодур Аттоевич, муаллими калон.

Соли 2017 аввалин маротиба аз рӯи ихтисоси мазкур гурӯҳи магистратура кушода шуд.

Базаи лаборатории кафедраро озмоишгоҳҳои “Ҳимояи релеӣ ва автоматика” ва “Электроникаи энергетикӣ” ташкил медиҳанд, ки дар онҳо таҷҳизоти микропротсессорӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва илмӣ-таҳқиқотии донушҷӯёну магистрҳо аз ширкатҳои SIEMENS, AREVA MiCOM, Бреслер ваБМРЗ истифода шуда, инчунин стендҳои дар асоси релеҳои механикӣ сохташуда низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Омӯзгорони кафедра бо як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, ба монанди Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубии ш. Челябинск ва Донишгоҳи тадқиқотии Москва (МЭИ) ҳамкории зичи илмиву тадқиқотӣ дорад, ки натиҷаи кори устодони ҳардуҷониб пайваста дар маҷаллаҳои илмӣ нашр мегарданд.

Таҷрибаи омӯзгорони кафедра дар Донишгоҳу донишкадаҳои Давлатҳои Олмон, Белгия, Хитой, Федератсияи Россия ва Украина тариқигузаштани курсҳои пурраи такмили ихтисос ғанӣ гаштааст.

Аз тарафи омӯзгорони кафедра то ба имрӯз зиёда аз 8 корҳои методии ба ихтисоси “Ҳимояи релеӣ ва автоматика” алоқаманд нашр гардида,панҷ шаҳодатномаи ихтироот гирифта шудааст.

Номгӯи шаҳодатномаҳои ихтироот:

  1. Нахуспатент. Таҷҳизот барои таҳқиқи таъсири омилҳои муҳити атроф ва ҷараёни электрикӣ ба коррозияи элементҳои заминвасла: № 161812.Федератсияи Россия: МПК G01R 19/45 (2006.01) / Р.Т. Абдуллоев, А.И. Сидоров, А.Б. Тряпицын. – №2015145568/28; эълон. 22. 10. 2015; чоп. 28. 03. 2016, Бюл. № 13-2016.–2с.
  2. Патенти ихтироот. Усули муайянкунии ҳолати коррозионии олоти заминвасл: № 2649630. Федератсияи Россия / Р.Т. Абдуллоев, А.И. Сидоров, Н.И. Горбунов, И.А. Шеремета.– №2017103850; эълон. 02. 2017; чоп. 04.04.2018, Бюл. № 10, 2018-3с.
  3. Патенти ихтироот. Усули танзими боркамкунии худбахудии басомадӣ дар олоти қувагии тақсимотӣ: № 2665033. Федератсияи Россия / Я.Л. Арцишевский, Б.М. Гиёев.– № 2017137407; эълон. 25.10.2017; чоп. 27.08.2018
  4. Нахустпатент. Тарзи муайянкунии дараҷаи бехатарии барқии биноҳои таъиноти гуногун: № 1801222. Ҷумҳурии Тоҷикистон / З.В. Кобулиев, Б.Т. Абдуллоев, Р.Т. Абдуллоев, Ш.М. Султонов, Ш.С. Саъдуллозода, Ҷ.Ҳ. Каримов, И.Т. Абдуллоев, М.И. Сафаров.– № 1801222; эълон. 24.07.2018; снаҷиши расмиро гузаштааст.
  5. Нахустпатент. Тарзи муайянкунии муқовимати ҷараёни паҳншавандаи олоти заминвасла: № 1801221. Ҷумҳурии Тоҷикистон / Ҷ.Ҳ. Каримов, З.В.Кобулиев, Л.С. Қасобов, Р.Т. Абдуллоев, Б.Т. Абдуллоев, Ҷ.Б. Раҳимов И.Т. Абдуллоев Б.Н. Ғозиев.– № 1801221; эълон. 24.07.2018; снаҷиши расмиро гузаштааст.