Таърихи кафедра “Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот”
Таърихи паӣдоиши кафедра аз ташкили кафедраи “Иқтисодиёт, банақшагирӣ ва ташкилоти истеҳсолот” дар соли 1966 шурӯъ шуда, мақсади он аз омода намудани муҳандисони соҳаи иқтисодиёт, ташкилот ва идоракунии истеҳсолот иборат аст.
Кафедра ба ҳамаи факултаҳои Донишгоҳи техникӣ хизмат мерасонад, Мудири аввалини кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Фатҳидинов Б.Р буд.Минбаъд дар марҳилаҳои гуногуни рушди донишгоҳ дар заминаи ин кафедра як қатор кафедраҳои мустақил барои тарбияи иқтисодию идоракунии муҳандисони оянда ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, дар факултаҳои нақлиёт, сохтмон ва меъморӣ, механикию технологӣ кафедраҳои тарбияи муҳандисон дар соҳаи ташкили истеҳсолот дар сохтмон ва ташкили ҳамду нақл ва идоракунӣ дар нақлиёт бунёд гардид.
Кафедра ба ҳамаи факултетҳои Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон хизмат мерасонад. Мудири аввалини кафедра номзади илмҳои техники, дотсент Фаттидинов Боӣпочо Рахимович гардид, ки соли 1965 пас аз ҳимояи номзади дар Донишкадаи автомобили нақлиётии Москав ба Тоҷикистон баргашт. Худи ҳамин сол бо кушуши ғаӣрати ин марди толибилм дар Донишкадаи техникии Тоҷикистон кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобили ташкил карда шуд.
Мувофиқи фармони Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон аз 8 октябри соли 1974 кафедраи “Иқтисодиёти банақшагирӣ ва ташкили истеҳсолот” ба ду кафедра тақсим карда шуданд: кафедраи “Иқтисодиёт ва банақшагирии истеҳсолот”, ки иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Мансуров Ш, буданд ва кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкилоти сохтмон”, ки онро Тешаев А.Т. роҳбарӣ мекарданд.
Бо Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкилоти истеҳсолот” 8 апрели соли 1989 ба ду кафедраи мустақил тақсим карда шуданд:
“Иқтисодиёт, ташкилот, банақшагирӣ ва ташкилоти истеҳсолот”, ки онро д.и.и., профессор Ахророва А.Д. ва кафедраи “Иқтисодиёт, ташкилот, нақшагирӣ ва ташкилоти автомобилӣ”, ки онро н.и.и., дотсент Бобоев О. Сарварӣ менамоянд.
Соли 2002 кафедраи “Иқтисодиёт, ташкилот, банақшагирӣ ва ташкилоти истеҳсолот” ба ду кафедра тақсим карда шуданд: кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкилоти истеҳсолот”, ки мудираш доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ахророва А.Д. интихоб карда шуд ва кафедраи “Менеҷменти истҳсолот”.
Ҳоло бошад кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот” сохтори таркибии факултети “Соҳибкории муҳандиси ва менеҷмент” ба шумор рафта, роҳбарии онро олими ҷавон ва умедбахш, н.и.т. Қайюмов Суҳроб Тухтабоевич ба уҳда дорад. Дар фаъолияти кории худ эшон таљрибаи кории устодони корозмодаи кафедраро пеша намуда, ҳамеша дар талоши пешравии дар тарбия ва омӯзиши насли нав мебошад.
Фаъолияти илмӣ
Самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти илмии коллективи кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот” ин таҳқиқи масъалаҳои актуалӣ амнияти иқтисодии системаҳои сатҳашои гуногун. Интихоби ин самти илмӣ тасодуф нест. Дигаргуниҳои бозори иқтисодии Тоҷикистон, гузаштан ба шаклҳои нави ҳокимияти давлатӣ ва воситаҳои идоракунӣ, тағӣироти амиқи соҳаи иҷтимои боиси ба миён омадани ҳафву таҳдидҳо гашта ва масъалаи таъмини амнияти иқтисодии кишварро проблема рӯзмара гардонидааст.
Дастовардҳои тадқиқоти илмии кафедра дар ҳафт монографияҳои дар нашриёти милли интишоршуда, ҳамзамон дар нашриёти Росия ва нашриётҳои даврии илмии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазокистон, ва Беларусия инъикос ёфтаанд.
Бори аввал дар Донишгоҳи мо дар назди кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот” аспирантура оид ба тахасусҳои 08.00.05 ва 08.00.13 таъсис ёфтааст. Тадқиқоти илмии проблемаҳои таъмини амнияти энергетикии мамлакат самтҳои зеринро аз қабили таҳлили муҳити дохилию берунаи комплекси энергетикӣ, ҳамгироии кишварҳои Осиёи Маркази дар самти истифодаи манбаҳои обию барқи, паст кардани сарфаи қуваии барқ, механизмҳои бозоргонии идоракунии таъмини талабот ба қувваи барқ, масъалаҳои такмили сохтории комплекси энергетикӣ, ба низоми хоҷагидорӣ ҷорӣ сохтани дигар манбаъҳои энергетикӣ дарбар мегиранд. Маҳз ҳамин масъалаҳо заминаи тадқиқоти дисертатсионии Самадов Ш.Д., Орифова Х., Юнусов Х., Исмоилов М., Доронкин К.А., Аминҷонов Р.М., Обидов У.А.-ро ташкил доданд. Намояндагони мактабии илмии кафедра дастовардҳои илмии худро дар ҷаласаву форумҳои байналмилалӣ (Париж, Гамбург, Мюнхен, Банкок, Стокголм, Алмаато, Новосибирск, Тошканд, Бишкек, Иркутск, ва дигар шаҳрҳо) маърӯза менамоянд. Солҳои охир кафедра дар доираи тадқиқоту таҳлилҳои проблемаҳо бо донишгоҳи энергетикии Сибир (ш.Иркутск) мунтаззам ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла бо донишгоҳи евроосиёгии инноватсионии Қазокистон, донишгоҳи технологии Афина (Греция), мактаби шоҳигарии олии техникии Стоктолми Швеция, донишгоҳҳои техникки Гамбург ва Мюнхен (Ҷумҳурии Федералии Олмон).
Дастовардҳои охирини тадқиқоти илмӣ дар соҳаи энергетика дар монографияҳои Ахророва А.Д., Аминҷонов Р.М ва Доронкин К.А. “Энергетикаи Тоҷикистон: марҳилаҳои муосир ва нақшаҳои рушди устувор” дарҷ гардидаанд, Муаллифон кори илмии зикршударо ба ҷашни 50 солагии донишгоҳи техникӣ ва 70 солагии энергетикаи миллӣ бахшидаанд. Як қатор мақолаҳои илмӣ бахшида ба масъалаи энергетики дар маҷаллаҳои бонуфузи Россия (Экономическая наука современнойи России,Менеджмент ва ғаӣра) нашр гардидаанд.
Комёбиҳо ва имкониятҳо
Мудири кафедра д.и.и профессор Ахророва А.Д. самти нави фаъолияти илмии донишгоҳ Менеҷменти донишгоҳро пешниҳод намуд. Дар ин муддат ӯ лоиҳаи барномаи ТАСИС – Темпус “Менеҷменти Донишгоҳ” дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи Турии(Италия)-ро сарварӣ намудааст.Айни замон ҳайати кафедра бо татқиқоти проблемаҳои ташкилу иқтисодии таъсиси бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ ва таҳияи механизми бозаргонии идораи низоми таҳсилот машғул аст.
Бо кӯмаки намояндагии ташкилоти Комиссия Аврупоӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “CD JEP 26058-2005 “Curriculum development in Renewable Energy Technologies in Central Asia Universities” кафедра дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази муосири технологияҳои иновационӣ, ки ба ӯ Лабораторияи муосир “Энергияи тоза” дохил шуд.
Базан таҷрибавию илмии ин Лаборатория имконияти гузаронидани тадқиқоти мунтазам дар соҳаи манбаҳои энергетикӣ фароҳам овард ва инчунин ин марказро бо барқ таъмин менамояд. Аӣни замон бо дастгирии паӣвастаи роҳбарият ва иштироки ҳаӣати кафедра магистратура барои омода намудани магистрҳо дар соҳаи манбаҳои энергетикӣ таъсис дода шудааст.
Таъсиси базаи моддию техникӣ ва илмию педогогӣ дар доираи лоиҳаиБарномаи Иттиҳоди Аврупо “Темпус” ба эътироф гардидани Донишгоҳи техники Тоҷикистон аз тарафи Донишгоҳи марказии барномаи магистратура “Технологияиҳои ғаӣрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергетикӣ” дар Донишгоҳи Ташкилоти ҳамкори Шанхаӣ мусоиддат намудааст, ки аз эътирофи Донишгоҳи техникӣ дар сатҳи баӣналмилалӣ шаҳодат медиҳад ва барои минбаъд пешниҳод гардидани хизматрасониҳои илмӣ имконот фароҳам меоварад.
Кафедра ба Вазорати маорифи ҶТ ва бо як қатор ташкилотҳои баӣналмиллалие, ки дар таӣёр намудани лоиҳаҳои мувофиқ дар соҳаи ислоҳоти системаи маориф машгуланд, ҳамкорӣ менамояд. Профессор Ахророва А.Д., муаллими калон Абидов У.А. ва Маджидов К.М. аъзоҳои гуруҳи корӣ оид ба таӣёр намудани Стратегияи милли рушди маориф, инчунин дар гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ бо роҳбарони донишгоҳҳо ва мактабҳои ҷумҳурӣ, фаъолона ширкат варзиданд.
Аӣни ҳол кафедра дар ҳаӣати гурӯҳи кории Вазорати маориф оид ба таӣёр намудани Стратегияи миллии маориф то соли 2020, инчунин дар гурӯҳи кории баӣниидоравӣ оид ба пешрафти сиёсати рушди гидроэнергетикаи хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирк менамояд.
Қаӣд намудан зарур аст, ки бо ташаббуси кафедра дар назди ДТТ аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионии Руссия Шурои Диссертатсиони таъсис дода шуд, ки тадқиқоти илмиро дар соҳаи амнияти иқтисодӣ санҷчида, бо ин иқдом саҳми худро дар тарбияи кадрҳои илмии кишвар мегузорад.
Мақсад ва вазифаҳои кафедра
Мақсад ва вазифаҳои кафедра дар таӣёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт ва ташкилоти энергетикии истеҳсолот ва алоқа, ки дар бозори баӣналмилалии меҳнат бо хатмкунандагони донишгоҳҳои бонуфузи баӣналмилалӣ фаъолона рақобат мекунанд ва инчунин кадрҳои илмӣ-педагогӣ мебошад.
Такмили мунтазами ҷараёни таълим:
-Таӣёр кардани нақшаҳои таълимии магистрҳо, бакалаврҳо, мутахассисон:
-Ҷорӣ сохтани фаслҳои нав дар курсҳои лексияҳои хондашаванда ва таӣёр намудани курсҳо дар мавзӯъҳои актуалӣ оид ба самтҳои зикргардида:
-Ҷорӣ намудани технологияҳои нави таълими:
-Фаъолона ҷалб намудани донишҷуён ба корҳои лоиҳаҳои тадқиқотии кафедра, ташкили корҳои курсӣ ва лоиҳаҳои дипломӣ дар ҷоӣҳоӣ корӣ:
-Азнавсозии мунтазами техникаи компютерӣ дар синфхонаҳои таълимии кафедра:
-Таъмини озмоишгоҳи кафедра бо барномаи компютерии пешрафтаи сертификатсияшуда:
-Таҷдиди маводи таълимию методӣ:
-Ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва муаллимони кафедра дар донишгоҳҳои хориҷа ва корхонаҳо:
Рушди ҳамкории кафедра бо кафедраҳои донишгоҳ, ки ба баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисон равона карда шудаанд.
Тахассуснокӣ дар тарбияи кадрҳо
Кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракуни дар истеҳсолот” дар тарбияи бакалаврҳо ва магистрҳо аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкилоти истеҳсолот дар энергетика” ва “Иқтисодиёт ва ташкилоти истеҳсолот дар алоқа” мутахассисон аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар энергетика” “Иқтисодиёт ва идоракуни дар алоқа, инчунин аспирантон аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ” равона карда шудааст.
Инчунин кафедра кадрҳои муҳандисро (факултети энергетики, факултети технологияи информатсиони-коммуникатсиони) дар соҳаи иқтисодиёт, ташкилоти истеҳсолот, менеҷмент ва маркетинг таӣёр менамояд.