Султонов Шерхон Муртазоқулович
и.в. мудири кафедра,номзади илмҳои техникӣ
+(992)-37-227-47-91
Дар айни замон кафедра бакалаврҳо ва магистрҳоро аз рўи ихтисосҳои:
- 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ
- 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия
тайёр менамояд.
Соли 2015 барномаи таълимии тайёр намудани магистратура аз рўи ихтисоси 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ аз аккредитатсияи касбӣ — ҷамъиятии Ассотсиатсияи маълумоти муҳандисии Федератсияи Россия гузашта, соҳиби сертификати аккредитатсияи байналмиллалӣ ва нишони сифати EUR-ACE гардид, ки аз тарафи 14 давлати Аврупо ба монанди Олмон, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, Бельгия ва як қатори дигар давлатҳо ин барнома эътироф гардидааст. Барномаи аккредитатсияшуда, ба рўйхати (феҳрасти) умумиаврупоии барномаҳои аккредитатсияшудаи муҳандисии шабакаи Аврупоӣ дар соҳаи таълимоти муҳандисии ENAEE дохил шудааст.