Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус қисми таркибии Донишгоҳ ба шумор рафта, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи шуъбаро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро назорат мекунад. Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд.
⦁ интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ,
ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
⦁ ёрӣ расонидан ба раёсати Донишгоҳ дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ – меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;
⦁ ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандони Донишгоҳ) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати органҳои болоӣ қарор доранд ва аз тарафи онҳо тасдиқ мешаванд;
⦁ ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ ашхоси ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
⦁ омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии Донишгоҳ ва такмили ихтисоси онҳо;
⦁ иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳои дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони Донишгоҳ;
⦁иштирок дар комиссияи аттестатсионӣ;
⦁ тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хидматӣ фиристода мешаванд;
⦁ омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
⦁тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони Донишгоҳи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба;
⦁ омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони Донишгоҳ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.