ИҚТИБОСҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

***

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

***

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

***

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

***

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

***

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

***

Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

***

Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

***

Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

***

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

***

Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем.

***

Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд.

***

Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

***

Моҳи сентябри соли 2018 мо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода супоридем, ки ба шарофати он талабот ба нерӯи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин карда шуд.

***

Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд

***

Танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад.

***

Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ содирот кардем.

***

Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.

***

Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

***

Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.

***

Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем.

***

Ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад.

***

Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд.

***

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

***

Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.

***

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.

***

Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

***

Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

***

Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем.

***

Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад.

***

Мо бояд таъсири рӯзафзуни оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба вазъи корҳо дар самти расидан ба идораи устувори захираҳои об ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

***

Таъкид менамоям, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

***

Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.

***

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

***

Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

***

Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем.

***

Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

***

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

***

Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.

***

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.

***

Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.

***

Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.

***

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

***

Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.

***

Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

***

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем.

***

Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

***

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

***

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

***

Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

***

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

***

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

***

Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

***

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

***

Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

***

Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

***

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

***

Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

***

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

***

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

***

Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам.

***

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

***

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.

***

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

***

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

***

Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд.

***

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

***

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

***

Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

***

Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад.

***

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

***

Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

***

Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд.

***

Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад.

***

Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест.

***

Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

***

Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.

***

Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

***

Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад.

***

Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.

***

Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.

***

Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд.

***

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад.

***

Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло татбиқ шуда истодааст, идомаи мантиқии ин самт буда, ба сатҳи сифатан нав бардоштани робитаҳои байналмилалии кишвари моро дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ таъмин менамояд.

***

Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд.

***

Бинобар ин, мо ҳамкориҳои фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ идома дода, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо пайваста кӯшиш хоҳем кард.

***

Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем.

***

Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

***

Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад.

***

Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо — Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем.

***

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷойгоҳи хосса дорад.

***

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, яъне 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Ин қатънома ҷараёни баррасии миёнамуҳлати даҳсоларо ба танзим дароварда, баргузории ду чорабинии муҳимми ҷаҳониро пешбинӣ менамояд:

Якум, баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” аз 22 то 24 марти 2023;

Ва дуюм, ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об дар моҳи марти соли 2021.

***

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.

***

Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосирчун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.

***

Танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд.

***

Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд.

***

Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем.

***

Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.

***

Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.

***

Ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо.

***

Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

***

Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

***

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

***

Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

17.11.2018 18:02, шаҳри Душанбе

Оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.

***

Дар шароити басо мушкил, яъне дар айёме, ки дунёро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва иқтисоди миллии мо низ таҳти фишори он қарор дошт, мо бо азму иродаи қавии мардуми кишварамон ва бо назардошти манфиатҳои миллиамон ба бунёди НБО-и Роғун шурӯъ кардем.

***

Бидуни сохтмони «Роғун» талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад.

***

Нерӯгоҳи «Роғун» омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

***

Ҳукумати мамлакат «Роғун»-ро иншооти сарнавишсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёди онро бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монд.

***

Бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳ ҳиссаи арзишманд гузоштанд.

***

Афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад.

***

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.

***

Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кардаем.

***

Дар зарфи 27 соли истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, мо ба таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда оғоз кардем, ки ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

***

Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

***

Яке аз хусусиятҳои даврони муосир — тамоюли глобалии ташаккули “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.

***

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз” ба шумор мераванд. Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.

***

Тайи солҳои охир ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли нерӯи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он як қатор лоиҳаҳо таҳия шуда, бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо ба итмом расидааст ва амалӣ намудани чандин лоиҳаҳои дигар идома дорад.

***

Ҳоло татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи “КAСA-1000» оғоз гардидааст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои афзоиши содироти нерӯи барқ ба ҳамсояҳои дуру наздики мо баробар бо талаботи рӯзафзуни бозори минтақавии энергетикӣ заминаи мусоид муҳайё мегардад.

***

Ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ ва ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳимми рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад.

***

Ҳамаи мову шумо, ҳамватанони азиз, бояд ба қадри сарватҳои миллӣ, заҳмати бунёдкорони иншооти энергетикӣ ва кормандони соҳа расем.

***

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар самти истиқлолияти энергетикии кишварамон саҳми бузурги худро мегузорад.

***

“Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!

***

Ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввали “Роғун” — мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои наслҳои Ватан аст.

*** *** ***

Иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил (1.09.2018, ш. Душанбе)

Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шурӯъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.

***

Масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замонҳо ва бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад.

***

Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд.

***

Мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кунем.

***

Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

***

Ҳоло доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон васеъ гардида, шавқу рағбати онҳо ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар гардидааст.

***

Сатҳи маърифат, одобу ахлоқ ва саъю талоши насли имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад. Итминон дорам, ки насли ояндасози мо минбаъд низ ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори бештар хоҳад дод.

***

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди илм ва тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати аввалиндараҷа дода, маблағгузориро дар ин самт мунтазам зиёд карда истодааст.

***

Мо метавонем мушкилоти мавҷудаи Ватанамонро тавассути илм бартараф созем ва барои рушди бомароми иқтисоди миллӣ заминаи боз ҳам мусоид фароҳам орем.

***

Имрӯз қариб 70 фоизи кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

***

Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.

***   ***   ***

Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Агар хизмати таърихии ниёгони ориёии моро ба таври хулоса баён намоем, бояд гӯем, ки онҳо яке аз қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳониро офарида, низоми мукаммали идораву давлатдорӣ, санъати асили меъмориву шаҳрсозӣ, тарзи оқилонаву мутамаддини муносибати байни халқияту қавмҳо, эҳтироми ойинҳои мухталифи динӣ ва ҷараёну равияҳои гуногуни илмиву фалсафиро барои наслҳои ояндаи башар ба мерос гузоштаанд.

***

Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаю созмонҳо ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд.

***

Ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва аз баракати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, арзишҳои фарҳангии ниёгонамонро барои таҳкими ватандӯстиву худшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон васеъ истифода барем.

***

Баланд бардоштани масъулияти системаи бонкӣ асоси солимгардонии низоми молиявист.

***

Барои иқтисодиёти давраи гузариш баланд бардоштани сатҳи касбии дастгоҳи давлатӣ ва бозомӯзии хизматчиён муҳим аст.

***

Бе дарки равшани сиёсати давлату Ҳукумат ба амал омадани эътиқоду боварӣ ба ояндаи давлатдории имрӯза аз имкон берун аст.

***

Болоравии иқтисодӣ механизми муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

***

Бояд гуфт, ки имрӯз дар илми ҷаҳонӣ истилоҳи ориёӣ аслан ҳамчун номи этникӣ ва номи забони мардумони ҳиндуэронӣ истифода мегардад. Ва он ифодаи ҳуввияти милливу таърихии ин мардумон аст.

***

Бузургтарин вазифаи наслҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин намоянд.

***

Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозорӣ мубориза бо коррупсия мебошад.

***

Ваҳдату бародарӣ парчами пирӯзиҳои мост.

***

Дар ҷомеа таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муҳим мебошад.

***

Дар маҳалҳо бояд ба кори ҷалби занони лаёқатманд ба фаъолияти пурмаҳсули давлатию ҷамъиятӣ бештар эътибор дода шавад.

***

Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст.

***

Забон калиди дониш ва маърифат аст.

***

Занон аз уҳдаи ҳама гуна вазифаи душвор баромада метавонанд.

***

Зиёиён нерӯ ва ҷавҳари ақлонии миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

***

Зиёиён хазинаи тиллоӣ ва чароғи равшани роҳи фардои миллатанд.

***

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 то 30-юми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, иқдоми ғайриоддӣ, ҷасурона ва сарнавиштсоз, инчунин оғози роҳи душвори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон буд.

***

Ислоҳоти иқтисодӣ – талаби замон ва тақозои зиндагӣ аст.

***

Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст.

***

Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст.

***

Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – нишонаи болоравии сатҳи масъулиятшиносии таърихӣ ва худогоҳии миллии мардуми мост.

***

Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дастоварди бузургтарини таърихист.

***

Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

***

Қарори мо доир ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ боиси баланд шудани сару садоҳое гардид, ки гӯё аз ин иқдом бӯйи миллатгароӣ ва нажодпарастӣ меояд. Вале чунонки борҳо таъкид кардаем, ин иқдоми мо ягон ғарази сиёсӣ ё идеологӣ надорад ва бинобар ин, бо кӯшишҳои ирқпарастиву бадбинии инсон робитае надорад ва дошта ҳам наметавонад.

***

Қатъ шудани низои мусаллаҳона ва фароҳам овардани сулҳу субот на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ ҷиҳати пешгирӣ намудани хатари паҳншавии ифротгароиву терроризм нақши муҳим бозида, давлатҳои Осиёи Марказиро аз бесуботиву низоъҳои гуногуни хатарнок наҷот дод. Ҳарчанд ки доираҳои муайяни сиёсии баъзе давлатҳо зидди раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва мухолифи анҷоми неки он буданд.

***

Конститутсияи Тоҷикистон таъмини манфиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, мазҳабҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи ойину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад.

***

Лафзи модарӣ муқаддас аст, онро азизу гиромӣ бояд дошт.

***

Либоси низомӣ – ин симои давлат ва эътибору нуфузи давлат дар байни халқ аст.

***

Ҷавонон бояд аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархӯрдор бошанд.

***

Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд.

***

Мақсади асосии мо болоравии иқтисодист.

***

Мақсади асосӣ, ки ислоҳоти мо ба он нигаронида шудааст, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тавассути боло бурдани иқтисодиёт мебошад.

***

Мақсади мо аз бузургдошти тамаддуни ориёӣ танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқтар бо решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштаамон аст.

***

Маҳз дарки манфиатҳои олии давлат, масъулияти таърихӣ дар назди гузашта, имрӯза ва ояндаи миллат, аҳамияти истиқлоли Ватан, фарзандони огоҳу солимфикр ва нерӯҳои сиёсии кишварро водор намуд, ки ба хотири қатъи ҷанг, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ роҳи созиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва музокироти осоиштаро пеш гиранд.

***

Мероси фарҳангӣ моли ифтихори мост.

***

Мо аз мероси фарҳангии худ ифтихор мекунем.

***

Мо аз таърихи қадимаи худ ва аз маъхазҳои зиёд, ки ба забони модарии мо, яъне тоҷикӣ навишта шудаанд, хуб огоҳ ҳастем. Халқи мо дар ягон давру замон ба сари ягон миллат теғ накашидааст. Вале то имрӯз дар ҳудуди кишвари мо ва қаламрави форсизабонон калламанораҳое вуҷуд доранд, ки онҳо ёдгоре аз кирдорҳои ғайриинсонии истилогарони хунрез мебошанд. Халқи мо дар гузаштаҳои наздик низ аз зуҳуроти миллатгароӣ ва нажодпарастии дигарон азобу машаққати зиёд дидааст.

***

Мо бояд барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, серҳосилии ҳар як гектар замин ва пурзӯр сохтани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ шароит муҳайё намоем.

***

Мо бояд консепсияи давлатсозии худро бо ҳаёт ва фаъолияти ҳар фарди ҷомеа ҳамоҳанг созем.

***

Мо кӯшишҳои ғаразолуди истифодаҷӯйиро аз мероси фарҳангӣ барои талқини ғояҳои нажодпарастӣ бо дарки масъулияти таърихиву виҷдонӣ маҳкум мекунем ва фақат мехоҳем, ки наслҳои имрӯзу оянда аз фарҳанги қадимаву рангоранги миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон ва арзишҳои волои тамаддуни ориёӣ огоҳу баҳравар гарданд.

***

Мо ҳама бояд масъулияти худро дар назди Ватан амиқан эҳсос намоем.

***

Мо, ки баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати миллӣ гаштем, барои пуштибонӣ кардан аз тоҷикони бурунмарзӣ ва ваҳдати тоҷикони ҷаҳон масъулияти маънавӣ дорем.

***

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат аст.

***

Музокирот барои сулҳ қариб 40 моҳ идома ёфт ва бо тантанаи хиради азалии халқи тоҷик ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми июни соли 1997 анҷом пазируфт.

***

Ҳадафи бузургтари мо – бунёди давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ, таъмини арзишҳои умумибашарист.

***

Ҳаёт дуруст будани роҳи интихобкардаи мо, яъне сулҳу созиш ва ваҳдати миллиро исбот кард. Аз баракати сулҳу субот мо тавонистем мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор кунем, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз як миллион нафар гурезаҳоро ба ҷойи зисти доимиашон баргардонем ва ба обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз намоем.

***

Ҳанӯз то асри VII, яъне зуҳури дини ислом тамаддуни ориёӣ нуфузи ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Даҳҳо давлатҳои хурду бузург аз марзҳои Эрон то канораҳои Ҳинд, аз қаламрави Тӯрон то домани рӯдҳои Даҷлаву Фурот таҳти парчами он гирд омада, мардумони ин сарзамин унсурҳои нахустини арзишҳои башарӣ, пеш аз ҳама ойинҳои инсондӯстиро ба оламиён эҳдо кардаанд.

***

Ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд донад, ки аҷдоди мо – суғдиҳову бохтариҳо зодагони қавми ориёӣ ҳастанд, забони модарии мо баробари дигар забонҳои минтақа, аз ҷумла форсӣ ва дарӣ аз забонҳои қадимаи ориёӣ сарчашма мегирад.

***

Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

***

Ҳеҷ кишвар ва миллат бе зиёиёни худогоҳ ва ватанпараст ояндаи худро обод карда наметавонад.

***

Ҳифз кардан ва бегазанд ба фардоиён додани арзиши фарҳангӣ вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи мову шумост.

***

Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост.

***

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

***

Ҳокимияти судӣ бояд баҳри таҳкими қонуният ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дошта бошад.

***

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад.

***

Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад.

***

Пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ – роҳи интихобнамудаи мардуми Тоҷикистон.

***

Паст намудани сатҳи камбизоатӣ мақсади асосии ислоҳоти иқтисодист.

***

Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд.

***

Пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва муҳимтарин нишонаи мустақилияти давлат мебошад.

***

Пуштибонӣ аз тоҷикони бурунмарзӣ ва ваҳдати тоҷикони ҷаҳон масъулияти маънавии мост.

***

Равандҳои илмӣ замоне нерӯи созандагӣ пайдо мекунанд, ки ба тамоми соҳаҳои зиндагӣ қувваи таъсирбахш дошта бошанд.

***

Риояи қатъии меъёрҳои иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷаи мост.

***

Роҳе, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, ин бунёди давлату ҷомеаи нерӯманду қавист.

***

Савод сутуни асосии фарҳангу маънавият аст.

***

Сарнавишти ориёиҳо, ки баробари як силсила халқу миллатҳои олам мо – тоҷикон низ яке аз меросдорони асили он ҳастем, аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину ҳайратангези таърихи башар аст.

***

Сарчашмаи рушди худшиносии миллӣ маърифат аст.

***

Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ дорад.

***

Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд.

***

Сутуни асосии фарҳангу маънавиёт савод аст.

***

Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар баробари гузаронидани ислоҳоти макроиқтисодӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

***

Тамаддуни ориёӣ барои ниёгони мо нақши нуқтаи оғози таърих, арсаи будубош, пайдоиш ва ташаккули нахустин ойинҳои давлатдорӣ, фарҳанг, дигар арзишҳои миллӣ ва гузашта аз ин, ҷавлонгоҳи худшиносиву ҷаҳоншиносиро бозидааст.

***

Тамаддуни ориёӣ дар давраи давлатдориҳои муташаккилу пешрафтаи таърихии Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён ва як қатор давлатдориҳои дигар ҷанбаҳои гуногуни сиёсиву идорӣ ва иҷтимоии собиту арзишманд, фарҳанги асил ва созанда, меъёрҳои волои ахлоқиву маънавӣ ва робитаҳои қавмиву минтақавиро соҳиб шуда, дар ташаккули суннати бузурги давлатдории ориёӣ ва бунёди ҷамъияти нисбатан пешрафта давраи нави таҳаввули худро сипарӣ кардааст.

***

Таъмин намудани истиқлолияти озуқавории мамлакат ҳадафи мост.

***

Таъмини суботу устувории макроиқтисодӣ асоси тараққиёти иқтисодист.

***

Таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад.

***

Тибқи таҳқиқоти муаррихону тамаддуншиносони маъруф инсоният дар тӯли таърихи мавҷудияти худ бисту як тамаддуни ҷаҳониро эҷод кардааст. Аз ҷумлаи онҳо то имрӯз танҳо ҳафт тамаддун нуфузи умумибашарии худро нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар миёни онҳо тамаддуни ориёӣ нақши тобнок ва мақоми пурарзише дорад.

***

То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем.

***

Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва озод баҳри пойдории сулҳ мубориза мебарад.

***

Тоҷикистон терроризмро ба тамоми шаклу зуҳуроташ маҳкум менамояд.

***

Фарҳанг намоёнгари ҳофизаи таърихии миллат аст.

***

Фарҳанг ҳастии миллат аст.

***

Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад.

***

Фарҳанг ойинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбанд.

***

Фарҳанг ойинаи зиндагист.

***

Фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳост.

***

Фосилаи таърих аз «Авесто» то имрӯз ҳар қадар меафзояд, ҳамон қадар арзиши фалсафию ахлоқӣ ва маънавии «Авесто» барҷастатар ҳувайдо мегардад.

***

Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.

***

Халқи тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо дорои истеъдоди баланди зеҳнию илмӣ буд.

***

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.