Китобхона қисмати асосии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки ҷараёни таълимию тарбиявӣ ва тадқиқоти илмиро бо адабиёт ва иттилоот таъмин намуда, ҳамчунин маркази паҳн намудани дониш, муоширати маънавию зеҳнӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад.
Раёсати донишгоҳ мунтазам кӯшиш менамояд, ки аз рӯйи имконият фонди бадеии китобхонаи донишгоҳро бо адабиёти бадеӣ таъмин намояд, то дар боло рафтани маданият ва завқи забономӯзии донишҷӯён ҳиссагузор бошад. Айни ҳол дар китобхонаи илмӣ-техникии Донишгоҳ зиёда аз 8287 номгуйи адабиёти бадеӣ мавҷуд аст.
Китобхонаи электронии донишгоҳ соли 2006 ташкил шуда, то имрўз фаъолият дорад. Саҳифаи китобхонаи электронӣ дар WEB-портали Донишгоҳ (www.lib.ttu.tj) ҷойгир шудааст, ки дар он файлҳои электронии китобҳо маҳфуз мебошанд ва дастраси ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён мебошад.