Маълумоти умумӣ:
Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019с., №10/2-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ — Мустаҳкамкунонии механизмҳои комилкунии муҳандисӣ барои духтарон.
Мақсади лоиҳа
Беҳтаркунонии механизми гирифтани таҳсилоти инженерӣ барои духтарони аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ.
Вазифаи асосӣ
- Баланд бардоштани сатҳи дониши духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ба воситаи омӯзонидани малакаҳои иловагӣ дар соҳаҳои технологияҳои информатсионӣ, энергетика, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ ба воситаи гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо.
- Беҳтар намудани сатҳи зиндагии духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд тавассути бунёд намудани ҷомашӯйхона ва ошхона бо ҳамин тариқ сарфа намудани вақти холигӣ ба онҳо барои омӯзиши иловагӣ имконият медиҳад, инчунин шиносонидани онҳо бо технологияи ҳозиразамони мошинаҳои ҷомашӯи ва дар онҳо пайдо намудани этикаи истифодабарии моликияти ҷамъиятӣ.
- Гузаронидани Саммити ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Зан дар фаъолияти муҳандисӣ” ҷойе, ки имконият медиҳад дар як майдон занҳои мутахассисони муҳандисӣ, корхонаҳои бонуфузи кишвар ва донишҷӯдухтарони ихтисосҳои муҳандисиро ҷамъ намуд.
Муҳлати татбиқи лоиҳа:
Санаи оғози лоиҳа: 25-09-2019
Санаи анҷоми назардоштаи лоиҳа: 25-09-2020