Содиқов Хуршед Соибович

мудири шуъба

(+992)-37-227-48-31

sklif04@mail.ru

Ашуров Искандар

нозири шуъба

(+992)-

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ

Интихоби оянда бо мо баҳри ободии Ватан!

Барои дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисони ба талаботҳои бозори мехнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир», иҷроиши Барномаи  давлатии рушди таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2016, таҳти № 05/1-976 оиди дар амал  татбиқ намудани лоиҳаи аз тарафи “Маркази рушди касбияти муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, дастрас шудани ҷойҳои  корӣ” ба хатмкунандагон шароитҳои мусоид фароҳам овардан дар  Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №29-3/2  аз 28-уми ноябри соли 2016 дар заминаи Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон  дар асоси қарори Шӯрои Олимони донишгоҳ аз 30-юми апрели соли 2018, протоколи №8  “Маркази рушди касбият” таъсис дода шуд.

Яке аз нишондоди асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавони дар мактабҳои олӣ  таҳсилкунанда баъди хатм ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мебошад ва боз зина ба зина  рушди ихтисоснокӣ, мартабаи касбии онҳо ба ҳисоб меравад.

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ҳамчун зерсохтори донишгоҳ фаъолияти маорифпарварӣ,  тадбирҳои интихоби касбу ҳунар, ҷалби довталабонро дар асоси барномаҳо ва  технологияҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда, бо кортаъминкунии хатмкунандагон ва  мутобиқшавии онҳоро дар фаъолияти амалӣ дастгирӣ менамояд.

Вазифаи Маркази рушди  касбияти донишгоҳ ташаккули ҳавасмандии хатмкунандагон, банақшагирӣ ва сохтани  рушди касбият, мадад дар мутобиқшавӣ ба бозори муосир ва баамалории қобилияти  пурраи касбии худ, қонеъ гардонидани талаботи роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳо,  ташкилот ва шахсони воқеӣ, барои гирифтани донишҳои нав ва интихоби касб мусоидат  мекунад.

Мо бо беҳтарин корхонаҳои соҳаҳои гуногуни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқеъ — буда ҳамкорӣ дорем: Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҶСК «НБО-и Норак», «НБО-и Роғун», «НБО-и Сангтуда-1»,  ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”, ҶСК «Сементи Тоҷик», ҶСК “Тоҷиктелеком”, ҶСК  «Тоҷик-нақбсоз», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД  “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”, ШСХК “Барқи тоҷик”, КВД “Хоҷагии  манзилию коммуналӣ”, ҶДММ “Ганҷ-Нашриёт”, КВД “Комбинати полиграфӣ”, Комплекси  табъу нашри “Шарқи озод”, ҶДММ “Ноқили ТАЛКО», КВД “ЛОИҲАКАШ”, ҶДММ «ИИ  Нассоҷии Тоҷик», КВД «Коргоҳи мошинасозӣ», КВД “Ширкати алюмини Тоҷик”, «Сомонтаҷҳизот» ва ғ.

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ташкил ва гузаронидани машварат, тренинг,лексияро бо  корфармоён, корхонаҳои дар ҷумҳурии мо мавҷудбуда ба роҳ монда, ба донишҷӯёни  донишгоҳ  имконият медиҳад, ки бо бозори меҳнат шинос шуда, самти фаъолияти ояндаи худро  муайян намоянд.

Марказ инчунин тартиб ва ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, тақсимоти хатмкунандагони аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсилкунанда ба ҷойи кор, имтиёзҳо, масъулияти тарафҳо ва  баргардондани маблағҳои сарфшударо аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи ихтисос дар асоси  роҳхат ба ҷойҳои кориашон ҳозир намешаванд, ба танзим медарорад.

Мақсади асосии фаъолияти марказ рушди рақобатпазирии донишҷӯён ва хатмкунандагони  Донишгоҳ дар бозори меҳнат мебошад.

Вазифаҳои асосии Марказ: 

‒ кортаъминкунӣ ва мусоидат дар рушди касбияти донишҷӯён ва хатмкунандагон;

‒ ҳамкорӣ бо хатмкунандагон дар донишгоҳ ва минбаъд дар корхона;

‒ ташкил ва мусоидат намудани рушди мартаба дар касбу ҳунар;

‒ ҳамоишсозӣ дар байни корфармоён ва хатмкунандагон, бо ҷойи кор таъминкунии онҳо.

ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар навбати аввал гурӯҳи донишҷӯён, муаллимон, кормандон, хатмкунандагон ва ҳамкорон мебошад, ки самти фаъолияти онҳо барои комёб шудан ба  натиҷа баҳри ободии Ватани азизамон нигаронида шудааст.  Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистр гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси техникии Донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошад.

 

АЗ ҲАМКОРӢ БО ШУМО ШОДЕМ!

       

Суроға: 734042, ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо,10

Телефони МРК: +992 372-27-48-31

Почтаи электронӣ:  x_sodykov@mail.ru