Дар матбааи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ асосан тамоми маводи чопии дохилидонишгоҳӣ – китобу васоити таълим, дастурҳои методӣ, маҷмуи лексияҳои омоданамудаи устодон, ҳуҷҷатгузории шуъбаю кафедраҳои донишгоҳ ва дигар эҳтиёҷоти чопии донишгоҳ (маводи таълимӣ, методӣ, илмӣ ва соҳавии кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар зерсохторҳои донишгоҳ) чоп карда мешавад.

Матбааи донишгоҳ дорои асбобҳои коғазбурӣ, чоп, нусхабардорӣ, бандубаст ва ширеш, дӯхтан, ламинатсиякунӣ, компютер ва принтерҳои махсус буда, имкони қонеъ гардонидани талаботи матбаавии донишгоҳро дорад.

Матбаа инчунин ба сифати объекти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисосҳои полиграфии донишгоҳ хизмат карда метавонад. Дар давраҳои муайяни соли хониш аз донишҷӯён бо навбат ба таҷрибаомӯзиҳои шиносоӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ ба матбаа фиристода мешаванд.