Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун яке аз марказҳои маънавию фарҳангӣ, омодасозандаи кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҷонибдор ва пешбарандаи сиёсати давлату ҳукумати тоҷикон фаъолияти густурда дорад. Бешубҳа дар ин ҷода яке аз воситаҳои таблиғкунанда «Муҳандиси ҷавон» аст.
Нашри «Муҳандиси ҷавон» («Инженери ҷавон») аз 1-уми феврали соли 1984 оғоз ёфта, бо номи «Инженери ҷавон» («Молодой инженер»), таҳти шиори оммавии «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!», теъдоди 2000 нусха ва дар ду саҳифа нашр мегардид ва органи комитети партиявӣ, иттифоқи касаба, комитети комсомолӣ ва ректорати Институти политехникии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва то ба имрӯз давом дорад. Муҳаррири солҳои авали нашр Ф. Юрин буда, асосан нашрия бо забони русӣ таҳия мешуд.
Аз соли 1989 И.М.Дубовитская ҳамчун муҳаррири нашрия фаъолият намудааст. То аввали солҳои 1989 маводу матлаи нашрия аз ғояҳои сиёсии замон иборат буда, баъдтар вобаста ба пешрафт ва бозсозиҳо маводи гуногуни дигар, ки ба суннатҳои миллии тоҷикӣ пайваста буданд, омодаи нашр гардидааст.
Муҳаррири нашрия соли 1991 М. Мирҳайдаров омодасозии нашрияро боз ҳам бо равиши матлаю мавзӯъҳои бо забони тоҷикӣ таҳиягардида ба роҳ монда, суннатҳои миллиро бештар ба табъ расонидааст. Дар шумораи моҳи сентябри 1991 аввалин мақолаи бахшида ба 9-уми сентябр-Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст.
Соли 1994 Одина Мирак ҳамчун сармуҳаррири нашрия ба фаъолият оғоз намудааст. Ӯ низ давомдиҳандаи анъанаҳои М. Мирҳайдаров дар нашрия буда, «Инженерии ҷавон» дар ин солҳои душвори миллати тоҷик ва донишгоҳ фаъолият бурдааст.
Баъдан, пас аз танаффуси тӯлонӣ аз оғози соли 2005-ум сар карда, Зурбеки Гулбек фаъолияти нашрияро бо номи «Муҳандиси ҷавон» («Молодой инженер»), таҳти шиори «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!», теъдоди 1000 нусха дуюмбора ба роҳ монд. Ӯ тавонист, ки тамоми маводи омодаи чопшавандаро ба давру замон ва талаботи замон мувофиқ нашр намояд. Забони нашр аксаран бо забони давлатӣ сурат гирифта, ҳуввияту анъанаҳои миллӣ ба пуррагӣ эҳсос карда мешаванд.
Ин равишро баъдан аз оғози соли 2007-ум Фаридун (Фаридун Юнусов) низ ҳамчун сармуҳаррир идома дода, ба мавзӯъҳои гуногунмазмуни миллию техникӣ аҳамияти ҷиддӣ дод.
Дар ин 33 соли нашр барои «Муҳандиси ҷавон» роҳҳои пурпечу тоби ҳастӣ рост меояд. Вале бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ нашрия бо лавозимот ва шароити зарурӣ таъмин гардида, дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти донишгоҳ саҳми босазо дорад.
Хушбахтона имрӯзҳо барои нашрия утоқи кории алоҳида бо тамоми таҷҳизот, фазои кории мусоид ва маводи зарурии пешниҳодшаванда мавҷуд аст. Кормандони нашрия кӯшиш бар он медоранд, ки саҳифаҳои «Муҳандиси ҷавон» бо маводи рангоранг таъмин бошад. Аз ин рӯ, хабарҳои ҳаррӯзаи ҳаёти донишгоҳ, навовариҳои илмии устодону донишҷӯён, қарорҳои ректорат, Шӯрои олимон ва Шӯрои методӣ, табрикоту лавҳаву мақолаҳо ва ғайраҳо ба чоп мерасанд. Инчунин доир ба таълиму тарбия, таъриху фарҳанг, ҳаҷву мутоиба мақолаҳоҳои ҷолиб рӯйи чоп меоянд.
Махсусан маводи ҷолиб дар арафаи Ҷашни миллии мо – Наврӯзи хуҷастапай бениҳоят зиёд гирд оварда мешавад. Дар он доир ба пайдоиш, анъанаҳои ҷашнӣ ва файзу баракоти Наврӯз мавод пешкаш мегардад.
Барои дастрас кардани маводи зарурӣ китобу маҷаллаҳо, маълумоти кормандони донишгоҳ, сайтҳои Интернет, низ истифода мешаванд. Инчунин барои боз ҳам дилчасптар шудани мазмуни газета нашрия маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст ва ҷавобгарию масъулияти ин гуна мақола ва маводро ба ӯҳда намегирад.
Аз соли 1984 сар карда, то соли 1987 асосан «Инженери ҷавон» ба теъдоди 2000 нусха ва дар ду саҳифа интишор мегардид. Соли 1988 теъдоди он ба 2500 нусха расонида шуда, баъзе аз шумораҳояш дар чор саҳифа низ ба табъ расиданд. Теъдоди нашр боз дар солҳои 1989-1992 ба 2000 нусхаи дусаҳифагӣ баробар буд. Аммо аз соли 1993 то давраи таваққуф он ба теъдоди 1000 нусхаи чорсаҳифагӣ омодаи чоп шуд. Теъдоди нашри пас аз соли 2005-ум ба 1000 нусхаи чорсаҳифагӣ ва дар шумораҳои ҷашнӣ ба шашсаҳифагӣ ва ҳаштсаҳифагӣ баробар гардид.
Имрӯзҳо нашрия бо тамоми сохторҳои ҷамъиятии донишгоҳи техникӣ робитаи зич дошта, аз дастгирӣ ва кӯмаки роҳбарияти донишгоҳ изҳори самимият мекунад, зеро бо дастгирии бевоситаи Раёсати донишгоҳ фаъолияти нашрия пурра ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона фаъолияти нашрия рӯз ба рӯз инкишоф меёбад. Пешрафти назарраси дигар дар ин ҷода обунашавии донишҷӯён ва устодони донишгоҳ аст, ки ба сатҳи молиявии фаъолияти «Муҳандиси ҷавон» мусоидат менамояд.
Хонандагони «Муҳандиси ҷавон» на танҳо донишҷӯён, устодон ва кормандони Донишгоҳи техникианд, инчунин ҳастанд нафароне, ки берун аз донишгоҳ (донишҷӯён ва устодони бархе аз донишгоҳҳои пойтахт) бо дилгармию самимият пурсону мароқи хондан мекунанд. Барои кулли хонандагонаш газета ба таври ройгон тақсим карда мешавад. Нашрия мекӯшад бо тамоми хонандагонаш робитаи зич дошта бошад ва ҳар лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳи азизро рӯйи чоп оварда, ба иттилои хонандагонаш расонад.