Ба нашрияи илмӣ-назариявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ «Паёми политехникӣ» шомил аст ва аз серияҳои «Таҳқиқоти муҳандисӣ» ва «Интелекс, инноватсия, инвеститсия» иборат аст.
Дар журнали мазкур, ки ба номгӯйи журналҳо ва нашрияҳои эътирофнамудаи КОА дохил гардидааст, мақолаҳои илмӣ дар самтҳои энергетика, информатика ва алоқа, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, технологияи кимиёвӣ ва металлургия, иқтисодиёт, мошинсозӣ ва технологияи мавод, математика, физика, кимиё, экология, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва мушкилоти муосири маориф чоп мешаванд.
Мақолаҳое, ки ба «Паёми политехникӣ» барои нашр қабул карда мешаванд, дорои аҳамияти тавсиявии илмӣ буда, аз ҷониби мутахассисон – олимони соҳа (докторони илм) тақриз мешаванд.
Нашрияи илмӣ-назариявии донишгоҳ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мақолаҳоро ба табъ мерасонад. Шакли электронии мақолаҳо дар сомонаи донишгоҳ ҷой дода шуда, инчунин ба системаи Индекси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) фиристода мешаванд.