БАХШИ СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИИ РАСМИИ ДОНИШГОҲ ВА САҲИФАҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
(www.facebook.com, www.youtube.com, www.linkedin.com)
Сомонаи интернетии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҷассумгари ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, саҳифаи иттилоотию тарғиботӣ буда, дорои маводи фаровони маълумотдиҳанда доир ба сохтори донишгоҳ мебошад.
Мувофиқи сохтори амалкунандаи донишгоҳ маълумоти муфассал нисбат ба ҳар як хадамот, факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ дар сомонаи донишгоҳӣ ҷой дода шудааст. Инчунин тавассути расму наворҳои гуногун хабарҳои ҷолиби дигар саҳифаро зеб дода мешавад. хабарҳои навтарин аз ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои донишгоҳӣ, эълону табрикот ва ғайраҳо низ ба ин саҳифа ворид карда мешаванд.
Маводи сомонаи донишгоҳ бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ омода ва паҳн мегардад.