Дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳсил дар докторантура аз рўи ихтисос (РhD) аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
№ | ШИФР | НОМИ ИХТИСОСҲО |
1. | 6D 042000 | Меъморӣ |
2. | 6D 042100 | Дизайн |
3. | 6D 050600 | Иқтисодиёт |
4. | 6D 051700 | Менеҷменти инноватсионӣ |
5. | 6D 060300 | Механика |
6. | 6D 060800 | Экология |
7. | 6D 070400 | Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ |
8. | 6D 070900 | Филизшиносӣ |
9. | 6D 071000 | Маводшиносӣ ва технологияи маводи нав |
10. | 6D 071200 | Мошинсозӣ |
11. | 6D 071300 | Наклиёт, техника ва технологияи нақлиётӣ |
12. | 6D 071600 | Асбобсозӣ |
13. | 6D 071700 | Энергетикаи ҳароратӣ |
14. | 6D 071800 | Энергетикаи барқӣ |
15. | 6D 071900 | Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия |
16. | 6D 072400 | Мошинҳо ва таҷҳизоти технологӣ (аз рӯйи соҳаҳо) |
17. | 6D 072900 | Сохтмон |
18. | 6D 073000 | Истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ |
19. | 6D 073100 | Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист |
20. | 6D 074400 | Сохтмон ва иншооти гидротехникӣ |
21. | 6D 074500 | Сохтмони нақлиётӣ |
22. | 6D 075200 | Низом ва шабакаҳои муҳандисӣ |
23. | 6D 075300 | Технологияи химиявии маводи душворгудози ғайрифилизӣ ва силикатӣ |
24. | 6D 080600 | Техника ва технологияи аграрӣ |
25. | 6D 090100 | Ташкили ҳамлу накд, ҳаракат ва истифодаи накдиёт |
26. | 6D 090900 | Логистика (аз рӯи соҳаҳо), |
27. | 6D 091100 | Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат иҷозат |
28. | 6D 100200 | Низомҳои амнияти иттилоотӣ |
Барои таҳсил ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
- ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда; нусхаи шиноснома;
- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани сабиқаи корӣ);
- сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ – методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа); асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
- маълумотномаи тиббӣ шакли 086 — У;
- 6 расми андозаи 3х4;
Муҳлати қабули хуҷҷатҳо аз 1 июл то 20 август.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.С.Осимӣ муроҷиат намоед. +992934714756