Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Маълумоти мухтасар
Асоси таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 се принсипи асосии рушди оянда: (1) боздоранда (пешгирии осебпазирии рушди оянда), (2) саноатикунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва (3) инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар) ташкил менамоянд.
Ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар навбати худ ҳадафҳои рушди стратегии зеринро муайян менамояд:
- таъмини амнияти энергетикӣ;
- рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар;
- таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо;
- тавсеаи шуғли фарогири пурмаҳсул.
Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур се вазифаи асосӣ гузошта шудааст, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад:
— якум, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии баробар ба сатҳи кишварҳои тараққиёташон миёна бо дараҷаи миёнаи даромад муқоисашаванда;
— дуюм, таъмин намудани рушди устувор тариқи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
— сеюм, тавсеа ва таҳкими мавқеи табақаи миёна.
Дар ин замина, барои ноил гардидан ба ҳадафи аввал зарур аст, ки:
- суръати устувори афзоиши иқтисодиёт дар сатҳи 7-8% нигоҳ дошта шавад;
- ҳаҷми ММД-и кишвар ба 3 ва беш аз он маротиба афзоиш ёбад;
- нишондиҳандаи ММД ба сари аҳолӣ на кам аз 2,5 маротиба афзоиш ёбад;
- нишондиҳандаи сатҳи умумии камбизоатӣ 2 маротиба коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи камбизоатии шадид рафъ карда шавад;
- хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам зиёд карда шавад.
Баҳри расидан ба вазифаи дуюм зарур аст, то: - суръати нисбатан баланди рушди саноат ва зиёд намудани ҳиссаи он дар сохтори ММД-и кишвар таъмин карда шавад;
- самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо назардошти ғизои комил баланд бардошта шавад;
- афзоиши босуръати хизматрасониҳои дараҷаи нисбатан мураккаб (хизматрасониҳои илмию технологӣ) таъмин карда шавад;
- баланд бардоштани диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ (паст намудани нишондиҳандаи содироти се маҳсулоти асосӣ аз 83 % то 58 %);
- сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ баланд бардошта шавад.
Дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зерин барои то соли 2030 аз рўи рейтинги «Пешбурди бизнес» ҷои 60-умро ишғол намудан, имконият фароҳам меоварад (ҳоло, мавқеи 132 миёни 189 кишвари ҷаҳон).
Барои ҳалли вазифаи сеюм бояд ҳиссаи табақаи миёна дар соли 2030 то 50% зиёд карда шавад. Тадбирҳои калидӣ дар доираи ин ҳадаф чунин мебошанд:
- мусоидат барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ, алалхусус аҳолии деҳот, ҷавонон ва занҳо;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин бо ҷои кори сазовор, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаи шуғли аҳолӣ миёни табақаҳои осебпазир;
- коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ дар ҷомеа.
Бо дарназардошти раванди татбиқи се ҳадафи асосӣ, 3 сенарияи рушд пешбинӣ шудааст: 1. инерсионӣ, 2. индустриалӣ ва 3. индустриалӣ-инноватсионӣ.
Бояд тазаккур дод, ки СМР-2030 аз се марҳилаи панҷсолаи рушд иборат мебошад:
- гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020);
- рушди босуръати иҷтисодиёт бо мақсади ҷалби сармоя (солҳои 2021-2025);
- тадриҷан ба анҷом расонидани индустриализатсия тавассути тақвияти зарфият, алалхусус рушди илм ва навоварӣ (солҳои 2026-2030).
Марҳилаи якум ба рушди соҳаи саноатӣ асос меёбад. Дар асоси ин модел афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия мушоҳида хоҳад гардид.
Дар доираи марҳилаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷоннок хоҳад шуд. Дар марҳилаи мазкур стратегияи амнияти энергетикиро, ки ҳадафи асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, татбиқ намудан зарур аст. Илова бар ин, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расида, масъалаи раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти роҳи оҳан ҳаллу фасл мегардад.
Дар марҳилаи сеюм бошад илм, технология ва навоварӣ рушд меёбанд. Ин иқдом ҷорӣ намудани технологияи муосирро бо мақсади мусоидат ба афзоиши сармояи инсонӣ ба роҳ мемонад.
Сохтори глобалӣ барои мақсад ва вазифаҳои рушди устувор
Вазифаҳо |
Индикаторҳо (нишондиҳандаҳо) |
Ҳадафи 1. Маҳви пурраи тамоми намудҳои бенавоӣ |
|
1.1 То соли 2030 аз байн бурдани бенавоии шадид барои тамоми инсонҳо дар тамоми ҷаҳон) (дар замони муосир дар як рӯз барои зистан аз 1.25 доллари ИМА камтар сарф намудан бенавоии шадид ҳисобида мешавад) |
1.1.1 Ҳиссаи аҳолии сатҳи камбизоатиашон аз сатҳи байналмилалӣ пасттар, аз рӯи ҷинс, синну сол, машғулият ва ҷойи истиқомат (шаҳр/деҳот) |
1.2 То соли 2030 ҳадди ақал то нисф кам намудани ҳиссаи мардон, занон ва кӯдакони тамоми синну сол, ки тибқи омори миллӣ дар бенавоӣ зиндагӣ мекунанд. |
1.2.1 Ҳиссаи аҳолии кишвар, ки дар сатҳи расмии камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи ҷинс ва синну сол |
1.2.2 Ҳиссаи мардон, занон ва кӯдакони тамоми синну сол, ки тибқи таснифоти миллӣ дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. |
|
1.3 Дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани низомҳо ва чораҳои зарурии ҳифзи иҷтимоӣ барои ҳамагон, аз ҷумла муқаррар намудани сатҳҳои минималӣ ва то соли 2030 ба таври назаррас фаро гирифтани табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ |
1.3.1 Ҳиссаи аҳолии бо сатҳи минималӣ ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ фарогирифташуда, аз рӯи ҷинс, бо ҷудо намудани фарзандон, бекорон. пиронсолон, маъюбон, ҳомиладорон, навзодон, шахсони дар истеҳсолот маҷруҳшуда ва камбизоатон ва осебпазирон |
1.4 То соли 2030 таъмини баробарҳуқуқии тамоми мардон ва занон, махсусан камбизоатон ва осебпазирон ба захираҳои иқтисодӣ. ҳамчунин дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ба моликияти замин ва идоракунии он ва дигар шаклҳои моликият, моликияти меросӣ, захираҳои табии мувофиқ ба технологияҳои нав ва хизматрасониҳои молиявӣ, аз он ҷумла маблағгузории хурд |
1.4.1 Ҳиссаи аҳолӣ, ки дар хоҷагиҳои оилавӣ зиндагӣ мекунанд, аз рӯи дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ |
1.4.2 Ҳиссаи аҳолии калонсоли соҳиби ҳуқуқҳои кафолатдодашудаи заминдорӣ, a) ки бо ҳуҷҷатҳои қонунӣ тасдиқ шудаанд ва б) онҳое. ки ҳуқуқҳои худ ба заминро кафолатдодашуда меҳисобанд, аз рӯи ҷинс ва шакли заминдорӣ |
|
1.5 То соли 2030 баланд бардоштани устувории зиндагии камбизоатон ва шахсони осебпазир ва паст намудани ноамнӣ ва осебпазирии онҳо дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқуллода дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва дигар таконҳо ва фалокатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ |
1.5.1 Шумораи фавтидагон, бенишон ғайбзадагон ва осебдидагон бевосита дар натиҷаи фалокат ба 100 000 нафар |
1.5.2 Талафотҳои бевоситаи иқтисодӣ аз фалокатҳо дар таносуби фоизӣ ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷаҳонӣ |
|
1.5.3 Шумораи кишварҳое, ки стратегияи милии паст намудани хавфи фалокатҳоро мутобиқи Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай доир ба паст намудани хавфи офатҳо барои солҳои 2015-2030 қабул ва амалӣ намудаанд |
|
1.5.4 Ҳиссаи мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки стратегияи маҳаллии паст намудани хавфи фалокатҳоро мутобиқи стратегияи милии паст намудани хавфи фалокатҳо қабул ва амалӣ намудаанд |
|
1.a Таъмин намудани истифодаи захираҳои бештар аз сарчашмаҳои гуногун, аз он ҷумла дар асоси фаъол намудани ҳамкориҳо бо мақсади рушд, бо мақсади пешкаш намудани воситаҳои кофӣ ва пешбинишаванда барои амалисозии барномаҳо ва стратегияҳои аз байн бурдани тамоми намудҳои бенавоӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд. махсусан кишварҳои камрушдкарда |
1.a.1 Ҳиссаи захираҳои ҷудонамудаи давлат бевосита ба барномаҳои паст намудани сатҳи бенавоӣ |
1.a.2 Ҳиссаи хароҷотҳо барои хизматрасониҳои асосӣ (маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ) дар ҳисоби умумии хароҷотҳои давлатӣ |
|
1.a.3 Ҳаҷми ҷамъбастии субсидияҳо ва ҷараёни воситаҳое, ки қарзро ба вуҷуд намеоваранд ва бевосита барои барномаҳои паст намудани сатҳи бенавоӣ ҷудо мешаванд, дар таносуби фоизӣ ба ММД |
|
1.b Дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд овардани механизмҳои устувори стратегӣ, ки дар асоси онҳо стратегияҳои рушд нуҳуфта бошанд. ки манфиатҳои бенавоён ва ҷанбаҳои гендериро барои мусоидат ба маблағгузории босуръати чорабиниҳои рафъи бенавоӣ ба назар мегиранд |
1.b.1 Ҳиссаи хароҷотҳои ҷорӣ ва сармоявии давлатӣ дар бахшҳои бештар ба занон, камбизоатон ва гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ фоидаовар |
Ҳадафи 2. Аз байн бурдани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқворӣ ва беҳтар намудани ғизогирӣ ва мусоидат ба рушди устувори хоҷагии кишлоқ |
|
2.1 То соли 2030 аз байн бурдани гуруснагӣ ва таъмини дастрасии солона барои ҳамагон, махсусан барои гуруҳҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла хурдсолон ба хӯроки кофӣ, серғизо ва бехатар |
2.1.1 Паҳншавии камхӯрокӣ |
2.1.2 Сатҳи миёна ва шадиди набудани амнияти озуқвароии аҳолӣ (аз рӯи «Шкалаи дарки набудани амнияти озуқаворӣ») |
|
2.2 То соли 2030 аз байн бурдани тамоми шаклҳои нимгуруснагӣ, аз он ҷумла то соли 2025 ноил шудан ба нишондиҳандаҳои ҳадафии дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда доир ба мубориза бо қаднакашӣ ва лоғаршавии кӯдакони то панҷсола ва қонеъ намудани талаботи духтарони хурдсол, занони ҳомиладор, ширдеҳ ва калонсолон ба хӯрока |
2.2.1 Паҳншавии таъхири қадкашӣ дар байни кӯдакони то панҷсола (дуршавии стандартӣ аз нишондиҳандаи миёнаи рушд нисбати синну соли кӯдак тибқи меъёрҳои рушди қади кӯдакон. ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муқаррар намудааст (СҶТ), <-2) |
2.2.2 Паҳншавии ғизои нопурра дар байни кӯдакони то панҷсола аз рӯи намуд (лоғаршавӣ ва ё фарбеҳӣ) (дуршавии квадратии миёна аз нишондиҳандаи миёнаи рушд нисбати синну соли кӯдак тибқи меъёрҳои рушди қади кӯдакон. ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муқаррар намудааст (СҶТ), <-2) |
|
2.3 То соли 2030 ду маротиба зиёд намудани маҳсулнокии хоҷагии қишлоқ ва даромади истеҳсолкунандагони хурди озуқаворӣ, махсусан занҳо, намояндагони халқҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои оилавии фермерӣ, чорводорон ва моҳипарварон, аз он ҷумла тавассути таъмини дастрасии кафолатдор ва баробар ба замин, дигар захираҳои истеҳсолӣ ва омилҳои истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, донишҳо, хизматрасониҳои молиявӣ, бозорҳо ва имкониятҳо барои афзун намудани арзиши илова ва шӯғлнокӣ дар бахшҳои ғайрикишоварзӣ |
2.3.1 Ҳаҷми истеҳсолот нисбати воҳиди истеҳсолӣ аз рӯи синфҳои ҳаҷми корхонаҳои хоҷагии фермерӣ /чорводорӣ/ хоҷагии ҷангал |
2.3.2 даромади миёнаи истеҳсолкунандагони хурди маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯи ҷинс ва тааллуқ доштан ба халқҳои маҳаллӣ |
|
2.4 То соли 2030 таъмин намудани ташкили низомҳои устувори истеҳсоли маводи озуқаворӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои пешбурди хоҷагии қишлоқ, ки ба маҳсулнокӣ ва пойдорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, нигаҳдории низоми экологӣ мусоидат менамоянд, тавоноии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, падидаҳои фавқуллодаи табиӣ, хушксолӣ ва дигар фалокатҳоро мустаҳкам менамоянд ва тадриҷан сифати замин ва хокро беҳтар менамоянд |
2.4.1 Ҳиссаи заминҳои хоҷагии қишлоқ, ки барои онҳо методҳои маҳсулнок ва тамомнашавандаи пешбурди хоҷагии қишлоқ ба кор бурда мешаванд |
2.5 То соли 2020 таъмин намудани гуногунии генетикии тухмиҳо ва растаниҳои парваришшаванда, ҳамчунин ҳайвонҳои хонагӣ ва хоҷагии қишлоқ ва намудҳои ваҳшии онҳо, аз ҷумла тавассути нигоҳубини зарурии хазинаҳои тухмии гуногуни тухмиҳо ва растаниҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ва мусоидат намудан ба вусъати дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавии алоқаманд ба онҳо ва фоидагирии муштараки одилона ва баробар аз истифодаи онҳо бо шартҳои мувофиқашуда дар сатҳи ҷаҳонӣ |
2.5.1 Миқдори захираҳои генетикии растанӣ ва ҳайвонот, ки барои истеҳсоли озуқаворӣ ва хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудаанд ва дар иншоотҳои махсуси барои нигаҳдории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат пешбинишуда нигаҳдорӣ мешаванд |
2.5.2 Ҳиссаи зотҳои маҳаллии ба категорияҳои зерин тааллуқдошта: хавфи нобудшавӣ доранд; хавфи нобудшавӣ надоранд; сатҳи хавфи нобудшавиашон муайян нест |
|
2.a Афзун намудани сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути фаъолсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар инфрасохтори хоҷагии қишлоқ, пажӯҳишҳои кишоварзӣ ва таблиғоти кишоварзӣ, рушди технологияҳо ва ташкили бонкҳои генетикии растанӣ ва ҳайвонот бо мақсади мустаҳкамсозии иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан кишварҳои кам рушднамуда, дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ |
2.a.1 Индекси тамоюл ба хоҷагии қишлоқ, ки аз рӯи сохтори хароҷотҳои давлатӣ муайян карда мешавад |
2.a.2 Ҷараёни якҷояи воситаҳои расмӣ (ёрии расмӣ бо мақсади рушд ва дигар ҷараёнҳои воситаҳои расмӣ) дар хоҷагии қишлоқ |
|
2.b Бартарафсозӣ ва пешгирии ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои савдоӣ ва пайдоиши каҷравиҳо дар бозори ҷаҳонии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла тавассути аз байн бурдани ҳамзамони тамоми шаклҳои кумакхарҷӣ ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва тамоми чорабиниҳои содиротӣ, ки тибқи мандати Давраи доҳагии гуфтушунидҳо оиди рушд пайомадҳои ҳамсон доранд |
2.b.1 Кумакхарҷӣ додан ба содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ |
2.c Чора дидан барои таъмини амалкарди зарурии бозори маҳсулоти озуқаворӣ ва маҳсулоти коркарди онҳо ва муосидат намудан ба дастрасии саривақтӣ ба иттилооти бозорӣ, аз он ҷумла дар бораи захираҳои озуқаворӣ бо мақсади маҳдуд сохтани болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ |
2.c.1 Нишондиҳандаи ноҳамсонии нарх дар бозори озуқаворӣ |
Ҳадафи 3. Таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некӯаҳволии ҳамагон дар ҳама синну сол |
|
3.1 То соли 2030 паст кардани коэффисиенти глобалии фавти модарон то 70 ҳодиса ба 100 000 таваллуди зинда |
3.1.1 Коэффисиенти фавти модарон |
3.1.2 Ҳиссаи зойишҳое, ки кормандони баландихтисоси тиббӣ қабул намудаанд |
|
3.2 То соли 2030 поён додан ба фавти пешгиришавандаи навзодон ва кӯдакони то панҷсола, дар баробари ин тамоми кишварҳо бояд ба он кӯшанд, ки фавти навзодонро то на зиёда аз 12 ҳолат дар 1000 таваллуди зинда ва марг дар синни то панҷсолагӣ то на зиёда аз 25 ҳолат дар 1000 таваллуди зинда кам намоянд |
3.2.1 Коэффисиенти фавти кӯдакон дар синни то панҷсолагӣ |
3.2.2 Коэффисиенти фавти навзодон |
|
3.3 То соли 2030 аз байн бурдани эпидемияи СПИД, сил, тиф ва бемориҳои тропикие, ки ба онҳо диққати зарурӣ дода намешавад ва таъмини мубориза бо гепатит, бемориҳои тавассути об гузаранда ва дигар бемориҳои сироятӣ |
3.3.1 Шумораи сироятҳои нав ба ВМИ (ВИЧ) дар байни 1000 сироятнашдаҳо аз рӯи ҷинс, синну сол ва мансубият ба гуруҳҳои асосии аҳолӣ |
3.3.2 Бемории сил дар байни 100 000 инсон |
|
3.3.3 Бемории тиф дар байни 1000 инсон |
|
3.3.4 Бемории гепатити Б дар байни 100 000 инсон |
|
3.3.5 Миқдори одамони ниёзманд ба табобат аз бемориҳои «фаромӯшшудаи» тропикӣ |
|
3.4 То соли 2030 то сеяк кам намудани фавт аз бемориҳои ғайрисироятӣ тавассути пешгирӣ ва табобат ва нигаҳдории солимии равонӣ ва некӯаҳволӣ |
3.4.1 Фавт бо сабаби бемориҳои рагу дил, саратон, бемории қанд, бемориҳои кӯҳнаи роҳи нафас |
3.4.2 Фавт ба сабаби худкушӣ |
|
3.5 Беҳтар намудани пешгирӣ ва табобати вобастагӣ ба маводҳои равонӣ, аз ҷумла сӯиистифода аз маводҳои нашъаовар ва алкоголӣ |
3.5.1 Ба табобат фаро гирифтани бемориҳои дар натиҷаи истеъмоли маводҳои равонӣ бавуҷудомада (дорӯгӣ, хизматрасониҳои равониву иҷтимоӣ ва хизмадрасониҳои баъдитабобатӣ) |
3.5.2 Сӯйистифода аз машруботи алкулӣ (ки тибқи вежагиҳои миллии истифодаи машруботи алкулӣ ба ҳар сари аҳолии то синни 15- солагӣ муайян карда мешавад) дар литри спирти тоза дар соли тақвимӣ |
|
3.6 То соли 2020 дар тамоми ҷаҳон ду баробар кардани муриш ва ҷароҳатбардориву латхурӣ дар натиҷаи фалокатҳои нақлиётӣ |
3.6.1 Муриш дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ |
3.7 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳо доир ба ҳифзи беҳдоштии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ, аз он ҷумла хизматрасониҳо дар соҳаи банақшагирии оила, иттилоотрасонӣ ва маърифатноксозӣ, баҳисобгирии масъалаҳои беҳдоштии репродуктивӣ дар барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ |
3.7.1 Ҳиссаи занҳои синну соли репродуктивӣ (аз 15 то 49 сола), ки талаботи онҳо доир ба нақшагирии оила бо равишҳои ҳозиразамон қонеъ карда мешаванд |
3.7.2 Нишондиҳандаи зойиш дар байни духтарони наврас (дар синни аз 10 то 14 сола; дар синни аз 15 то 19 сола) дар байни 1000 зан дар гуруҳи додашудаи синну солӣ |
|
3.8 Таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла ҳифз аз хавфҳои молиявӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ-беҳдоштии асосии баландсифат ва дастрасӣ ба воситаҳои дорӯвории асосӣ ва ваксинаҳои арзон барои ҳамагон |
3.8.1 Фарогирӣ бо хизматрасониҳои асосии тиббӣ-беҳдоштӣ (ки ҳамчун фарогирии миёна бо хизматрасониҳои асосӣ тибқи равандҳои назоратшаванда муайян карда мешаванд, ки ба онҳо ҳифзи саломатии репродуктивӣ, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, табобати бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ ва масоҳатҳо ва дастрасии хизматрасониҳои барои табақаҳои васеи аҳолӣ ва барои гуруҳҳои дар ҳолати ногувор қарордоштаи аҳолӣ дохил мешаванд) |
3.8.2 Ҳиссаи аҳолии дорои хароҷоти зиёди оилавӣ барои ёрии тиббӣ дар ҳаҷми умумии хароҷот ва даромадҳои ҳоҷагидории оилавӣ |
|
3.9.1 Муриш дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳавои атмосфера |
|
3.9 То соли 2030 ба таври назаррас паст намудани шумораи ҳолатҳои муриш дар натиҷаи таъсири моддаҳои хатарноки кимиёвӣ ва заҳролудшавӣ ва ифлосшавии об, ҳаво ва хок |
3.9.2 Муриш дар натиҷаи набудани оби безарар, беҳдоштии бехатар (набудани хизматрасониҳои амниятӣ дар соҳаи таъмини об, беҳдоштӣ ва санитарӣ барои ҳамагон) |
3.9.3 Фавт дар натиҷаи заҳролудшавии ноогоҳона |
|
3.a Дар ҳолати зарурӣ фаъол намудани амалисозии Конвенсияи чаҳорчӯбавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи мубориза бо тамокӯкашӣ дар тамоми кишварҳо |
3.a.1 Паҳншавии мувофиқи синну сол муқаррарии тамокӯкашӣ дар байни наврасони то 15 сола |
3.b Мусоидат намудан ба пажӯҳишҳо ва коркарди ваксинаҳо ва дорӯсозӣ барои табобати бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ки пеш аз ҳама кишварҳои дар ҳоли рушдро фаро мегиранд, таъмин намудани дастрасӣ ба воситаҳои дорӯвори асосии арзон ва ваксинаҳо тибқи Эъломияи доҳагӣ «Созишнома доир ба ТРИПС (ҷанбаҳои савдоии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ) ва тандурустии омма», ки дар он ҳуқуқи кишварҳои дар ҳоли рушд ба истифодаи пурраи ҳолатҳои Созишнома доир ба ҷанбаҳои савдоии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар нишон додани ҳушёрӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва махсусан таъмини дастрасии ҳамагон ба воситаҳои дорӯворӣ тасдиқ шудааст |
3.b.1Ҳиссаи гуруҳи ҳадафии аҳолӣ, ки ба эмкунӣ бо тамоми ваксинаҳои ба барномаи давлатӣ дохилшуда фаро гирифта шудаанд |
3.b.2 Ҳаҷми умумии холиси кумаки расмӣ бо ҳадафи рушд, ки ба пажӯҳишҳои тиббӣ ва соҳаҳои асосии тандурустӣ равона карда шудаанд |
|
3.b.3 Ҳиссаи муассисаҳои тиббӣ, ки ҳамеша маҷмӯи воситаҳои дорӯвории зарурӣ ва дастрасро дар ихтиёр доранд |
|
3.c Ба таври назаррас зиёд намудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва интихоб, рушд ва омодагии касбӣ ва нигаҳдории мутахассисони соҳаи тиб дар кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан дар кишварҳои кам рушднамуда ва кишварҳои ҷазиравии дар ҳоли рушд |
3.c.1 Шумораи кормандони тиббӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва тақсими онҳо |
3.d Баланд бардоштани иқтидори тамоми кишварҳо, махсусан кишварҳои дар ҳоли рушд, дар соҳаи огоҳсозии пешакӣ, паст намудани хавфҳо ва танзими хавфҳои миллӣ ва глобалӣ барои саломатӣ |
3.d.1 Тавоноии риоя намудани Қоидаҳои байналмилалии тиббиву беҳдоштӣ (ҚБТБ) ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода дар соҳаи тандурустии омма |
Ҳадафи 4. Таъмини таҳсилоти боадолатонаи босифат барои ҳамагон ва тарвиҷи имконияти таҳсил барои ҳамагон дар тамоми давраи зиндагӣ |
|
4.1 То соли 2030 таъмини гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи бепул ва босифат барои духтарон ва писарон, ки имкон медиҳад то натиҷаҳои самараноки таҳсилро ба даст оваранд |
4.4.1 Ҳиссаи ҷавонон/болиғон/дорандагони малакаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ 4.1.1 Ҳиссаи кӯдакон ва наврасони a) хонанадагони 23 синфҳо; b) хатмкунандагони мактабҳои ибтидоӣ; ва c) хатмкунанадагони мактаби миёнаи хурд, ки ҳадди ақал соҳибаи малакаҳои i) хониш ва ii) технологияҳои математикӣ, аз рӯи намудҳои малакаҳо ҳастанд |
4.2 То соли 2030 ба ҳамаи духтарон ва писарон таъмин намудани дастрасӣ ба низомҳои босифати рушд, нигоҳубин ва таълими томактабии кӯдакони хурдсол барои омодасозии онҳо ба таҳсилоти минбаъдаи ибтидоӣ |
4.2.1 Ҳиссаи кӯдакони то панҷсола, ки дар саломатӣ, таҳсил ва некӯаҳволии равонӣ-иҷтимоӣ нуқсон надоранд, аз рӯи ҷинс |
4.2.2 Сатҳи иштирок дар шаклҳои муташаккили таҳсил (то як сол пеш аз расидан ба синни расмии мактабравӣ) аз рӯи ҷинс |
|
4.3 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии баробар ба таҳсилоти арзон ва босифати касбӣ-техникӣ ва олӣ барои тамоми мардон ва занон, аз о ҷумла таҳсил дар донишгоҳ |
4.3.1 Сатҳи иштироки болиғон ва ҷавонон дар намудҳои таҳсили расмӣ ва ғайрирасмӣ ва омодагии касбӣ дар 12 моҳи охир аз рӯи ҷинс |
4.4 То соли 2030 комилан зиёд намудани шумораи ҷавонон ва болиғони соҳиби малакаҳои зарурӣ, аз ҷумла малакаҳои касбӣ-техникӣ, барои корёбӣ, соҳиби кор ва шуғли арзандаи фаъолияти соҳибкорӣ |
4.4.1 Ҳиссаи ҷавонон/калонсолон/соҳиби малака дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз рӯи намуди малака |
4.5 То соли 2030 аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи маориф ва таъмин намудани дастрасии баробар ба таҳсилот ва омодагии касбӣ-техникии тамоми сатҳҳо барои гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, намояндагони халқҳои маҳаллӣ ва кӯдакони дар ҳолати осебпазирӣ қарордошта |
4.5.1 Индекси баробарӣ (занон ва мардон, сокинони шаҳрҳо ва деҳот, намояндагони табақаи доро ва дигар гуруҳҳо, аз ҷумла маъюбон, аҳолии маҳаллӣ ва мардумони гирифтори кашмакашҳо, вобаста ба мавҷудияти маълумотҳо) дар тамоми нишондиҳандаҳои марбут ба маориф дар номгӯи мазкур, ки метавонанд ҷудо карда шаванд |
4.6 То соли 2030 таъмин намудани он ки тамоми ҷавонон ва қисми зиёди аҳолии калонсол, ҳам мардон ва ҳам занон хондан, навиштан ва ҳисоб кардан тавонанд |
4.6.1 Ҳиссаи аҳолӣ дар гуруҳи синну солии додашуда, ки ҳадди ақал дараҷаи а) саводнокӣ б)саводнокии математикии функсиоаналиро соҳиб шудаанд, аз рӯи ҷинс |
4.7 То соли 2030 таъмин намудани он, ки тамоми хонандагон дониш ва малакаҳо зарурӣ барои мусоидат ба рушди устуворро ба даст оваранд, аз он ҷумла тавассути омӯзиши масъалаҳои рушди устувор ва тарзи ҳаёти устувор, ҳуқуқҳои инсон, баробарии гендерӣ, тарғиби фарҳанги сулҳ ва меҳрубонӣ, шаҳрвандии ҷаҳон ва дарки арзишҳои гуногунрангии фарҳангӣ ва саҳми фарҳанг дар рушди устувор |
4.7.1 Мақоми i) тарбия дар руҳияи шаҳрвандии умумиҷаҳонӣ ва ii) тарғиби рушди устувор, аз ҷумла баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи инсон дар тамоми сатҳҳо дар a) сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф; b) дар барномаҳои таълимӣ; c) дар барномаҳои омодасозии омӯзгорон; ва d) дар низоми аттестатсияи хонандагон |
4.a Ташкил ва такмил додани муассисаҳои таълимие, ки манфиатҳои кӯдакон, ниёзҳои махсуси маъюбон ва ҷанбаҳои гендериро ба ҳисоб мегиранд ва таъмин намудани муҳити самараноки бехавф ва аз зӯроварӣ ва монеаҳои иҷтимоӣ озод барои ҳамагон |
4.a.1 Ҳиссаи мактабҳои таъмин бо a) нерӯи барқ; b) дастрасӣ ба Интернет бо мақсадҳои омӯзишӣ; c) компютерҳо барои мақсадҳои омӯзишӣ; d) инфрасохтори мутобиқ ва маводҳо барои хонандагони маъюб; e) сарчашмаҳои асосии оби нӯшиданӣ; f) ҳоҷатхонаҳои алоҳидаи ҳадди ақал муҷаҳҳазонидашуда; ва g) воситаҳои асосӣ барои дастшӯӣ (тибқи таснифоти нишондиҳандаҳои ташаббуси ВССГ) |
4.b То соли 2020 бештар зиёд намудани миқдори стипендияҳо дар тамоми ҷаҳон, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан ба кишварҳои кам рушднамуда, кишварҳои ҷазиравии дар ҳоли рушд ва кишварҳои африқоӣ барои гирифтани маълумоти олӣ, аз ҷумла маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсил дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барномаҳои техникӣ, муҳандисӣ ва илмӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва кишварҳои дар ҳоли рушд дода мешаванд |
4.b.1 Ҳаҷми кумаки расмӣ бо ҳадафи рушд, ки ба пардохти стипендияҳо равона карда шудаанд, аз рӯи соҳаҳо ва намуди омӯзиш |
4.c То соли 2030 бештар зиёд намудани шумораи омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла тавассути ҳамкории байналмилалӣ дар тайёр намудани омӯзгорон дар кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан дар кишварҳои кам рушдкарда ва кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд |
4.c.1 Ҳиссаи омӯзгорон дар a) муассисаҳои томактабӣ; b) мактабҳои ибтидоӣ; c) мактаби миёнаи хурдсолон; ва d) мактаби миёнаи калонсолон, ки то оғоз ва ё дар вақти кор ҳадди ақал аз омодагии муташаккили омӯзгорӣ дар сатҳи мувофиқ дар кишвари додашуда гузаштаанд (масалан, тайёрии омӯзгорӣ) |
Ҳадафи 5. Таъмини баробарии гендерӣ ва вусъати ҳуқуқҳо ва имкониятҳо барои тамоми занон ва духтарон |
|
5.1 Дар ҳама ҷой аз байн бурдани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ва духтарон |
5.1.1 Мавҷудияти базаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои ҳавасмандкунӣ ва таъмини баробарҳуқуқӣ ва табъиз нанамудан аз рӯи нишонаҳои ҷинсӣ ва назорат бар вазъ дар ин соҳа |
5.2 Аз байн бурдани тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар соҳаҳои оммавӣ ва хусусӣ, аз ҷумла одамфурӯшӣ ва истисмори шаҳвонӣ ва дигар шаклҳои истисмор |
5.2.1 Ҳиссаи занон ва духтарони то 15 сола, ки замоне ҳамсар доштаанд ва аз ҷониби ҳамсари кунунӣ ва ё собиқашон дар давоми 12 моҳи охир мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва равонӣ қарор гирифтаанд, аз рӯи шакли зӯроварӣ ва синну сол |
5.2.2 Ҳиссаи занон ва духтарони то 15 сола, ки дар давоми 12 моҳи охир аз ҷониби касе, ба ғайр аз шарикони маҳрамонаашон, мавриди зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтаанд, аз рӯи синну сол ва ҷойи рух додани ҳодиса |
|
5.3 Аз байн бурдани тамоми намудҳои издивоҷи кӯдакон, бармаҳал ва иҷборӣ, ҷарроҳиҳои маъюбкунандаи олатҳои таносулии занон |
5.3.1 Ҳиссаи занони аз 20 то 24 сола, ки то 15 солагӣ ва то 18 солагӣ ба шавҳар баромадаанд |
5.3.2 Ҳиссаи духтарон ва занони аз 15 то 49 сола, ки таҳти ҷарроҳиҳои узвҳои таносулӣ/хатна қарор гирифтаанд, аз рӯи синну сол |
|
5.4 Қадрдонӣ намудан ва баҳогузорӣ намудани меҳнати пардохтнашавандаи нигоҳубинӣ ва пешбарии корҳои хонагӣ, бо пешкаш намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, инфрасохтор ва низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандкунии уҳдадории умумӣ дар пешбурди хоҷагӣ дар оила, бо назардошти шароитҳои миллӣ |
5.4.1 Ҳиссаи вақти ба меҳнати пардохтнашаванда дар нигоҳубинӣ ва кор дар хона сарфшуда, аз рӯи ҷинс, синну сол ва ҷойи зист |
5.5 Таъмин намудани иштироки ҳаматарафа ва воқеии занҳо ва имкониятҳои барои онҳо баробар дар пешсафӣ дар тамоми сатҳҳои қабули қарорҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқисодӣ ва ҷамъиятӣ |
5.5.1 Ҳиссаи ҷойҳои ишғолнамудаи занҳо дар a) парламентҳои миллӣ ва b) мақомоти маҳаллии ҳокимият |
5.5.2 Ҳиссаи занҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда |
|
5.6 Таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва шаҳвонӣ ва дар амалисозии ҳуқуқҳои репродуктивӣ мутобиқи Барномаи амалҳои Конфронси байналмилалӣ доир ба нуфуз ва рушд, Платформаи пекинии амалҳо ва ҳуҷҷатҳои ниҳоии конфронсҳо оид ба баррасии рафти иҷрои онҳо |
5.6.1 Ҳиссаи занҳои аз синни аз 15 то 49 сола, ки мустақилона қарорҳои оқилона дар бораи муносибатҳои шаҳвонӣ, истифодаи воситаҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ ва муроҷиат барои хизматрасониҳо доир ба ҳифзи саломатии репродуктивӣ қабул менамоянд |
5.6.2 Шумораи кишварҳое, ки дар онҳо қонунҳо ва санадҳои меъёрие амал мекунанд, ки ба занон ва мардон аз синни 15 солагӣ дастрасии пурра ва баробар ба ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва шаҳвонӣ ва гирифтани маълумот дар ин бораро медиҳанд |
|
5.a Гузаронидани ислоҳот бо мақсади ба занон додани ҳуқуқҳои баробар ба захираҳои иқтисодӣ, ҳамчунин дастрасӣ ба соҳибият ва идораи замин ва дигар шаклҳои моликият, хизматрасониҳои молиявӣ, моликияти меросӣ ва захираҳои табиӣ мувофиқи қонунҳои миллӣ |
5.a.1 a) Ҳиссаи одамоне, замини кишоварзӣ ва ё ҳуқуқи кафолатдодашудаи истифодаи онро доранд, дар саршумори умумии аҳолии машғули кишоварзӣ, аз рӯи ҷинс; b) ҳиссаи занони соҳиби замини кишоварзӣ ва ё дорои ҳуқуқи истифодаи он, аз рӯи шакли соҳибият |
5.a.2 Ҳиссаи кишварҳое, ки дар онҳо пойгоҳи ҳуқуқӣ (аз он ҷумла ҳуқуқи оддӣ) ба занҳо ҳуқуқҳои баробар ба соҳибият ва идораи заминро медиҳад |
|
5.b Фаъолонатар истифода бурдани технологияҳои баландсамар, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ, барои мусоидат ба васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон |
5.b.1 Ҳиссаи одамоне, ки телефони ҳамроҳ (мобилӣ) доранд |
5.c Қабул ва мукаммал намудани стратегияҳои оқилона ва қонунҳои иҷрошаванда бо мақсади ҳавасмандгардонии баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҳамаи занон ва духтарон дар тамоми сатҳҳо |
5.c.1 Ҳиссаи кишварҳои дорои механизми назорати маблағҷудокуниҳои давлатӣ барои таъмини баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон ва эъломи маълумотҳо дар бораи онҳо |
Ҳадафи 6. Таъмини мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва беҳдоштӣ барои ҳамагон |
|
6.1 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ва баробарҳуқуқона ба оби нӯшокии бехатар ва арзон барои ҳамагон |
6.1.1 Ҳиссаи аҳолии истифодабарандаи хизматрасониҳои обтаъминкунӣ, ки бо риояи талаботҳои бехатарӣ ташкил шудаанд |
6.2 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ва баробарҳуқуқона ба воситаҳои зарурии санитариву беҳдоштӣ ва поён додан ба дефекатсияи (тахлияи шикам) кушод, бо диққати бештар додан ба талаботҳои занон ва духтарон ва касони дар ҳолати осебпазирӣ қарордошта |
6.2.1Ҳиссаи аҳолие, ки a) аз хизматрасониҳои санитарии бо риояи талаботҳои бехатарӣ ташкилшуда ва b) аз дастгоҳҳо барои шустани даст бо собун истифода мебаранд |
6.3 То соли 2030 баланд бардоштани сифати об тавассути кам намудани ифлосшавӣ, аз байн бурдани партофтани партобҳо ба ҳадди бештар кам намудани партофтани маводҳои хатарноки кимиёвӣ, ду маротиба кам намудани ҳиссаи гандобҳои тозакарданашуда ва афзун намудани ҳаҷми гардиши дубора ва истифодаи дуюмбораи бехатари гандобҳо дар тамоми ҷаҳон |
6.3.1 Ҳиссаи гандобҳои бехавф тозашаванда |
6.3.2 Ҳиссаи обанборҳои оби хушсифат |
|
6.4 То соли 2030 ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар тамоми бахшҳо ва таъмин намудани иҳотаи устувор ва додани оби ширин барои ҳалли проблемаи норасоии об ва бештар кам намудани шумораи одамони аз норасоии об танқисӣ кашанда |
6.4.1 Динамикаи тағйироти самаранокии истифодабарии об |
6.4.2 Сатҳи сарборӣ ба захираҳои обӣ: ба иҳота гирифтани оби ширин дар таносуби фоизӣ нисбат ба захираҳои мавҷудаи оби ширин |
|
6.5 То соли 2030 таъмин намудани идораи маҷмӯавии захираҳои обӣ дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла, дар сурати зарурӣ, дар асоси ҳамкориҳои наздисарҳадӣ |
6.5.1 Дараҷаи ҷорисозии идораи маҷмӯавии захираҳои обӣ (аз 0 то 100) |
6.5.2 Ҳиссаи ҳавзҳои обии наздисарҳадӣ, ки бо шартномаҳои амалкунанда дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об фаро гирифта шудаанд |
|
6.6 То соли 2020 таъмин намудани ҳифз ва барқарор намудани экосистемаҳои бо об алоқаманд, аз ҷумла кӯҳҳо, ҷангалҳо, дарёҳо, қабатҳои обхез ва ва кӯлҳо |
6.6.1 Динамикаи тағйироти масоҳати экосистемаҳои алоқаманд бо об |
6.a То соли 2030 вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар кори пурзӯр намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар амалисозии фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдоштӣ. аз ҷумла ҷамъоварии обҳои ҷории сатҳӣ, ширинсозии об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тозакунии гандобҳо ва истифодаи технологияи гардиши дубора ва истифодабарии такрорӣ |
6.a.1 Ҳаҷми расмии кумак бо ҳадафи рушд, ки барои таъмини об ва беҳдоштӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи давлатии ҳамоҳангшавандаи хароҷотҳо ҷудо шудаанд |
6.b Дастгирӣ ва мустаҳкам намудани ширкати ҷамъиятҳои маҳаллӣ дар беҳтар намудани хоҷагидорӣ дар соҳаи об ва беҳдоштӣ |
6.b.1 Ҳиссаи воҳидҳои маъмурӣ, ки дар онҳо қоидаҳои ширкати шаҳрвандон дар идораи захираҳои обӣ ва беҳдоштӣ амал мекунанд |
Ҳадафи 7. Таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои арзон, боваринок, устувор ва муосири нерӯ барои ҳамагон |
|
7.1 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ба манбаи нерӯи арзон, боваринок ва муосир |
7.1.1 Ҳиссаи аҳолии ба нерӯи барқ дастрасидошта |
7.1.2 Ҳиссаи аҳолие, ки асосан аз навъҳои тозаи сӯзишворӣ ва технологияҳо истифода мебаранд |
|
7.2 То соли 2030 бештар афзун намудани ҳиссаи нерӯ аз сарчашмаҳои таҷдидпазир дар тавозуни ҷаҳонии энергетикӣ |
7.2.1 Ҳиссаи сарчашмаҳои таҷдидшавандаи нерӯ дар ҳаҷми умумии истеъмоли ниҳоии нерӯ |
7.3 То соли 2030 ду маротиба зиёд намудани нишондиҳандаи глобалии баланд бардоштани самаранокии нерӯ |
7.3.1 Нерӯталабӣ, ки ҳамчун муносибати хароҷоти нерӯи аввалин нисбати ММД ҳисоб карда мешавад |
7.a То соли 2030 фаъол намудани ҳамкории байналмилаӣ бо мақсади осон намудани дастрасӣ ба пажӯҳишҳо ва технологияҳо дар соҳаи энергетикаи аз нигоҳи экологӣ тоза, аз ҷумла энергетикаи таҷдидшаванда, баланд бардоштани самаранокии нерӯ ва технологияҳои пешрафта ва бештар тозаи истифодаи сӯзишвории кофта баровардашаванда, ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва технологияи энергетикаи аз диди экологӣ тоза |
7.a.1 Ҳаҷми ҷараёнҳои молиявии байналмилалии барои кишварҳои дар ҳоли рушд барои дастгирии пажӯҳишҳо ва коркардҳо дар соҳаи нерӯи «соф» ва рушди энергетика дар сарчашмаҳои таҷдидшаванда, аз ҷумла системаҳои таркибӣ |
7.b То соли 2030 васеъ намудани инфрасохтор ва таҷдид намудани технологияҳо барои таъмини муосир ва устувори нерӯ барои ҳамагон дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла дар кишварҳои кам рушднамуда, давлатҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд ва кишварҳои дар ҳоли рушд, ки ба баҳр роҳ надоранд, бо назардошти барномаҳои мувофиқи дастгирӣ |
7.b.1 Сармоягузорӣ дар таъмини самаранокии нерӯ дар таносуби фоизӣ нисбати ММД ва ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар воситаҳои молиявӣ, ки ба соҳаи хизматрасонӣ дода мешаванд, ки рушди устуворро таъмин менамоянд, бо мақсади васеъ намудани инфрасохтори онҳо ва таҷдиди технологияҳо |
Ҳадафи 8. Мусоидат ба рушди тадриҷӣ, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурра ва истеҳсолӣ ва кори арзанда барои ҳамагон |
|
8.1 Дастгирӣ намудани рушди иқтисодӣ ба ҳар сари аҳолӣ тибқи шароити миллӣ ва аз ҷумла афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз дар як сол дар кишварҳои кам рушднамуда |
8.1.1 Суръати ҳарсолаи рушди ММД — и воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ |
8.2 Ноил шудан ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар иқтисодиёт тавассути диверсификатсия, таҷдидсозии техникӣ ва фаъолияти навоварона, аз он ҷумла бо роҳи диққати махсус додан ба бахшҳои бо арзиши иловаи баланд ва бахшҳои меҳнатталаб |
8.2.1 Суръати ҳарсолаи рушди ММД — воқеӣ ба ҳар нафари соҳиби шуғл |
8.3 Мусоидат намудан ба гузаронидани сиёсати рушдгароёна, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кори арзанда, соҳибкорӣ, эҷодкорӣ ва фаъолияти навоварона мусоидат менамояд, ва эътирофи расмӣ ва рушди корхонаҳои хурд ва миёнаро ҳавасманд мегардонад, аз ҷумла бо роҳи ба онҳо пешкаш намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ |
8.3.1 Ҳиссаи шуғли ғайрирасмӣ дар бахшҳои ғайрикишоварзӣ аз рӯи ҷинс |
8.4 Дар тамоми давраи то охири соли 2030 тадриҷан баланд намудани самаранокии глобалии истифодаи захираҳо дар низоми истеъмол ва истеҳсол ва ба он кӯшидан, ки рушди иҷтисодӣ боиси бадшавии ҳолати муҳити атроф нагардад. чӣ тавре ки дар Стратегияи даҳсолаи амал барои гузариш ба истифодаи моделҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол пешбинӣ шудааст, ва ба ин кор бояд пеш аз ҳама кишварҳои мутараққӣ машғул шаванд |
8.4.1 Харҷи ҳамбастаи захираҳо ва харҷи захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ва дар таносуби фоизӣ ба ММД |
8.4.2 Истеъмоли ҳамбастаи дохилии моддӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва дар таносуби фоизӣ ба ММД |
|
8.5 То соли 2030 таъмин намудани шуғли пурра ва истеҳсолӣ ва кори арзанда барои ҳамаи мардон ва занон, аз ҷумла ҷавонон ва маъюбон, ва пардохти комили меҳнат мувофиқи аризиши он |
8.5.1 Музди маоши миёнаи соатии занон ва мардон аз рӯи навъи шуғл, синну сол ва нишонии маъюбӣ |
8.5.2 Сатҳи бекорӣ аз рӯи ҷинс, синну сол ва нишонаи маъюбӣ |
|
8.6 То соли 2020 ҳарчӣ бештар кам намудани ҳиссаи ҷавонони бекор ва таҳсилнакунанд ва ҷавононе, ки малакаҳои касбӣ намеомӯзанд. |
8.6.1 Ҳиссаи ҷавонони (аз 15 то 24 сола), бекор ва таҳсилнакунанда ва ҷавононе, ки малакаҳои касбӣ намеомӯзанд |
8.7 Қабул намудани чораҳои фаврӣ барои решакан намудани меҳнати иҷборӣ, ғуломдории муосир ва одамфурӯшӣ, манъ намудан ва аз байн бурдани меҳнати кӯдакон, аз ҷумла ҷалб ва истифодаи кӯдакон-афсарон, то соли 2025 аз байн бурдани тамоми намудҳои меҳнати кӯдакон |
8.7.1 Ҳиссаи кӯдакони аз 5 то 17 сола, ки ба кори кӯдакона фаро гирифта шудаанд, аз рӯи ҷинс ва синну сол |
8.8 Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба таъмини шароитҳои устувор ва бехатар барои тамоми меҳнаткашон, аз ҷумла муҳоҷирон, махсусан занони муҳоҷир ва шахсоне, ки шуғли доимӣ надоранд |
8.8.1 Ҷароҳабардорӣ ва латхӯрии истеҳсолӣ бо пасомади марговар ва ғайримарговар аз рӯи ҷинс ва мақоми муҳоҷирӣ |
8.8.2 Вазъи риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар сатҳи миллӣ (озодии иттиҳодияҳо ва бастани шартномаҳои коллективии меҳнатӣ) дар асоси сарчашмаҳои ҳуҷҷатии Созмони ҷаҳонии меҳнат (СҶМ) ва қонунгузории миллӣ аз рӯи синну сол ва мақоми муҳоҷирӣ — |
|
8.9 То соли 2030 таъмин намудани коркард ва амалисозии стратегияи ҳавасмандкунии сайёҳии устувор, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди фарҳанги маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамояд |
8.9.1 Саҳми бевоситаи сайёҳӣ дар ММД дар таносуби фоизӣ ба ММД — и ҳамбаста ва аз рӯи суръати рушд |
8.9.2 Ҳиссаи машғулбудагон дар саноати сайёҳии устувор дар шумораи умумии кормандони соҳа |
|
8.10 Мустаҳкам намудани тавоноии муассисаҳои моливии миллӣ, ҳавасмандгардонӣ ва вусъат додани дастрасӣ ба ҳамаи хизматрасониҳои бнкӣ, суғуртавӣ ва молиявӣ барои ҳамагон |
8.10.1 Шумораи a) филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва b) банкоматҳо ба 100 000 калонсолон |
8.10.2 Ҳиссаи болиғон (аз 15 сола), ки дар бонкҳо ва ё дигар муассисаҳои молиявӣ суратҳисоб доранд ва ё аз хизматрасонии операторони мобилии хизматрасониҳои молиявӣ истифода мебаранд |
|
8.a Афзун намудани дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд дар доираи ташаббуси «Кумак дар савдо», махсусан кишварҳои кам рушднамуда, аз ҷумла дар доираи Барномаи васеъи маҷмӯавӣ барои расонидани кумаки техникӣ дар соҳаи савдо ба кишварҳои кам рушднамуда |
8.a.1 Ҳаҷми уҳдадориҳо ва пардохтҳо дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Кумак дар савдо» |
8.b То соли 2020 коркард ва ҷорӣ намудани стратегияи глобалии таъмини шуғли ҷавонон ва амалӣ сохтани Паймони глобалӣ дар бораи ҷойҳои кории Созмони ҷаҳонии меҳнат |
8.b.1 Мавҷудияти стратегияи коркардшуда ва амалишавандаи шуғли ҷавонон ба сифати стратегияи алоҳида ва ё дар доираи стратегияи миллӣ дар соҳаи шуғл |
Ҳадафи 9. Ташкили инфрасохтори пойдор, мусоидат ба саноатикунонии устувор ва фарогир ва навовариҳо |
|
9.1 Рушд додани инфрасохтори босифат, устувор ва пойдор, аз ҷумла инфрасохтори наздисарҳадӣ ва минтақавӣ, бо ҳадафи дастгирии рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардумон бо бештар диққат додан ба таъмини дастрасии арзон ва баробарҳуқуқона барои ҳамагон |
9.1.1 Ҳиссаи сокинони деҳот,ки дар масофаи 2 км аз роҳи фаъоли солона зиндагӣ мекунанд |
9.1.2 Ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо аз рӯи намудҳои нақлиёт |
|
9.2 Мусоидат намудан ба саноатикунонии фарогир ва устувор ва то соли 2030 баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ дар саноат ва ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар ММД тибқи шароити миллӣ ва ду баробар афзун намудани нишондиҳандаҳо дар кишварҳои кам рушднамуда |
9.2.1 Арзиши изофа, ки дар саноати коркардкунанда ташаккул меёбад, дар таносуби фоизӣ ба ММД ва бар ҳар сари аҳолӣ |
9.2.2 Бо кор таъмин будан дар саноати коркардкунанда, дар фоизҳо аз шуғлнокии умумӣ |
|
9.3 Васеъ намудани дастрасии корхонаҳои хурди саноатӣ ва дигар корхонаҳои хурд, махсусан дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ба хизматрасониҳои молиявӣ, аз он ҷумла ба қарзҳои арзон ва пурзӯр намудани ҳамгироии онҳо дар ҳалқаҳои истеҳсолӣ ва фурӯшӣ ва бозорҳо |
9.3.1 Ҳиссаи корхонаҳои хурд дар ҳаҷми якҷояи маҳсулоти холиси саноатӣ |
9.3.2 Ҳиссаи корхонаҳои қарздошта ва ё хати қарзӣ дошта |
|
9.4 То соли 2030 таҷдид намудани инфрасохтор ва аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани устувории онҳо аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ва истифодаи бештари технологияҳои тоза ва аз диди экологӣ бехавф ва равандҳои саноатӣ, бо иштироки тамоми кишварҳо бо назардошти имкониятҳои инфиродии онҳо |
9.4.1 Партоби CO2 ба воҳиди арзиши илова |
9.5 Фаъол намудани пажӯҳишҳои илмӣ, афзун намудани иқтидори технологияи бахшҳои саноатӣ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонии фаъолияти навоварона ва зиёд намудани шумораи кормандон дар соҳаи корҳои пажӯҳишӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ то соли 2030 бо ҳисоб ба 1 миллион инсон, ҳамчунин хароҷотҳои давлатӣ ва хусусӣ барои корҳои пажӯҳишӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ |
9.5.1 Ҳиссаи хароҷотҳо ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ дар ММД |
9.5.2 Шумораи пажӯҳишгарон (дар эквиваленти шуғлнокии пурра) ба сари миллион сокин |
|
9.a Мусоидат намудан ба рушди инфрасохтори пойдор ва аз диди экологӣ устувор дар кишварҳои дар ҳоли рушд аз ҳисоби афзун намудани кумаки молиявӣ, технологӣ ва техникӣ ба кишварҳои африқоӣ, кишварҳои кам рушднамуда, кишварҳои дар ҳоли рушд, ки роҳи баҳрӣ надоранд, кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд |
9.a.1 Ҳаҷми якҷояи кумаки расмии байналмилалӣ (кумаки расмӣ бо ҳадафи рушд ва дигар ҷараёнҳои маблағгузории расмӣ), ки ба инфрасохтор нигаронида шудааст |
9.b Дастгирӣ намудани коркард, пажӯҳиш ва навоварӣ дар соҳаи технологияҳои ватанӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла бо роҳи ташаккули фазои сиёсси мусоидаткунанда, аз ҷумла ба диверсификатсияи саноат ва зиёд намудани арзиши изофа дар соҳаҳои ашёи хом |
9.b.1 Ҳиссаи арзиши иловаи маҳсулоти соҳаҳои технологияи миёна ва баланд дар ҳаҷми умумии арзиши изофа |
9.c Ба таври назаррас васеъ намудани дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва кӯшиш намудан ба таъмини ҳамагонӣ ва арзон ба Интернет дар кишварҳои кам рушднамуда то соли 2020 |
9.c.1 Ҳиссаи аҳолии фарогири шабакаҳои мобилӣ, аз рӯи технологияҳо |
Ҳадафи 10. Кам кардани нобаробарӣ дар дохили кишварҳо ва дар байни онҳо |
|
10.1 То соли 2030 тадриҷан ноил шудан ва нигоҳ доштани рушди даромадҳои 40 фоизи аҳолии бештар таъмин дар сатҳи аз сатҳи миёнаи кишвар болотар |
10.1.1 Суръати рушди хароҷотҳои хоҷагиҳо ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ дар байни 40 фоизи аҳолии бештар таъмин ва дар байни тамоми аҳолӣ дар маҷмӯъ |
10.2 То соли 2030 бо роҳи қонунгузорӣ дастгирӣ намудан ва ҳавасмандгардонии ширкати фаъоли тамоми мардум дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ новобаста аз синну сол, ҷинс, маъюбӣ, нажод, мансубияти қавмӣ, асл, дин ва вазъияти иқтисодӣ ва дигар вазъиятҳо |
10.2.1 Ҳиссаи шахсони даромадашон аз 50 фоизи даромади миёна камтар, аз рӯи ҷинс, синну сол ва нишонаи маъюбӣ |
10.3 Таъмини баробарии имкониятҳо ва кам кардани нобаробарии натиҷаҳо, аз он ҷумла бо роҳи бекор намудани қонунҳо, сиёсатҳо ва амалияҳои табъизӣ ва мусоидат намудан ба қабули қонунҳо, сиёсатҳо ва чораҳои мувофиқ дар ин самт |
10.3.1 Ҳиссаи одамоне, ки шахсан дар 12 моҳи охир аз гирифтори табъиз шудан шикоят кардаанд ва ё аз таъқиб дар асосии табъизи тибқи ҳуқуқи байналмилалии инсон мамнӯъгардида шикоят кардаанд |
10.4 Қабули сиёсати мувофиқ, махсусан сиёсати буҷавӣ-андозӣ ва сисёсат дар масъалаҳои музди маош ва ҳифзи иҷтимоӣ ва тадриҷан ноил шудан ба таъмини баробарҳуқуқии бештар |
10.4.1 Ҳиссаи даромади меҳнаткашон дар ММД, аз он ҷумла маош ва пардохтҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ |
10.5 Мукаммал намудани равишҳои танзим ва назорати бозорҳо ва муассисаҳои молиявии глобалӣ ва пайдарҳам истифода бурдани чунин равишҳо |
10.5.1 Нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ |
10.6 Таъмин намудани имконият ва ҳуқуқи бештари овоздиҳии кишварҳои дар ҳоли рушд дар раванди қабули қарорҳо дар муассисаҳои глобалии байналмилалии молиявӣ бо ҳадафи самаранок намудани кори ин муассисаҳо ва баланд бардоштани обрӯи онҳо |
10.6.1 Ҳиссаи кишварҳои дар ҳоли рушд дар шӯрои аъзои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳаҷми холиси овозҳои онҳо |
10.7 Мусоидат намудан ба муҳоҷирати ботартиб, бехавф ва қонунӣ ва ҳамроҳшавии инсонҳо, аз он ҷумла бо роҳи гузаронидани сиёсати банақшагирифташуда ва хуб андешидашуда |
10.7.1 Хароҷоти корманд барои корёбӣ дар фоиз аз даромади солона дар кишвари мавриди назар |
10.7.2 Шумораи кишварҳои гузаронандаи сиёсати муҳоҷирати хуб андешидашуда |
|
10.a Дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи реҷаи махсус ва тафовутпазир барои кишварҳои дар ҳоли рушд, тибқи созишномаҳои Созмони ҷаҳонии савдо |
10.a.1 Ҳиссаи мавқеъҳои савдоии кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои кам рушднамуда, ки нисбати онҳо тарофаҳои сирфӣ истифода мешаванд |
10.b Ҳавасмандгардонии кумаки расмӣ бо ҳадафи рушд ва ҷараёнҳои молиявӣ, аз ҷумла сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ дар кишварҳои бештар ниёзманд, махсусан кишварҳои кам рушднамуда, кишварҳои африқоӣ, кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд ва кишварҳое, ки роҳи баҳрӣ надоранд, мувофиқи нақшаҳо ва барномаҳои милли онҳо |
10.b.1 Ҳаҷми ҳамбастаи ҷараёни захираҳо ба мақсадҳои рушд аз рӯи кишварҳои диҳанда ва кишварҳои гиранда ва намудҳои ҷараёнҳо (масалан, кумаки расмӣ бо ҳадафи рушд, сармоягузории мустақими кишварҳои хориҷӣ ва дигар ҷараёнҳои молиявӣ) |
10.c То соли 2030 кам намудани хароҷотҳои амалиётии алоқаманд бо интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, то камтар аз 3 фоиз аз маблағи интиқолшаванда, аз байн бурдани каналҳои итиқоли пул, ки хароҷотҳои онҳо аз 5 фоиз зиёд аст |
10.c.1 Арзиши интиқол дар таносуби фоизӣ бо маблағи интиқолшаванда |
Ҳадафи 11. Таъмини кушодагӣ, бехатарӣ, пойдории ҳаётӣ ва устувории экологии шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин |
|
11.1 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ба манзили кофӣ, бехатар ва арзон ва дигар хизматрасониҳои асосӣ ва ободсозии маҳаллаҳои камбағалнишин |
11.1.1 Ҳиссаи аҳолии шаҳрӣ, ки дар маҳаллаҳои камбағалон, маҳаллаҳои аҳолинишини ғайрирасмӣ ва ё дар шароити ғайриқаноатманди манзилӣ зиндагӣ мекунанд |
11.2 То соли 2030 таъмин намудани истифода аз низоми нақлиётии бехатар, арзон, дастрас ва аз диди экологӣ устувор барои ҳамагон, дар асоси баланд бурдани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан васеъ намудани истифодабарии нақлиёти ҷамъиятӣ бо додани таваҷҷуҳи бештар ба ниёзи шахсони осебпазир, занон, кӯдакон, маъюбон ва пиронсолон |
11.2.1 Ҳиссаи аҳолӣ, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ дастрасии бароҳат доранд, аз рӯи ҷинс, синну сол ва нишонаи маъюбӣ |
11.3 То соли 2030 васеъ намудани масоҳати кушод ва аз диди экологӣ устувор барои шаҳрнишинӣ ва имкониятҳо барои нақшакашии маҷмӯавӣ ва устувори нуқтаҳои аҳолинишин ва идоракунии онҳо дар асоси иштироки васеъ дар тамоми кишварҳо |
11.3.1 Таносуби суръати сохтмони манзилҳо ва суръати рушди аҳолӣ |
11.3.2 Ҳиссаи шаҳрҳое, ки дар онҳо дар асоси демократӣ ва мунтазам сохторҳое амал мекунанд, ки иштироки бевоситаи ҷомеаи шаҳрвандиро дар лоиҳакашии шаҳрӣ ва идораи хоҷагии шаҳрӣ таъмин менамоянд |
|
11.4 Фаъол намудани талошҳо оиди ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва табиӣ |
11.4.1 Маблағи умумии хароҷотҳо (давлатӣ ва хусусӣ) дар ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ ба мақсадҳои ҳифз ва нигаҳдории ҳамаи мероси фарҳангӣ ва табиӣ аз рӯи намудҳои мерос (фарҳангӣ, табиӣ, омехта ва мероси ҷаҳонии Маркази мероси ҷаҳонӣ эътирофшуда), дараҷаи тобеияти давлатӣ (миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ), намудҳои хароҷот (хароҷотҳои корфармоӣ/сармоягузорӣ) ва намудҳои маблағгузории хусусӣ ( хайркунӣ дар шакли табиӣ, бахши ғайритиҷории хусусӣ ва сарпарастӣ) |
11.5 То соли 2030 бештар кам намудани шумораи фавтидагон ва зарардидагон ва кам намудани зарари мустақими иқтисодӣ дар шакли талафоти маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ дар натиҷаи фалокатҳо, аз ҷумла алоқаманд бо об, бо додани диққати бештар ба ҳифзи камбизоатон ва гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ |
11.5.1 Шумораи фавтидагон, бенишон бедаракшудагон бевосита дар натиҷаи фалокатҳо аз 100 000 инсон |
11.5.2 Талафоти мустақими иқтисодӣ дар таносуби фоизи ба ММД — и ҷаҳонӣ, хисорот ба объектҳои муҳими инфрасохтор ва шумораи варшикастагиҳои марбут ба фалокатҳо дар кори хизматрасониҳои асосӣ |
|
11.6 То соли 2030 кам намудани таъсири манфии экологии шаҳрҳо дар ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ, аз ҷумла тавассути диққати махсус додан ба сифати ҳаво ва хориҷ намудани партобҳои шаҳрӣ ва дигар партобҳо |
11.6.1 Ҳиссаи партобҳои дурушти маишӣ, ки мунтазам ҷамъоварӣ карда мешаванд ва ба таври лозимӣ партофта мешаванд, дар вазни умумии партобҳои шаҳрӣ |
11.6.2 Сатҳи миёнаи солонаи муҳтавои ҳиссачаҳои хурди дурушт (масалан синфи PM2.5 ва PM10) дар ҳавои шаҳрҳо (дар ҳисоб ба шумораи аҳолӣ) |
|
11.7 То соли 2030 таъмин намудани дастрасии умумӣ ба минтақаҳои сабз ва кушод ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан барои занон ва кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон |
11.7.1 Ҳиссаи миёнаи масоҳати сохташудаи шаҳрӣ, ки ба ҷойҳои барои ҳамагон кушод тааллуқ дорад, аз рӯи ҷинс, синну сол ва нишонаи маъюбӣ |
11.7.2 Ҳиссаи шахсони ба озори ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ дучоргардида, аз рӯи синну сол, ҷинс, нишонаи маъюбӣ ва ҷойи рух додани ҳодиса дар 12 моҳи охир |
|
11.a Нигоҳ доштани алоқаҳои мусбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии байнишаҳрӣ, ноҳияҳои наздишаҳрӣ ва деҳотӣ дар асоси баланд бардоштани сифати нақшакашии рушди миллӣ ва минтақавӣ |
11.a.1 Ҳиссаи аҳолии шаҳрнишин, иҷрокунандагони нақшаҳои сохтмонии шаҳрӣ ва минтақавӣ, ки дар онҳо пешгӯии рушди аҳолӣ ва талабот ба захираҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд, аз рӯи ҳаҷми шаҳрҳо |
11.b То соли 2020 зиёд намудани шумораи шаҳрҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин, ки ба амалисозии стратегияҳо ва нақшаҳое пардохтаанд.ки ба бартарафсозии монеаҳои иҷтимоӣ, баланд бардштани самаранокии истифодаи захираҳо, сабук намудани таъсирҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он ва тавоноии муқовимат ба ҳолатҳои фавқуллода равона гардидаанд, коркард ва амалисозии чораҳо доир ба идораи маҷмӯавии алоқаманд бо ҳодисаҳои фалокатовар ва хатарҳо дар ҳама сатҳҳо тибқи Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай доир ба паст намудани хавфи фалокатҳо барои солҳои 2015-2030 |
11.b.1 Шумораи кишварҳое, ки стратегияҳои миллии паст намуданихавфи офатҳоро тибқи Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай доир ба паст намудани хавфи офатҳо барои солҳои 2015-2030 қабул намудаанд ва амалӣ месозанд |
11.b.2 Ҳиссаи мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки стратегиҳои маҳаллии паст намудани хавфро мутобиқи барномаҳои миллии паст намудани хавфи офатҳо қабул намудаанд ва амалӣ месозанд |
|
11.c Ба кишварҳои кам рушднамуда мусоидат намудан, аз ҷумла тавассути ёрии молиявӣ ва техникӣ, дар сохтмони иншоотҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор ва пойдор бо истифодаи маводи маҳаллӣ |
11.c.1 Ҳиссаи кумаки молӣ ба кишварҳои кам рушднамуда, ки барои сохтмони иншоотҳои экологӣ, пойдор ва захиранигаҳдор ва азнав таҷҳизонидани иншоотҳо барои таъмини пойдорӣ ва сарфаи захираҳо бо истифодаи маводҳои маҳаллӣ равона гардидаанд |
Ҳадафи 12. Таъмини гузариш ба моделҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол |
|
12.1 Амалӣ сохтани Стратегияи даҳсолаи амал барои гузариш ба истифодаи моделҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол бо иштироки ҳамаи кишварҳо, дар ин сурат ба иҷрои он бояд кишварҳои мутараққӣ пардозанд, ва бо назардошти рушд ва иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд |
12.1.1 Шумораи кишварҳое, ки нақшаи миллии амал доир ба гузариш ба равишҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол доранд ва ё истеъмол ва истифодаи оқилонаро ба сифати афзалият ва ё вазифа дар стратегияи миллӣ дохил намудаанд |
12.2 То соли 2030 ноил шудан ба азхудкунии оқилона ва истифодаи захираҳои табиӣ |
12.2.1 Хароҷотҳои захиравии якҷоя ба ҳар сари аҳолӣ ва таносуби фоизӣ ба ММД |
12.2.2 Истеъмоли дохилии моддии ҳамбаста ва истеъмоли дохилии моддӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва дар таносуби фоизӣ ба ММД |
|
12.3 То соли 2030 ду баробар дар ҳисоб бар ҳар сари аҳолӣ кам намудани миқдори умумиҷаҳонии партобҳои хӯрокворӣ дар сатҳҳои чакана ва истеъмолӣ ва кам намудани талафоти озуқаворӣ дар ҳалқаҳои истеҳсолӣ-фурӯшӣ, аз ҷумла талафоти пас аз ҳосилғундорӣ |
12.3.1 Индекси глобалии талафоти озуқаворӣ |
12.4 То соли 2020 ноил шудан ба истифодаи оқилонаи экологии маводҳои кимёвӣ ва дигар партобҳо дар тамоми давраи ҳаёти онҳо тибқи қоидаҳои мувофиқашудаи байналмилалӣ ва кам намудани ҳодисаҳои олудашавии об, ҳаво ва хок бо онҳо бо ҳадафи камтар сохтани таъсири манфии онҳо ба саломатии инсонҳо ва муҳити атроф |
12.4.1 Шумораи тарафҳои созишномаҳои чандинтарафаи байналмилалӣ доир ба маводҳои хатарнокӣ кимёвӣ ва дигар маводҳо ва партобҳои хатарнок, ки уҳдадориҳои худро доир ба табодули иттилоот тибқи талаботи ҳар созишнома иҷро менамоянд |
12.4.2 ташаккули партобҳои хатарнок ба ҳар сари аҳолӣ ва ҳиссаи партобҳои хатарноки коркардшаванда аз рӯи намудҳои коркард |
|
12.5 То соли 2030 кам кардани ҳаҷми партобҳо бо роҳи қабули чораҳои пешгирии ташаккул, ихтисор, коркард ва истифодаи дубораи онҳо |
12.5.1 Сатҳи миллии коркарди партобҳо, вазни маводҳои партобшуда дар тонна |
12.6 Ба ширкатҳо, махсусан ба ширкатҳои калон ва ширкатҳои байналмилалӣ тавсия додани равишҳои устувори истеҳсол ва инъикос намудани иттилоот дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳо дар ҳисоботҳои худ |
12.6.1 Шумораи ширкатҳое, ки дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳо ҳисобот чоп менамоянд |
12.7 Мусоидат намудан ба таъмини амалияи экологии харидҳои давлатӣ тибқи стратегия ва афзалиятҳои миллӣ |
12.7.1 Шумораи кишварҳое, ки стратегия ва нақшаи амал доир ба экологикунонии харидҳои давлатиро амалӣ месозанд |
12.8 То соли 2030 таъмин намудани тамоми инсонҳо бо иттилооти мувофиқ доир ба рушди устувор ва тарзи ҳаёт дар ҳамоҳангӣ бо табиат |
12.8.1 Мақоми i) тарбия дар руҳияи шаҳрвандии умумиҷаҳонӣ ва ii) тарғиби рушди устувор (аз ҷумла маърифат доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим) a) дар сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф; b) дар барномаҳои таълимии омодасозии омӯзгорон ва d) дар системаи аттестатсияи хонандагон |
12.a Ба кишварҳои дар ҳоли рушд расонидани кумак дар ғанӣ гардонидани иқтидори илмӣ-техникӣ барои гузариш ба моделҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсол |
12.a.1 Ҳаҷми ёрӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар соҳаи корҳои пажӯҳишӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ ба манфиати таъмини истеъмол ва истеҳсоли оқилона ва ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар |
12.b Коркард ва ҷорӣ намудани асбобҳои мониторинги таъсири ба рушди устувори сайёҳӣ расанда, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди фарҳанги маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамоянд |
12.b.1 Шумораи стратегияҳо ва роҳнамоҳо ва нақшаҳои амалишаванда дар соҳаи сайёҳии устувор бо асбобҳои мувофиқашудаи мониторинг ва баҳогузорӣ |
12.c Мантиқӣ кардани кумакхарҷиии бесамари истифодаи сӯзишвории кофтаёбандашаванда, ки боиси истеъмоли бефоидаи он мегардад, тавассути бартараф сохтани нобаробариҳои бозорӣ бо назардошти шароити миллӣ, аз ҷумла бо роҳи азнав ташкил кардани андозбандӣ ва дасткашӣ аз субсидияҳои зарарнок дар онҷое, ки онҳо вуҷуд доранд, барои баҳисобгирии оқибатҳои экологии онҳо, бо пурра ба назар гирифтани талаботи махсус ва шароити кишварҳои дар ҳоли рушд ва камтар намудани оқибатҳои имконпазири манфӣ барои рушди онҳо ва бо ҳамин роҳ муҳофизат намудани манфиатҳои ниёзмандон ва гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ |
12.c.1 Маблағи кумакхарҷиҳо (субсидияҳо) барои сӯзишвории кофтаёбандашаванда ба воҳиди ММД (истеъмол ва истеҳсол) ва ҳиссаи онҳо дар хароҷотҳои миллии ҳамбаста ба сӯзишвории кофтаёбандашаванда |
Ҳадафи 13. Қабули чораҳои фаврии мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он |
|
13.1 Баланд бардоштани муқовимат ва мутобиқшавӣ ба падидаҳои хатарноки иқлимӣ ва офтаҳои табиӣ дар тамоми кишварҳо |
13.1.1 Шумораи фавтидагон ва бедаракшудагон ва зарардидагон бевосита дар натиҷаи офатҳо ба 100 000 инсон |
13.1.2 Шумораи кишварҳои қабулнамуда ва амалисозандаи стратегияҳои миллии паст намудани хавфи офтаҳо тибқи Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай доир ба паст намудани хавфи офатҳо барои солҳои 2015-2030 |
|
13.1.3 Ҳиссаи мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки стратегияи паст намудани хавфи офатҳоро мутобиқи стратегияҳои миллии паст намудани хавфи офатҳо қабул намудаанд ва амалӣ месозанд |
|
13.2 Дидани чораҳои вокунишӣ дар сиёсат, стратегия ва нақшакашӣ дар сатҳи миллӣ ба тағйирёбии иқлим |
13.2.1 Шумораи кишварҳое, ки дар бораи ташкил ва ҷорӣ намудани сиёсат/стратегия/нақшаи маҷмӯавии баланд бардоштани тавоноии мутобиқшавӣ ба оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлим ва мусоидаткунанда ба рушди иқтидори онҳо дар муқобила ба тағйиротҳои иқлимӣ ва кам набудани партоби гази парникӣ бе зери хавф гузоштани истеҳсоли озуқаворӣ хабар додаанд (аз ҷумла нақшаи мутобиқшавии миллӣ, ки дар сатҳи миллӣ саҳм, низоми миллии огоҳсозии аҳолӣ, тайёр намудани маърӯзаи дусолаи навшаванда ва дигарҳоро муайян месозад) |
13.3 Беҳтар намудани маърифатнокӣ, пахши иттилоот ва васеъ намудани имкониятҳои одамон ва муассисаҳо дар осонсозӣ ва пастсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ бо он бо роҳи огоҳсозии пешакӣ |
13.3.1 Шумораи кишварҳое, ки масъалаҳои осонсозӣ ва пастсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ бо он ва огоҳсозии пешакиро ба барномаҳои таълимии мактаби ибтидоӣ, миёна ва олӣ дохил намудаанд |
13.3.2 Шумораи кишварҳое, ки дар бораи мустаҳкамсозии имкониятҳои ниҳодӣ, низомӣ ва инфиродии имкониятҳои амалисозии чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйиротҳои иқлимӣ, осонсозӣ ва пастсозии оқибатҳои онҳо ва интиқолу рушди технологияҳо хабар додаанд |
|
13.a Иҷро намудани уҳдадориҳои ба души худ гирифтаи кишварҳои мутараққии узви Конвенсияи доиравии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим дар мавриди ҷамъоварии 100 млрд. доллари ИМА то соли 2020 аз тамоми сарчашмаҳо барои қонеъ гардонидани талаботҳои кишварҳои дар ҳоли рушд дар заминаи қабули қарорҳои конструктивӣ оиди паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таъмини шаффофияти иҷрои онҳо, ҳамчунин таъмини амалкарди пурраи Хазинаи сабзи иқлимӣ бо роҳи сармоягузории он дар муҳлатҳои кутоҳтарини имконпазир |
13.a.1 Маблағи (доллари ИМА), дар як сол ғуншуда аз соли 2020 то соли 2025 тибқи уҳдадории ҷамъоварии 100 млрд. долл. ИМА |
13.b Мусоидат ба ташкили механизмҳои мустаҳкамсозии имкониятҳои нақшакашӣ ва идоракунии алоқаманд бо тағйирёбии иқлим дар кишварҳои кам рушднамуда ва кишварҳои ҷазиравии дар ҳоли рушд, бо додани диққати бештар ба занон. ҷавонон, ҳамчунин ба ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва маргиналӣ (маҳрумшуда) |
13.b.1 Шумораи кишварҳои кам рушднамуда ва кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд, ки кумаки ихтисосдодашударо мегиранд, аз ҷумла кумакҳои барои занҳо ва ҷавонон ва ҷомеъаҳои дуввумдараҷа равонашуда, ва бузургии чунин кумак, аз ҷумла маблағгузорӣ, технологияҳо ва мустаҳкамсозии иқтидор барои ташаккули механизмҳои вусъатбахшандаи имкониятҳои нақшакашӣ ва идоракунии алоқаманд бо тағйирёбии иқлим |
Ҳадафи 14. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираҳои баҳрӣ ба хотири рушди устувор |
|
14.1 То соли2025 таъмин намудани пешгирӣ ва кам намудани тамоми шаклҳои ифлосшавии муҳити баҳрӣ, махсусан дар натиҷаи фаъолият дар хушкӣ, аз ҷумла ифлоссозӣ бо партобҳои баҳрӣ ва маводи озуқаворӣ |
14.1.1 Индекси эвтрофикатсияи наздисоҳилӣ ва зичии шикастпораҳои шинокунандаи пластикӣ |
14.2 То соли 2020 таъмин намудани истифодаи оқилона ва ҳифзи экосистемаҳои баҳрӣ ва наздибаҳрӣ бо ҳадафи пешгирии таъсири манфии бештар, аз ҷумла бо роҳи баланд бардоштани устувории ин экосистемаҳо ва қабули чораҳои барқарорсозии онҳо барои таъмини ҳолати беҳтари экологӣ ва маҳсулнокии уқёнусҳо |
14.2.1 Ҳиссаи минтақаҳои миллии комилан иқтисодӣ, ки дар идоракунии онҳо бархурдҳои экосистемӣ ба кор гирифта мешаванд |
14.3 Кам намудан ва аз байн бурдани оқибатҳои туршшавии уқёнусҳо, аз ҷумла тавассути рушди ҳамкориҳои илмӣ дар тамоми сатҳҳо |
14.3.1 Туршнокии миёнаи (pH) оби баҳрӣ, ки дар гуруҳи мувофиқашудаи стансияҳои репрезентативии гирифтани намунаҳо чен карда мешавад |
14.4 То соли 2020 таъмин намудани танзими самараноки моҳидорӣ ва аз байн бурдани моҳидории ғайриқонунӣ, пинҳонӣ ва танзимнашаванда ва таҷрибаи ҳалокатбори моҳидорӣ, ҳамчунин иҷро намудани нақшаҳои илман асоснокшудаи фаъолияти хоҷагидорӣ барои барқарор намудани захираҳои моҳиҳо дар муҳлатҳои кутоҳтарини имконпазир ва то ба он сатҳ бурдани онҳо, ки моҳидории аз диди экологӣ оқилонаро бо назардошти хусусиятҳои биологии он захираҳо таъмин намоянд |
14.4.1 Ҳиссаи захираҳои моҳие, ки дар ҳудудҳои аз ҷиҳати биологӣ устувор ҳастанд |
14.5 То соли 2020 фаро гирифтани ҳадди ақал 10 фоизи ноҳияҳои наздибаҳрӣ ва баҳрӣ бо чорабиниҳои ҳифзи табиат тибқи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ ва дар асоси иттилооти илмии беҳтарини дастрас |
14.5.1 Ҳиссаи ноҳияҳои муҳофизатшавандаи баҳрӣ |
14.6 То соли 2020 манъ намудани баъзе шаклҳои кумакхарҷӣ барои соҳаи моҳидорӣ, ки ба ташаккули иқтидорҳои азим ва шикор, лағви кумакхарҷиҳо ба моҳидории ғайриқонунӣ, пинҳонӣ ва танзимнашаванда ва худдорӣ кардан аз чунин кумакхарҷиҳои нав бо эътирофи он ки истифодаи реҷаи махсус ва тафовутноки зарурӣ ва самаранок нисбати кишварҳои дар ҳоли рушд ва кам рушднамуда бояд қисми ҷудонопазири гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои соҳаи моҳидорӣ бошад, ки дар Созмони Ҷаҳонии Савдо идома доранд |
14.6.1 Пешрафти ноилшудаи кишварҳо аз нуқтаи назари сатҳи риояи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар мубориза бо моҳидории ғайриқонунӣ, пинҳонӣ ва танзимнашаванда |
14.7 То соли 2030 баланд бардоштани фоидаи иқтисодии кишварҳои ҷазиравии дар ҳоли рушд ва кишварҳои кам рушднамуда аз истифодаи аз ҷиҳати экологӣ оқилонаи захираҳои баҳрӣ, аз ҷумла тавассути ташкили аз ҷиҳатти экологӣ оқилонаи хоҷагии моҳидорӣ ва моҳипарвариву сайёҳӣ |
14.7.1 Моҳидории аз нигоҳи экологӣ оқилона дар таносуби фоизӣ ба ММД — и кишварҳои ҷазиравии дар ҳоли рушд, дар кишварҳои кам рушднамуда ва дар тамоми кишварҳо |
14.a Зиёд намудани ҳаҷми донишҳои илмӣ, васеъ намудани пажӯҳишҳои илмӣ ва таъмини интиқоли технологияҳои баҳрӣ, бо таваҷҷуҳ ба Меъёрҳо ва қоидаҳои роҳбарӣ дар масъалаи интиқоли технологияҳои баҳрӣ, ки Комиссияи байниҳкуматии уқёнусшиносӣ коркард намудааст, бо Ҳадафи беҳтар намудани ҳолати экологии муҳити уқёнусӣ ва баланд бардоштани саҳми гуногуншаклии биологии баҳрии кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд ва кишварҳои кам рушднамуда |
14.a.1 Ҳиссаи маблағҷудокунии буҷавӣ ба пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи технологияҳои баҳрӣ дар ҳаҷми умумии маблағҷудокунии буҷавӣ ба пажӯҳишҳои илмӣ |
14.b Таъмини дастрасии хоҷагиҳои хурд, ки ба моҳидории косибӣ машғуланд, ба захираҳои баҳрӣ ва бозорҳо |
14.b.1 Пешрафти ноилшудаи кишварҳо аз нуқтаи назари сатҳи истифодаи чаҳорчӯбаҳои меъёрӣ/ҳуқуқӣ/стратегӣ/ниҳодии таъминкунандаи эътироф ва ҳифзи ҳуқуқҳои дастрасии корхонаҳои хурди моҳидорӣ |
14.c Беҳтар намудани кори ҳифз ва истифодаи оқилонаи уқёнусҳо ва захираҳои онҳо бо роҳи риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии дар Конвенсияи СММ зикршуда доир ба ҳуқуқи баҳрӣ, ки он чӣ тавре ки дар банди 158 — ҳуҷҷати «Ояндае, ки мо мехоҳем» қайд шудааст, ки асоси ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи оқилонаи Уқёнуси ҷаҳонӣ ва захираҳои онро мегузорад |
14.c.1 Шумораи кишварҳое, ки дар тасвиб, қабул ва амалисозии санадҳои ҳуқуқии доир ба Уқёнуси ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯбаҳои ҳуқуқӣ, стратегӣ ва ниҳодӣ, ки ба амалисозии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зикршуда доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи Уқёнуси ҷаҳонӣ ва захираҳои он ба пешрафт ноил гардидаанд |
Ҳадафи 15. Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаи хушкӣ ва мусоидат ба истифодаи оқилонаи онҳо, истифодаи оқилонаи ҷангал, мубориза бо биёбоншавӣ, қатъи раванд ва маъкус кардани вайроншавии заминҳо ва қатъи раванди нобудшавии гуногуншаклии биологӣ |
|
15.1 То соли 2020 таъмин намудани ҳифз, барқарорсози ва истифодаи оқилонаи экосистемаҳои заминӣ ва оби ширин ва хизматрасониҳои онҳо, аз он ҷумла ҷангалҳо, заминҳои обиву ботлоқӣ, кӯҳҳо ва заминҳои хушкшуда, тибқи уҳдадориҳои созишномаҳои байналмилалӣ |
15.1.1 Масоҳати ҷангалҳо дар таносуби фоизӣ бо масоҳати умумии хушкӣ |
15.1.2 Ҳиссаи ноҳияҳои хушкӣ ва ноҳияҳои оби ширини аз нуқтаи назари гуногуншаклии биологӣ муҳим, ки муҳофизат карда мешаванд, аз рӯи шакли экосистемаҳо |
|
15.2 То соли 2020 мусоидат намудан ба ҷорисозии методҳои истифодаи оқилонаи тамоми намуди ҷангалҳо, боздоштани нобудшавии онҳо, барқарорсозии ҷангалҳои вайроншуда ва бештар васеъ намудани масоҳати ҷангалсозӣ ва барқарор кардани ҷангалҳо дар тамоми ҷаҳон |
15.2.1 Пешрафт дар гузариш ба хоҷагидории бидуни харобсозии ҷангал |
15.3 То соли 2030 мубориза бурдан бо биёбоншавӣ, барқарор сохтани замин ва хокҳо, аз ҷумла заминҳои аз биёбоншавӣ, хушксолӣ ва обхезӣ зарардида ба хотири бад нашудани ҳолати заминҳо дар тамоми ҷаҳон |
15.3.1 Масоҳати заминҳои вайроншуда дар таносбуи фоизӣ бо масоҳати умумии хушкӣ |
15.4 То соли 2030 таъмин намудани ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла гуногуншаклии биологии онҳо барои баланд бардоштани самаранокии барои рушди устувор зарурии онҳо |
15.4.1 Ҳиссаи ноҳияҳои муҳофизатшаванда дар байни бахшҳои барои гуногуншаклии биологӣ муҳим |
15.4.2 Индекси қабати растанипӯши кӯҳҳо |
|
15.5 Зуд қабул намудани чораҳои зарурии пешгирии вайроншавии муҳити табиӣ, боздоштани нобудшавии гуногуншаклии биологӣ ва то соли 2020 таъмин намудани ҳифз ва пешгирии нобудшавии шаклҳои дар ҳоли нобудшавӣ буда |
15.5.1 Индекси Рӯйхати сурх |
15.6 Мусоидат намудан ба тақсимоти одилонаи фоида аз сӯйистифодаи захираҳои генетикӣ ва мусоидат намудан ба таъмини дастрасии зарурӣ ба чунин захираҳо бо шартҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда |
15.6.1 Шумораи кишварҳое, ки маҷмӯаи чорабиниҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва раҳнамоии таъминкунандаи тақсимоти одидона ва ғайритабъизии боигариҳоро қабул намудаанд |
15.7 Зуд қабул намудани чораҳо барои хотима додан ба шикори ғайриқонунӣ ва савдои қочоқии намудҳои муҳофизатшавандаи растаниҳо ва ҳайвонот ва ҳал намудани масъалаҳои марбут ба талабот ба маҳсулоти ғайриқонунии табиати зинда ва пешкашсозии онҳо |
15.7.1 Ҳиссаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки мавриди шикор ва гардиши ғайриқонунӣ қарор мегиранд, дар байни намудҳое, савдо карда мешаванд |
15.8 То соли 2020 дидани чораҳои пешгирии вуруди шаклҳои таҳоҷумии бегона ва бештар кам намудани таъсири онҳо ба экосистемаҳои заминӣ ва обӣ, ҳамчунин дидани чораҳои пешгирии маҳдудсозии шумора ва нобуд сохтани намудҳои афзалиятнок |
15.8.1 Ҳиссаи кишварҳое, ки қонунҳои мутобиқи миллиро қабул менамоянд ва барои пешгирии вуруд танзими шумораи намудҳои таҳоҷумии бегона захираҳои заруриро ҷудо менамоянд |
15.9 То соли 2020 таъмин намудани баҳисобгирии арзиши экосистемаҳо ва гуногуншаклии биологӣ дар рафти нақшакашии умумимиллӣ ва маҳаллӣ ва равандҳои рушд, ҳамчунин дар рафти коркарди стратегияҳо ва нақшаҳои паст намудани сатҳи бенавоӣ |
15.9.1 Пешрафт дар ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои ҳадафи миллӣ, ки тибқи Вазифаи ҳадафии Айтин доир ба гуногуншаклии биологӣ дар чаҳорчӯбаи Нақшаи стратегии гуногуншаклии биологӣ барои солҳои 2011-2020 муқаррар гардидаанд |
15.a Фаъол намудан ва бештар афзун намудани захираҳои молиявӣ аз тамоми сарчашмаҳо бо ҳадафи ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ ва экосистемаҳо |
15.a.1 Ҳаҷми кумаки расмӣ бо мақсади рушд ва воситаҳои давлатӣ, ки барои нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ ва экосистемаҳо ҷудо карда мешаванд |
15.b Мутаҳаррик намудани захираҳо аз тамоми сарчашмаҳо ва дар ҳама сатҳҳо барои маблағгузории истифодаи оқилонаи ҷангал ва ба кишварҳои дар ҳоли рушд додани ангезаҳо барои истифодаи чунин равишҳои идоракунӣ, аз ҷумла бо ҳадафи ҳифз ва барқарорсозии ҷангалҳо |
15.b.1 Ҳаҷми кумаки расмӣ бо ҳадафҳои рушд ва воситаҳои давлатӣ, ки барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ ва экосистемаҳо ҷудо мешаванд |
15.c Фаъол намудани талошҳои глобалӣ дар мубориза бо қочоқ ва шикори ғайриқонунии намудҳои муҳофизатшаванда, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани имкониятҳои аҳолии маҳаллӣ барои дарёфти воситаҳои зиндагӣ бо роҳи аз диди экологӣ бехатар |
15.c.1 Ҳиссаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки мавриди қочоқ ва шикори ғайриқонунӣ қарор мегиранд, дар байни намудҳое, ки савдо мешаванд |
Ҳадафи 16. Мусоидат ба сохтани ҷомеаи сулҳпарвар ва кушод бо мақсади рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ барои ҳамагон ва сохтани муассисаҳои самаранок, ҳисоботдеҳ ва фарогири иштироки васеъ дар тамоми сатҳҳо |
|
16.1 Бештар кам намудани паҳншавии тамоми шаклҳои зӯроварӣ ва кам намудани нишондиҳандаҳои муриш аз ин падида дар тамоми ҷаҳон |
16.1.1 Шумораи қурбониёни кушторҳои барқасдона ба 100 000 инсон аз рӯи синну сол ва ҷинс |
16.1.2 Шумораи маргҳои алоқаманд бо муноқишаҳо ба 100 000 одам (аз рӯи синну сол, ҷинс ва сабаб) |
|
16.1.3 Ҳиссаи аҳолӣ, ки дар 12 моҳи охир мавриди зӯроварии a) ҷисмонӣ, b) равонӣ ва c) шаҳвонӣ қарор гирифтаанд |
|
16.1.4 Ҳиссаи одамоне, ки худро дар вақти танҳо рафтан дар ноҳияи худ дар бехатарӣ эҳсос мекунанд |
|
16.2 Хотима бахшидан ба таҳқир, истисмор, савдо ва тамоми намуди зӯроварӣ ва шиканҷа нисбати кӯдакон |
16.2.1 Ҳиссаи кӯдакони аз 1 то 17 сола, ки дар моҳи охир мавриди ягон зӯроварии ҷисмонӣ/таҷовузи равонӣ аз ҷониби бониёни худ қарор гирифтаанд |
16.2.2 Шумораи қурбониёни одамфурӯшӣ ба 100 000 одам аз рӯи синну сол, ҷинс ва шакли истисмор |
|
16.2.3 Ҳиссаи занон ва мардони ҷавони аз 18 то 24 сола, и то 18 солагӣ мавриди таҷовузи шаҳвонӣ қарор гирифтаанд |
|
16.3 Мусоидат намудан ба авлавияти ҳуқуқ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ,таъмини дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ барои ҳамагон |
16.3.1 Ҳиссаи қурбониёни зӯроварӣ, ки дар 12 моҳи охир ба мақомоти дахлдор ва дигар механизмҳои расмии танзими муноқишаҳо шикоят бурдаанд |
16.3.2 Ҳиссаи шахсони то баровардани ҳукм дар маҳкама буда, дар шумораи умумии шахсони дар маҳкама нигаҳдоришаванда |
|
16.4 То соли 2030 бештар кам намудани ҷараёнҳои ғайриқонунии молиявӣ ва ҷараёни паҳнсозии яроқ, фаъол намудани фаъолияти пайдосозӣ ва бозгардонидани активҳои дуздидашуда ва мубориза бурдан бо тамоми намудҳои ҷинояткории муташаккилона |
16.4.1 Ҳаҷми умумии ҷараёнҳои содиротиву воридотии ғайриқонунӣ (дар доллари ИМА бо нархҳои ҷорӣ) |
16.4.2 Ҳиссаи яроқи мусодирашуда, пайдокардашуда ва супоридашудаи аслашон номуайян ва ё ҳолати дастрас намуданашон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тибқи санадҳои байналмилалӣ дунболагирӣ ва муқаррар гардидааст |
|
16.5 Ба таври назаррас кам кардани доираи фасодкорӣ ва порахӯрӣ дар тамоми шаклҳояш |
16.5.1 Ҳиссаи шахсоне, ки дар 12 моҳи гузашта ҳадди ақал бо шахси вазифадори давлатӣ алоқа доштаанд ва ба шахси мансабдори давлатӣ пора додаанд ва ё аз онҳо шахси мансабдори давлатӣ пора талаб намудааст |
16.5.2 Ҳиссаи ширкатҳои тиҷорие, ки дар 12 моҳи гузашта ҳадди ақал бо шахси вазифадори давлатӣ алоқа доштаанд ва ба шахси мансабдори давлатӣ пора додаанд ва ё аз онҳо шахси мансабдори давлатӣ пора талаб намудааст |
|
16.6 Ташкил додани муассисаҳои самаранок, ҳисоботдеҳ ва шаффоф дар тамоми сатҳҳо |
16.6.1 Хароҷотҳои ибтидоии давлат дар таносуби фоизӣ ба буҷаи дар оғоз тасдиқгардида аз рӯи бахшҳо (аз рӯи рамзи синфбандии буҷавӣ ва ё категорияҳои монанд) |
16.6.2 Ҳиссаи аҳолие, ки аз таҷрибаи охирини истифодабарии хизматрасониҳои давлатӣ розӣ ҳастанд |
|
16.7 Таъмини қарорқабулкунии масъулиятноки мақомоти намояндагӣ дар тамоми сатҳҳо бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа |
16.7.1 Ҳиссаи мансабҳо (аз рӯи синну сол, ҷинс, нишонаи маъюбӣ) дар муассисаҳои давлатӣ (маҷлисҳои миллӣ ва маҳаллии қонунгузорӣ ва мақомоти додгоҳӣ) дар муқоиса бо тақсимоти миллӣ |
16.7.2 Ҳиссаи аҳолие, ки раванди қабули қарорҳоро фарогир ва амалиётӣ меҳисобад, аз рӯи ҷинс, синну сол, нишонаи маъюбӣ ва гуруҳи аҳолӣ |
|
16.8 Васеъ намудан ва фаъол намудани ширкати кишварҳои дар ҳоли рушд дар фаъолияти мақомоти танзими глобалӣ |
16.8.1 Ҳиссаи кишварҳои дар ҳоли рушд дар ҳайати аъзои созмонҳои байналмилаӣ ва миқдори хоси овозҳои онҳо |
16.9 То соли 2030 таъмин намудани шаҳодатномаҳои қонунии тасдиқунандаи шахсият, аз ҷумла шаҳодатнома дар бораи таваллуд |
16.9.1 Ҳиссаи кӯдакони то панҷсола, ки таваллуди онҳо дар мақомоти шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи синну сол |
16.10 Таъмин намудани дастрасии ҷомеа ба иттилоот ва ҳифзи озодиҳои асосӣ тибқи қонунгузории миллӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ |
16.10.1 Шумораи ҳодисаҳои тасдиқгардидаи куштор, рабудан, нопайдошавии зӯроварона, нигаҳдории худсарона ва шиканҷаи рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони иттифоқҳои касаба ва ҳомиёни ҳуқуқ дар 12 моҳи охир |
16.10.2 Шумораи кишварҳое, ки дар онҳо кафолатҳои конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ё сиёсии дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот қабул шудаанд ва амал мекунанд |
|
16.a Мустаҳкам намудани муассисаҳои зарурии миллӣ, аз ҷумла тавассути ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи афзун намудани иқтидори пешгирии зӯроварӣ ва мубориза бо терроризм ва ҷинояткорӣ дар тамоми сатҳҳо |
16.a.1 Мавҷудияти ниҳодҳои миллии ҳомии ҳуқуқ, ки дар асоси Қоидаҳои Париж амал мекунанд |
16.b Ҳавасманд гардонидан ва ҷорӣ намудани қонунҳо ва сиёсати ғайритабъизӣ бо ҳадафи рушди устувор |
16.b.1 Ҳиссаи одамоне, ки дар 12 моҳи охир аз падидаҳои табъиз ва ё таъқиб дар асоси табъизи мамнуъшуда тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ хабар додаанд |
Ҳадафи 17. Мустаҳкам намудани воситаҳои амалисозӣ ва фаъолгардонии корҳо дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории глобалӣ ба манфиати рушди устувор |
|
Маблағгузорӣ |
|
17.1 Пурзӯр намудани муутаҳарриксозии захираҳо аз сарчашмаҳои дохилӣ, аз он ҷумла тавассути кумаки байналмилалӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои баланд бардоштани имкониятҳои миллии ҷамъ овардани андозҳо ва дигар даромадҳо |
17.1.1 Ҳаҷми умумии даромадҳои давлатӣ дар таносуби фоизӣ ба ММД аз рӯи сарчашмаҳо |
17.1.2 Ҳиссаи буҷаи миллӣ, ки аз ҳисоби андозҳои дохилӣ маблағгузорӣ мешавад |
|
17.2 Таъмин намудани он, ки кишарҳои мутараққӣ уҳдадории худро доир ба расонидани кумакҳо ба ҳадафи рушд пурра иҷро намоянд, аз ҷумла уҳдадории ба худ гирифтаи бисёр кишварҳо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои ҳадафии ҷудо намудани воситаҳо барои рушд ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар сатҳи 0.7 фоизи даромади холиси миллӣ (ДХМ) ва ҷудо намудани кумаки расмӣ барои рушд ба кишварҳои кам рушднамуда дар сатҳи 0.15-0.20 фоиз аз ДХМ — и худ; ба кишварҳои кумаки расмии барои рушд расонанда пешниҳод карда мешавад, ки масъалаи дар назди худ гузоштаи ҷудо намудани кумаки на камтар аз 0.20 фоиз аз ДМХ — и худро ба кишварҳои дар ҳоли рушд баррасӣ намоянд |
17.2.1 Ҳаҷми холиси кумаки расмӣ ба мақсади рушд (ҳам дар кулл, ва ҳам ба кишварҳои дар ҳоли рушд) дар таносуби фоизи бо даромади холиси дохилии донорҳо — аъзои Кумитаи мусоидат ба рушди ОЭСР |
s17.3 Мутаҳаррик сохтани захираҳои иловагии молиявӣ аз сарчашмаҳои гуногун барои кишварҳои дар ҳоли рушд |
17.3.1 Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ (СМХ), кумаки расмӣ ба ҳадафи рушд ва ҳамкории Ҷануб-Ҷануб дар таносуби фоизӣ ба ҳамбаста |
17.3.2 Ҳаҷми интиқолҳо (бо доллари ИМА) дар таносуби фоизӣ бо ММД |
|
17.4 Расонидани кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд бо ҳадафи таъмини пазириши дарозмуддати сатҳи қарздории онҳо тавассути гузаронидани сиёсати мувофиқашудаи ба ҳавасмандкунӣ равонашуда, вобаста ба ҳолатҳо, маблағгузорӣ аз ҳисоби воситаҳои қарзӣ, осон намудани сарбории қарзӣ ва реструктуризатсияи қарз ва ҳалли масъалаи қарзи берунии кишварҳои қашшоқ бо қарздории калон ба хотири кам кардани сарбории қарзӣ |
17.4.1 Хароҷотҳо барои хизматрасонии қарз дар таносуби фоизӣ бо содироти молҳо ва хизматрасониҳо |
17.5 Қабул ва ба кор бурдани реҷаи ҳавасмандкунии сармоягузориҳо ба манфиати кишварҳои камтар рушднамуда |
17.5.1 Шумораи кишварҳое, ки дар онҳо реҷаи ҳавасмандкунии сармоягузориҳо ба манфиати кишварҳои камтар рушднамуда қабул шудаанд ва амал мекунанд |
Технологияҳо |
|
17.6 Васеъ намудани ҳамкорӣ дар хати Шимол-Ҷануб ва Ҷануб-Ҷануб, ҳамчунин ҳамкории сеҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи илм, техника ва навоварӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои зарурӣ; фаъол намудани табодули донишҳо бо шартҳои мувофиқашуда, аз ҷумла тавассути беҳтар сохтани ҳамкорӣ байни механизмҳои мавҷуда, хусусан дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин бо ёрии механизми глобалии мусоидат ба додани технологияҳо |
17.6.1 Шумораи соглашений и программ научного и/или технического сотрудничества между кишварҳоами в разбивке по видам сотрудничества |
17.6.2 Шумораи муштариёни статсионарии Интернети васеъхат аз рӯи суръат |
|
17.7 Мусоидат ба коркард, интиқол ва паҳнсозӣ ва азхудкунии технологияҳои экологии бехатар, ҳамон гунае, ки онҳоро кишварҳои дар ҳоли рушд бо шартҳои мувофиқашудаи мусоид, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок истифода баранд |
17.7.1 Маблағи умумии маблағгузории тасдиқгардида ба кишварҳои дар ҳоли рушд бо ҳадафи мусоидат ба коркард, интиқол, паҳнсозӣ ва азхудунии технологияҳои экологии бехатар |
17.8 То соли 2017 таъмин намудани амалкарди пурраи бонки технологияҳо ва механизми рушди илм, технологияҳо ва навовариҳо ба манфиати кишварҳои кам рушд намуда ва васеъ намудани истифодаи технологияҳои самаранокиашон баланд, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ |
17.8.1 Ҳиссаи аҳолии истифодабарандаи Интернет |
Афзун намудани иқтидор |
|
17.9 Пурзӯр сохтани кумаки байналмиалии афзунсозии самаранок ва ҳадафмандонаи иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд барои мусоидат ба амалисозии нақшаҳои миллии ноил шудани ба ҳама ҳадафҳо дар соҳаи рушди устувор, аз он ҷумла тавассути ҳамкорӣ дар хати Шимол-Ҷануб ва Ҷануб-Ҷануб ва ҳамкориҳои сеҷониба |
17.9.1 Ҳаҷми долларии кумаки молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд (аз ҷумла дар хати Шимол-Ҷануб ва Ҷануб-Ҷануб ва дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои сеҷониба) |
Савдо |
|
17.10 Ҳавасманд намудани системаи савдои чандинҷонибаи одилона, универсалӣ, қоидавӣ ва ғайритабъизӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҷаҳонии Савдо, аз ҷумла тавассути ба охир расонидани гуфтушунидҳо аз рӯи Рӯзномаи доҳагии он дар соҳаи рушд |
17.10.1 Сатҳи ҷаҳонии миёнаи тарофаҳо |
17.11 Ҳарчӣ бештар афзун намудани содироти кишварҳои дар ҳоли рушд, махсусан бо Ҳадафи дучандгардонии ҳиссаи кишварҳои кам рушднамуда дар содироти ҷаҳонӣ то соли 2020 |
17.11.1 Ҳиссаи кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои кам рушднамуда дар содироти ҷаҳонӣ |
17.12 Таъмин намудани пешкашсозии саривақтии дастрасии квотанашавандаи барои тамоми кишварҳои кам рушднамуда дар асоси дарозмуддат ба бозор тибқи қарорҳои Созмони Ҷаҳонии Савдо, аз ҷумла бо роҳи таъмини шаффофсозӣ ва соддасозии қоидаҳои имтиёзии аслӣ нисбати молҳое, ки аз кишварҳои кам рушднамуда содир мешаванд |
17.12.1 Сатҳи миёнаи тарофаҳои дар муносибатҳои кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд истифодашаванда |
Масъалаҳои системавӣ |
|
Пайдарҳамии сиёсат ва фаъолияти муассисаҳо |
|
17.13 Баланд бардоштани муътадилии мароиқтисодӣ, аз ҷумла тавассути ҳамоҳангсозии сиёсат ва таъмини пайдарҳамии сиёсат |
17.13.1 Бастаи ягонаи нишондҳандаҳои назоратии макроиқтисодӣ |
17.14 Сиёсати таъмини рушди устуворро бештар пайдарҳам кунонидан |
17.14.1 Шумораи кишварҳое, ки дар онҳо механизмҳои баланд бадоштани мувофиқасозии сиёсат дар соҳаи рушди устувор ба вууд оварда шудаанд |
17.15 Эҳтиром намудани фазои мавҷуда барои тарфанди (тактикаи) стратегӣ дар ҳар кишвар ва нақши пешбарандаи он дар коркард ва дар ҳаёт татбиқсозии сиёсати аз байн бурдани қашшоқӣ ва сиёсат дар соҳаи рушди устувор |
17.15.1 Масоҳати истифодабарии номгӯи натиҷаҳо ва асбобҳои нақшакашии тартибдодаи кишварҳо аз ҷониби иштироккунандагони раванди ҳамкорӣ бо ҳадафи рушд |
Ҳамшарикӣ бо иштирои бисёр кишварҳои манфиатдор |
|
17.16 Мустаҳкам сохтани Ҳамшарикии глобалӣ ба манфиати рушди устувор, ки бо ҳамшарикии бисёр кишварҳои манфиатдор илова мегардад, ки донишҳо, таҷриба, технология ва захираҳои молиявиро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор паҳн ва мутаҳаррик месозанд, махсусан дар кишварҳои дар ҳоли рушд |
17.16.1 Шумораи кишварҳое, ки дар бораи пешрафт дар кори истифодабарии механизмҳои назорат бар болои самаранокии рушд бо иштироки бисёр тарафҳои манфиатдор, ки ҳамчун раҳнамо барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор хизмат менамояд |
17.17 Ҳавасмандгардонӣ ва барангехтани ҳамкории байни созмонҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ва байни ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо такя ба таҷриба ва стратегии истифодаи захираҳои шарикон |
17.17.1 Маблағи ҷудошаванда (дар доллари ИМА) барои а) ҳамшарикии давлатӣ-хусусӣ ва b) ҳамшарикии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ |
Додашудаҳо, мониторинг ва ҳисобот |
|
17.18 То соли 2020 пурзӯр намудани кумак бо мақсадҳои афзун намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла кишварҳои кам рушднамуда ва кишварҳои хурди ҷазиравии дар ҳоли рушд, бо бештар баланд бардоштани дастрасии додашудаҳои баландсифат, дуруст ва саҳеҳ доир ба сатҳи даромадҳо, мансубияти ҷинсӣ, синну сол, нажод, миллат, мақоми муҳоҷирӣ, маъюбӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ ва дигар хусусиятҳои бо назардошти шароити миллии муҳим |
17.18.1 Ҳиссаи нишондиҳандаҳои рушди устувори дар сатҳи миллӣ коркардшуда бо таҷзияи пурра аз рӯи нишонаҳои мувофиқ тибқи Принсипҳои асосии омори расмӣ |
17.18.2 Шумораи кишварҳое, ки қонунгузории миллии омории мувофиқ ба Принсипҳои асосии омори расмӣ доранд |
|
17.18.3 Шумораи кишварҳое, нақшаи пурра маблағгузоришаванда ва амалишавандаи оморӣ доранд, аз рӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ |
|
17.19 То соли 2030, бо такя ба ташаббусҳои кунунӣ дар илова ба нишондиҳандаҳои ММД ва дигар нишондиҳандаҳои ченкунии рушд дар кори таъмини рушди устувор коркард намудан ва мусоидат намудан ба афзун намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар соҳаи омор |
17.19.1 Арзиши долларии тамоми захираҳои ҷудошуда барои афзунсозии иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар соҳаи омор |
17.19.2 Ҳиссаи кишварҳое, ки a) ҳади ақал дар давоми 10 соли охир рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилиро гузаронидаанд; ва b) ба ҳадафҳои бақайдгирии таваллуд дар 100 фоизи ҳодисаҳо ва бақайдгирии муриш дар 80 фоизи ҳодисаҳо расидаанд |