Дар байни кафедраҳои Донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки ба хатмкунандагон маълумоти дуюм — афсари қувваҳои мусаллаҳи ҶТ медиҳад.
Оғози қабул ба кафедраи ҳарбӣ аз соли 1956 мувофиқи қонуни ИҶШС “ Дар бораи уҳдадоиҳои ҳарбӣ” ва “Низомномаи тайёрии ҳарбии донишҷуён” дар ДПТ дар қатори дигар фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Самти асосии тайёр кардани афсарон — ин тайёр кардани командирони взводҳои тирпарронӣ буд. Солҳои зиёд дар кафедра афсарони пуртаҷрибаи ҳарбӣ ифои вазифа намудаанд, аз ҷумла полковник Бондарь А.Г., Боженко В.И., Бестужев Б.Н., Кириченко А.А., Колесов М.М., Нарчинский Г.М., Столица С., Суслов Н.А., подполковникҳо: Дашевский И.М., Гилевич Ю.С., Логутиов С.М., Федюшкин Н.М, Фабриков В.М., Попугаев В., Спивак К.М. ва дигарон.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҶТ ва ташкили Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ дар назди аҳли кафедраи ҳарбии Донишгоҳ боз вазифаҳои наваро вогузор намуд.
Хатмкардагони зиёди кафедра ҳарбиёни соҳибтаҷриба гардида, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имрӯз софдилона ифои вазифа намуда, ҳифзи мудофиавии мамлакатро таъмин менамоянд.
Дар сохтори кафедра се марҳилати таълимӣ барои таёнр намудани афсарони Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ аз руи ихтисоси ҳарбӣ амал мекунад, инҳо тайёрии ҷангии қисму ҷузъҳои артилерӣ ва миномётҳо мебошад.
Кафедра дар бинои алоҳида фаъолият намуда, дорои 8 синфхона- озмоишгоҳи муҷаҳҳаз мебошад.
Кафедра аз соли 1993 то имрӯз зиёда аз 12000 афсар барои қувваҳои мусаллаҳи ҶТ омода намудааст.
Ҳайати устодону кормандони кафедра бо истиқбол аз 60 солагии таъсиёбии ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ боз бо нерӯву қувваи нав фаъолият карда, сифату таълиму тадрисро баланд намуда, дар тайёр намудани афсарони соҳибмаълумот барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.