Давлатзода Қудрат Қамбар
ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

      5 апрели соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори            илмҳои иқтисодӣ, профессор.

      Солҳои 1990-1995 Донишкадаи химикию технологии Қазоқистонро хатм намуда, аз соли 1995 то 1998 дар
      кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ ба ҳайси ассистент кору фаъолият
      намудааст.

      Солҳои 1998-2000 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия ва аз                            соли 2000 то 2004 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва                идора фаъолияташро идома додааст.

      Солҳои 2004-2008 ҳамчун ходими калони илмии ДМТ ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии                      Воронежи ФР ба шумор мерафт.

      Солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва                    савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то соли 2012 дар вазифаҳои сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи                  истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати                      Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Россияву              Тоҷикистон кор кардааст.

      Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмиллӣ ва аз 2013 то 2017 дар                    вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ фаъолияташро идома додаааст.

      Аз соли 2017 то январи соли 2018 ба ҳайси ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият              намудааст.

      Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018 директори Агентии стандартизатся,              метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида,                      то соли 2020 дар ин вазифа кор кардааст.

      20 ноябри соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба            номи академик М.С.Осимӣ таъин гардид.

Маҳмадизода М.М.
 
 
 
 
 
Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ
муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
HSNV8119
 
 
 
 
 
     
Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек
муовини ректор оид ба илм ва инноватсия равобити хориҷӣ,
номзади илмҳои  техникӣ, дотсент
HSNV8303
 
 
 
  

 

Ашӯрзода Ашӯр Нурулло

муовини ректор оид ба корҳои ташкилӣ-тарбиявӣ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
шшшш (2)
 
   
 
 
 
 
 
Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло
муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
номзади илмҳои  техникӣ, дотсент
SharipovSh
 
   
 
 
 
 
 
   
 
Шарипов Шуҳрат Қурбонович
муовини ректор оид масъалаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ,
номзади илмҳои  техникӣ, дотсент