Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Саидзода Раҳимҷон Ҳамро 7 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1986-1993 дар факултети автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ) таҳсил намудааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987-1989 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (ш.Горкий, Федератсияи Россия) хизмати ҳарбӣ намудааст.
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 дар кафедраи «Бехатари фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳайси ассистент оғоз намуда, баъдан дар вазифаи муаллими калон ва дотсент идома додааст. Аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2003 дар вазифаи сардори сектори илмӣ-тадқиқотӣ, солҳои 2003-2005 мудири кафедраи «Бехатари фаъолияти инсон ва экология», солҳои 2004-2005 ноиби ректори донишгоҳи мазкур оид ба тарбия ва солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи июни соли 2009 фаъолияташро дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввал ба ҳайси сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ оғоз намуда, аз соли 2010 ба ҳайси муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф идома додааст.
Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи феврали соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2017 бо тариқи гузариш дар вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2017 то ҳол дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад.
Саидзода Р.Ҳ. соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзўи «Хўлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе металлҳои нодирзаминӣ» барои дараҷаи номзади илмҳои техникӣ ва соли 2017 рисолаи илмии докториашро дар мавзўи «Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хўлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ» барои дараҷаи доктори илмҳои техникӣ ҳимоя намудааст.
Зери роҳбарии ў ду нафар рисолаи номзади илмҳо (2015, 2017) ҳимоя намудаанд. Муаллифи се монография ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ-методӣ буда, дорои се ихтироот-нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011, 2013, 2015) мебошад.
Мушовири хизмати давлатии дараҷаи якум.
Меҳнати бисёрсола ва пурсамари Раҳимҷон Саидзода бо мукофотҳои гуногун қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумлаи онҳо: Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1999), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) мебошанд.