Шуъбаи дуюми ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ  дар асоси фармони Вазорати мактабхои олӣ ва миёнаи махсус, тахти — №34-Т аз 29. 02. 1980 дар хайати 4 нафар таъсис дода шудааст:

Шуъба зертобеъи  ректори  Донишгох  буда, таҳти роҳбарии ӯ фаъолият мекунад.

Вазифаҳои асосии шуъба:

Пешбурди кор оиди сафарбаркунии низомӣ, ташкили ҳамкорихо  бо дигар сардорони  воҳидҳои сохторӣ,  ҳуҷҷатҳои нақшаи сафарбаркунӣ оиди раванди таълим ва татбиқи  илмӣ-тадқиқотии корҳои мудофиавӣ:

-Ҷудо намудани қувваҳои захиравии ҳарбӣ, мутобиқи талаботи дастурамали хизмати харбӣ, барои дар як давра ҷалб намудани қувваҳои захиравӣ дар ҳолатҳои сафарбаркунии харбӣ;

-Пешбурди кори бақайдгирии зарурӣ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба омодагии сафарбаркунӣ;

Дар раванди иҷрои чорабиниҳо оиди бақайдгирии харбӣ,  шуъба вазифаҳои зеринро ба зимма дорад:

-Санҷиши мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳарбии кормандони нав ба кор омада, дар қайди ҳарбӣ будан ва ба расмият даровардани қайди ҷои истиқомат  дар ш. Душанбе ё ин, ки дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат;

— Фавран ба комиссариатҳои ҳарбӣ  равона намудани шахсони таъминнабуда бо хуҷҷатҳои ҳарбӣ  ва ё дар қайди ҳарбӣ  набуда, барои дастрасии  ҳуҷҷатҳои дахлдор;

— Саривақт дар варақаи шахсии ӯхдадорандагони ҳарбӣ  ва даъватшавандагон ба хизмати харбӣ,  ворид намудани маълумот оиди тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, суроға, суроғаи зист, маълумот, ихтисос ва вазифа;

— Тафтишот оиди он, ки ӯҳдадорандагони ҳарбӣ  ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар муддати  7 рӯз аз тағйиротҳои  воридшуда сохторҳои бақайдгириеро, ки онҳо дар қайд истодаанд, огоҳ созанд;

— На камтар аз як маротиба дар як сол муқоиса намудани варақаи шахсии ӯхдадорандагони ҳарбӣ бо билети ҳарбии онхо ва қайд намудани ин нишондод дар тарафи пеши варақаи шахсӣ;

— Мунтазам гузаронидани  корҳои васеъи фаҳмондадихӣ байни ӯхдадорандагони ҳарбӣ  ва даъватшавандагон ба хизмати харбӣ, оиди саркашӣ нанамудани онҳо аз риояи қонуни ҶТ дар бораи ӯхдадориҳои умумии  харбӣ

-Пешниҳоди ҳамасолаи рӯйхати ҷавонони синну соли мувофиқ ба даъвати ҳарбидошта ба комиссариятҳои ҳарбии ноҳиявӣ дар давраҳои муайян.

— Пешниходи саривақтии маълумот ба комиссариятҳои ҳарбии ноҳиявии ҷои истиқомат, оиди даъватшавандагони аз Донишгоҳ  хоричшуда, дар рухсатии академибуда, дар курсашон монондашуда, ба шуъбаи ғоибона интиқолшуда ва инчунин маҳрумшудагон аз ҳуқуқи озод будан аз даъвати харбӣ бо дигар сабабҳо ва инчунин оиди барқарор шудани онҳо ба сафи донишҷуён ва бозгашти онҳо аз рухсатии академӣ.

— Ҳамасола моҳҳои октябр – ноябр ба даъватшавандагони бо сабаби давом додани таҳсил аз даъвати харбӣ озодбуда,  додани маълумотномаи шакли 26

Бо мақсади иҷрои босифати вазифаҳои дар боло зикргардида, шуъба чорабиниҳои зеринро мегузаронад:

Аз қайдгузаронии фармонҳои аз шуъбаи кадрҳои Донишгоҳ пешниҳодгардида,  оиди  ҳайати донишҷуён;

Бақайдгирии варақаҳои гузариши донишҷуёни аз Донишгоҳ  хориҷшуда;

Маърузаи ҳарсола дар маҷлиси Раёсати Донишгоҳ оиди ҳолати кор дар шуъба.

vtoroy-otdel1