
Қ
д
+(992)-
Дар тулӣ солҳои сипаригашта, дар факултет зиёда аз 10000 муҳандис-сохтмончиён, 2500 меъморон омода гардида, зиёда аз 65 нафар докторон ва номзадони илм тайёр карда шудааст, ки дар таъмини рушди комплекси сохтмонии ҷумҳурӣ ва раванди таълиму тарбия, саҳми арзанда мегузоранд. Дар факултет 9 кафедраи ихтисосӣ ва 1 кафедраи умумитехникӣ амал мекунад, ки бо таҷҳизотҳои муосир, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва синфхонаҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, аз он ҷумла:
- Кафедраи «Меъморӣ ва дизайн»
- Кафедраи «Меъмории биноҳо ва иншоот»
- Кафедраи «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ»
- Кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ»
- Кафедраи «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон»
- Кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот»
- Кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо»
- Кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ»
- Кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон»
Шакли асосии омодасозии мутахассисон таҳсили шӯъбаи рӯзона ба ҳисоб меравад. Зиёда аз ин, дар факултет ба тариқи шӯъбаи ғоибона ва таҳсили маълумоти дуюм низ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ва аз рӯи ҳоҳишашон маълумоти олии сохтмониро соҳиб шаванд. Ҳамасола ба ихтисосҳои факултет қабули донишҷӯён зиёд мегардад.
Ҳоло дар факултет аз рӯи шакли рӯзона ва ғоибона зиёда аз 2100 донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар 9 кафедраи факултет зиёда аз 100 устодон фаъолият менамоянд, аз он ҷумла 3 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи Академияи сохтмон ва меъморӣ, 2 нафар узви вобастаи Академияи муҳандисӣ, 3 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар докторони илм, 35 нафар дотсентон, номзадони илм, фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Кафедраҳои факултет бо муассисаҳои олии соҳаи сохтмон ва меъморӣ аз қабили:
- Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва
- Донишкадаи меъмории Москва (Академияи меъморӣ)
- Донишгоҳи давлатии кӯҳии Москва
- инчунин донишгоҳҳои марбутаи ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон
ҳамкориҳо ва робитаҳои зич дорад.