Факултети Сохтмон ва меъморӣ – яке аз факултетҳои аввалин ва калонтарини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба ҳисоб рафта, дар давоми қариб 60 сол мутахассисони соҳаи меъморию сохтмониро барои таъмини эҳтиёҷоти комплекси сохтмонии кишвари азизамон тайёр менамояд. Имрӯз факултет омодасозии мутахассисони дипломдори соҳаи васеъро дар самти меъморӣ ва дизайн, сохтмони шаҳрвандиву саноатӣ, инчунин сохтмони шахтаҳо ва иншоотҳои зеризаминиро аз рӯи 11 ихтисос ба роҳ мондааст: меъморӣ, дизайни муҳити меъморӣ; сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;  лоиҳакашии биноҳо ва иншоот; сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ; ташхис ва идораи амволи ғайриманқул;  системаҳои таъмини об ва обпартовҳо;  истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ; системаҳои таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ,  геодезия ва харитасозӣ; иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон), идоракунии мунисипалӣ. Дар тулӣ солҳои сипаригашта, дар факултет зиёда аз 10000 муҳандис-сохтмончиён, 2500 меъморон омода гардида, зиёда аз 65 нафар докторон ва номзадони илм тайёр карда шудааст, ки дар таъмини рушди комплекси сохтмонии ҷумҳурӣ ва раванди таълиму тарбия, саҳми арзанда мегузоранд. Дар факултет 9 кафедраи ихтисосӣ ва 1 кафедраи умумитехникӣ амал мекунад, ки бо таҷҳизотҳои муосир, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва синфхонаҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, аз он ҷумла:

  1. Кафедраи «Меъморӣ ва дизайн»
  2. Кафедраи «Меъмории биноҳо ва иншоот»
  3. Кафедраи «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ»
  4. Кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ»
  5. Кафедраи «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон»
  6. Кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот»
  7. Кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо»
  8. Кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ»
  9. Кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон»

Шакли асосии омодасозии мутахассисон таҳсили шӯъбаи рӯзона ба ҳисоб меравад. Зиёда аз ин, дар факултет ба тариқи шӯъбаи ғоибона ва таҳсили маълумоти дуюм низ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ва аз рӯи ҳоҳишашон маълумоти олии сохтмониро соҳиб шаванд. Ҳамасола ба ихтисосҳои факултет қабули донишҷӯён зиёд мегардад. Ҳоло дар факултет аз рӯи шакли рӯзона ва ғоибона зиёда аз 2100 донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар 9 кафедраи факултет зиёда аз 100 устодон фаъолият менамоянд, аз он ҷумла 3 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи Академияи сохтмон ва меъморӣ, 2 нафар узви вобастаи Академияи муҳандисӣ, 3 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар докторони илм, 35 нафар дотсентон, номзадони илм, фаъолияти меҳнатӣ доранд.

Кафедраҳои факултет бо муассисаҳои олии соҳаи сохтмон ва меъморӣ аз қабили:

  • Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва
  • Донишкадаи меъмории Москва (Академияи меъморӣ)
  • Донишгоҳи давлатии кӯҳии Москва
  • инчунин донишгоҳҳои марбутаи ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон

ҳамкориҳо ва робитаҳои зич дорад. Дар қатори омодасозии мутахассисони муҳандисию сохтмонӣ аз ҷониби коллективи факултет ҳамкориҳои муфиди бисёрҷониба бо ташкилоту муассисаҳои сохтмонии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, факултет дар эҳё ва рушди комплекси сохтмонии мамлакат бо татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ ва технология бо назардошти ҳалли проблемаҳои экологӣ, таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, меъёрию техникӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, саҳмгузор мебошад. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар факултет аз рӯи самтҳои зерин ба роҳ монда шудааст: Таҳқиқ, лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ва комплекси онҳо дар шароити минтақавии мамлакат;  Таҳқиқи усулҳои самараноки омодасозии асосҳо ва сохти таҳкурсиҳо дар зардхокҳои обгузару фурӯраванда ва ҳудуди бо релефи мураккаб бо назардошти минтақаи зилзила; Мукаммалсозии системаи обтаъминкунии дохилӣ, тозакунии обҳои маишӣ ва саноатӣ ва коркарди таҳшинҳои об; Таҳқиқ ва корҳои конструктивӣ оид ба коркард ва татбиқи технологияи энергиясарфакунанда ва ҳифзи муҳити зист; Таҳқиқ дар самти коркарди захираҳои дуюмдараҷаи энергетикӣ, намудҳои алтернативии истеҳсоли энергияи гармӣ;  Таҳқиқи мукаммалсозии технологияи истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, маводҳо ва конструксияҳо ва тавсифи физикию механикии онҳо; Таҳлил ва баҳодиҳии вазъи рушди бозори маводҳои сохтмонӣ.

Ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ донишҷӯён низ ҷалб карда мешаванд. Дар факултет корхонаи илмию истеҳсолии «АРК-Т» амал мекунад, ки дар он донишҷӯён ва устодон фаъолона иштирок менамоянд. Натиҷаи фаъолияти корхона дар кори конференсияҳо, семинарҳо, озмунҳои дохилию хориҷӣ пайваста, пешниҳод мегарданд. Инчунин устодон ва кормандони факултет бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ, аз қабили ширкатҳои KNAUF, GRUNDFOS ва ташкилотҳои байналмилалии «USAID», «UNESCO» ва ғайраҳо, ҳамкориҳоро мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.